Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ — муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Саидзода Бобоҷон дар ҷаласаи Кумитаи сардорони ситодҳои қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд.

Дар кори ҷаласа сардорони ситодҳои генералии қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Федератсияи Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон иштирок карданд.

Зимни чорабинӣ тарафҳо вазъи ҳарбӣ-сиёсӣ ва таҳдиду хатарҳои ба амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон, рушди ҳамкориҳои бисёрҷонибаи низомӣ ва таҳкими ҳамкории қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои Иттиҳодро баррасӣ намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологӣ, таъмини бехатарии парвозҳои ҳавопаймоии низомӣ баррасӣ карда шуд. Инчунин дигар масъалаҳои қобили таваҷҷуҳи тарафҳо муҳокима гардида, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.







