Дар толори Прокуратураи ҳарбии Гарнизони Суғд ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва идоракунии ҳарбии гарнизони Суғд, таҳти роҳбарии раиси шӯро, прокурори ҳарбии гарнизони Суғд, генерал-майори адлия Тоҳирзода Наврӯз баргузор гардид. Дар кори ҷаласа аъзои Шӯро, комиссарони ҳарбӣ, командирони қисмҳои низомии гарнизон, сардорони гузаргоҳи сарҳадӣ ва дигар шахсони дахлдор ширкат варзиданд. Дар ҷаласаи Шӯро санҷиши ҳолати риоя ва иҷрои талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарҳади давлатии ҶТ”, “Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи сарҳади давлатӣ мавриди таҳлилу баррасии иштирокдорон қарор гирифт.
Вобаста ба масъалаи мазкур ва санҷиши гузаронидашуда муовини прокурори ҳарбии Гарнизони Суғд маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Зимнан таъкид гардид, ки ҳифзу ҳимояи сарҳади давлатӣ аз вазифаҳои муҳиму аввалиндарҷаи ҳар як хизматчии ҳарбӣ ба шумор меравад. Имҳрӯзҳо бо талошу заҳматҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми воҳиду сохторҳои Артиши миллӣ шароити замонавӣ барои афсарону аскарон фароҳам гардида, дар навбати худ хизматчиёни ҳарбиро зарур аст ҷиҳати пешбурди бомуваффақи хизмати ҳарбӣ ва ҳимояи марзу буми мамлакат аз худ корнамоиҳои бемисл нишон диҳанд.
Қӯшунҳои сарҳадӣ аз сохторҳои муҳими Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба ҳисоб рафта, дар хатти аввали ҳифзи марзи мамлакат қарор дорад. Риояи ҳатмии оинномаи ҳарбӣ дар зерсохторҳои он, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ ва ифтихору саодатмандӣ аз ин давлату миллат байни хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ кафолати ояндаи дурахшони кишвар аст. Зеро сарчашмаи пешрафту музаффарият аз амну суббот ва мустаҳкамии сарҳади давлатӣ сарчашма мегирад. Аз 21 то 24 июли соли ҷорӣ дар вилоят машқҳои муштараки ҳарбӣ гузаронида шуда, омодабошии ҷангии тамоми воҳиду сохторҳо ба намоиш гузошта шуд. Таҳлилҳо собит менамояд, ки омодабошии ҷангии ҳайати хизматчиёни гарнизони Суғд дар сатҳи зарурӣ қарор дорад.
Дар идомаи ҷаласа вобаста ба камбудиву мушкилоти ҷойдошта аз масъулин пурсиш ба амал оварда шуда, ҳозирин ҷиҳати саривақт баратарф намудани он, риояи ҳатмии оинномаҳои хизмати ҳарбӣ, баланд бардоштани масъулиятнокии афсарон, пешгирии хатарҳои террористиву экстримистӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб муаззаф гардиданд. Ҷаласаи Шӯро бо вазифагузориҳо ва тасдиқи нақша чорабиниҳо барои фаъолияти минбаъда ба кори худ анҷом бахшид.






