24 сентябри соли 2025 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус, ҷаласаи навбатии Кумитаи сардорони ситоди Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳои иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Дар ҷаласа сардорони Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, муовини сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия, инчунин Котиби Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва намояндаи Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок намуданд.

Дар ин ҷаласа ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон татҳти роҳбарии сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ — муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал — лейтенант Саидзода Бобоҷон иштирок доранд.

Зимни ҷаласаи мазкур, масъалаҳои ҳамкориҳои ҳарбӣ байни қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавриди муҳокима қарор гирифта, қарорҳои дахлдор қабул карда мешаванд.

Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон





