Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ КОМИССИЯИ ДАЪВАТИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ БАҲОРИИ СОЛИ 2026 БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
14.03.2026
in Хабар
0
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ КОМИССИЯИ ДАЪВАТИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ БАҲОРИИ СОЛИ 2026 БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ
0
SHARES
138
VIEWS
Share on Facebook

Ҷаласаи комисияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва бо иштироки вазири мудофиаи кишвар генерал – полковник Собирзода Эмомалӣ, муовини прокурори генералӣ, сарпрокурори ҳарбӣ генерал — лейтенант Ҳаётзода Фирдавс Ҷурахон, намояндаҳои Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои низомӣ, комисарони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар доир гардид.

Дар оғози ҷаласа вазири мудофиаи кишвар доир ба иҷрои босифати Фармони Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008” – и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ махсус таъкид намуд.

Гуфта шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромадҳояшон таъкид менамоянд, ки бо назарошти вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон, таҳдиду хатарҳои терроризму экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуби замон, ҳифзи амнияту суботи кишвар, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат, таъмини оромиву суботи сартосарӣ ва ҳаёти осудаи мардум аз Артиши пурқудрат ва тавонманд сахт вобастагӣ дорад.

Боз ҳам мустаҳкам намудани қудрати дифоии кишвар аз масъулиятшиносии фарзандони ба ору номус, афсарону сарбозони шуҷову далер ва фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари хизмати ҳарбӣ алоқаманд аст.

Бо дарки ин мафҳум хизматчиёни низомии Қувваҳои Мусаллаҳ ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, тамоми донишу таҷриба ва малакаи касбияшонро дар роҳи ҳифзу ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ сафарбар менамоянд.

Айни замон аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати босифат иҷро намудани нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани Рӯзи даъватшаванда, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Дар идома роҳбарияти мақомоти назоратӣ дар соҳаи низомӣ, вобаста ба иҷрои ҳатмии талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тартиби адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ” изҳори андеша намуд.

Пешгирии ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ, саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии аҳолӣ, махсусан наврасону ҷавонон яке аз мавзуъҳои дигари ҷаласаи имрӯза буд.

Намояндаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромади худ таъкид намуд, ки имрӯзҳо бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари беҳтар гардидани шароити маишии афсарону сарбозон, ҳамзамон дар қисмҳои ҳарбии ҳама сохторҳои низомии кишвар шароити хуби будубош ва адои хизмат фароҳам оварда шудааст.

Аз ин рӯ ҳар як шаҳрванди худогоҳу хештаншонос хизмат намудан ба Ватанро ҳамчун қарзи шаҳрвандиву инсонии худ дониста, ин рисолати бузурги ҷавонмардиро бо масъулияти баланд иҷро намояд.

Ҳамкориҳои зичи мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо бо Муассисаи давлатии “Мададгори мудофиа” – и Вазорати мудофиа дар самти омода намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ гардид.

Дар қисмати дигари ҷаласаи комисияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси комисияи даъвати ҷумҳуриявӣ Дилрабо Мансурӣ аз масъулини дахлдори соҳавӣ талаб намуданд, ки вусъат бахшидани корҳои фаҳмонидадиҳӣ миёни аҳолӣ, саривақт дастрас намудани даъватномаҳо ба шаҳрвандон, дар сатҳи хуб ба роҳ мондани корҳои талбиѓотиву ташфиқотӣ, муоинаи дурусти тиббӣ, муайян намудани вазъи саломатии даъватшавандагон, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҷалб намудани шаҳрвандони солим ва дигар талаботҳои ҳатмии вобаста ба даъвати баҳорӣ саривақт ва босифат иҷро карда шаванд.

Лозим ба таъкиди хос аст, ки рушду пешрафти ҳама соҳаҳои давлатдорӣ аз пойдории сулҳу суботи сартосарӣ вобаста мебошад ва баҳри ҳифзи ин неъмати бебаҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз, хизматчиёни низомии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҳамчун неруи тавоно ва шикастнопазир адои хизмат намуда истодаанд.

Илҳом АЛИЗОДА,

сардори Раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 

капитан

Previous Post

ҶАМЪОМАДИ ТАЪЛИМИИ ЯКРӮЗА БО КОМИССАРОНИ ҲАРБИИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ МАМЛАКАТ

Next Post

14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА

14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

НАҚШАИ ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР 10-РӮЗИ АВВАЛ БЕШ АЗ 80 ФОИЗ ИҶРО ШУД

НАҚШАИ ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР 10-РӮЗИ АВВАЛ БЕШ АЗ 80 ФОИЗ ИҶРО ШУД

11.04.2026
МАҶЛИСИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

08.04.2026
ҶАЛАСАИ 86-УМИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ

ҶАЛАСАИ 86-УМИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ

03.04.2026
ХИЗМАТ БА ВАТАН БУЗУРГТАРИН РИСОЛАТИ ҶАВОНМАРДИСТ!

ХИЗМАТ БА ВАТАН БУЗУРГТАРИН РИСОЛАТИ ҶАВОНМАРДИСТ!

02.04.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook