Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ҶАМЪОМАДИ НАВБАТӢ БО ҲАЙАТҲОИ РОҲБАРИВУ ФАРМОНДЕҲӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
17.01.2023
in Хабар
0
ҶАМЪОМАДИ НАВБАТӢ БО ҲАЙАТҲОИ РОҲБАРИВУ ФАРМОНДЕҲӢ
0
SHARES
168
VIEWS
Share on Facebook

Аз аввали моҳи январи соли равон дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даври омӯзишӣ ҷараён дошта, бештари барномаҳои таълимиро нақша-чорабиниҳои тайёрии ҷангӣ дар бар мегирад. Вобаста ба ин, дар машқгоҳи ҳарбии “Фахробод”-и вилояти Хатлон, бо мақсади тақвият бахшидани маҳорату малакаи касбӣ ва сайқали таҷрибаи ҳайати шахсӣ, бо ҷалби хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногуни Артиши миллӣ дарсу машғулиятҳои мухталифи амалии саҳроӣ ташкилу ба роҳ монда шуданд.

Мавриди зикр аст, ки ҳамасола дар доираи оғози давраҳои омӯзишӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ва мутобиқи Нақшаи маҷмӯи ягонаи Вазорати мудофиа бо ҷалби ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии сатҳу зинаҳои гуногуни ин ниҳоди қудратӣ ҷамъомад ё худ машғулиятҳои методӣ-таълимӣ ташкилу ба роҳ монда мешаванд.

Бояд қайд кард, ки ҳадафи баргузории ҷамъомади методӣ-таълимӣ ин пеш аз ҳама зимни пешбурди вазифаҳои хизматӣ дар амал нишон додани роҳу усулҳои нави омӯзишӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ, сайқали донишу малака, табодули таҷрибаомӯзӣ аз ҳамдигар ва баланд бардоштани масъулияти иштирокчиёни онро дар замони осоишта ва ҳолати ҷанг дар бар мегирифт.

Яъне, мароми асосӣ ин ташаккул додани назару муносибати ягона ба масоили омодагии ҷангӣ, ташкили хидмати дохилии қӯшунҳо, мувофиқ намудани ҳудуди тамоми шаҳракҳои ҳарбӣ, толору майдончаҳои варзишӣ ва дигар мавзеъу нуқтаҳои таълимии афсарону сарбозон ба талаботи ойинномаҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мутобиқ ба пешравиҳои ҷомеаи муосир мебошад.

Аз ин хотир, дар чунин ҷамъомаду машғулиятҳои назариявию амалии саҳроӣ, роҳу усулҳои омодагии сафарбарӣ ва марҳилаҳои тайёрӣ ба он, тарзи идора намудани ҷузъу том дар маҳалли амалиёт, мутобиқ намудани вазъи рӯҳию равонии ҷанговарон ҳангоми набард, омӯзишу аз бар намудани мавзеъу минтақаи ҷуғрофӣ, тартиби бурдани хизмати қаровулӣ, ҷобаҷогузории наряди шабонарӯзӣ, роҳандозӣ намудани тадбирҳои муҳим дар самти ҳимояи шаҳрчаҳои ҳарбӣ ва дигар мавзуоти марбут, ки ба сатҳи омодагии ҳамаҷонибаи низомиён мусоидат мекунад, мавриди омӯзиш қарор дода мешавад.

Иштирокчиёни машғулиятҳои методӣ-таълимӣ давоми рӯз дар машқгоҳи ҳарбии Фахробод ба дарсҳои тайёрии амалиётӣ ва ҷамъиятӣ-давлатӣ фаро гирифта шуданд. Баҳри сайқали донишу малака ва маҳорати касбӣ онҳо аз фанҳои мухталифи низомӣ ва тарбияи ҷисмонӣ санҷиш супориданд.Илова бар ин, қобилияти иштирокчиёни ҷамъомади методӣ-таълимӣ, бо истифода аз силоҳу муҳиммоти ҷангӣ ва аз рӯйи тирпарронӣ мавриди баҳогузорӣ қарор дода шуд.

Бо ҳамин тартиб, машғулиятҳои методӣ-таълимӣ дар толори яке аз қисмҳои низомии тобеи Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ ҷамъбасту натиҷагирӣ карда шуд. Зимни суханронӣ муовинони вазири мудофиа ва масъулини Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, нахуст доир ба дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва оид ба ғамхориҳои пайвастаи Роҳбарияти олии мамлакат нисбат ба низомиён ибрози назар карда, фаъолияти фармондеҳон ва командирони сатҳу зинаҳои гуногуни қисмҳои низомии Вазорати мудофиаро дар самти ҳолати омодабошии ҷангӣ, сатҳи ташкилу баргузории машғулиятҳои ҳарбиву ҷисмонӣ, тақвият бахшидани пойгоҳҳои моддӣ-техникӣ, вазъи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, интизоми ҳарбӣ, таъминоти ақибгоҳӣ, самаранок истифода намудани соатҳои дарсӣ ва дигар паҳлӯҳои пешбурди хизматро дар Артиши миллӣ мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор доданд. Дар робита ба ислоҳи камбудиҳо ва баҳри беҳтар намудани фаъолияти рӯзмарраи  хизмативу майишии афсарону сарбозони ҷузъу том ба масъулини дахлдор супоришҳои мушаххас доданд.

Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,

сардори Маркази матбуоти

Вазорати мудофиаи

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

полковник

Previous Post

ВАЗОРАТИ МУДОФИА ХОҲИШМАНДОНРО БА КОР ДАЪВАТ МЕНАМОЯД!

Next Post

ҶАМЪОМАДИ СОҲАВӢ БО ҶАЛБИ АФСАРОНИ ҶУЗЪУ ТОМИ МУҲАНДИСӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ҶАМЪОМАДИ СОҲАВӢ БО ҶАЛБИ АФСАРОНИ ҶУЗЪУ ТОМИ МУҲАНДИСӢ

ҶАМЪОМАДИ СОҲАВӢ БО ҶАЛБИ АФСАРОНИ ҶУЗЪУ ТОМИ МУҲАНДИСӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

15.05.2025
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

09.05.2025
МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

09.05.2025
СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

08.05.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook