Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ҶАЛАСАИ КОРӢ БО РОҲБАРОНИ МАҚОМОТИ МАРКАЗИИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
13.12.2025
in Хабар
0
ҶАЛАСАИ КОРӢ БО РОҲБАРОНИ МАҚОМОТИ МАРКАЗИИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
0
SHARES
54
VIEWS
Share on Facebook

Дар Вазорати мудофиа таҳри роҳбарии Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон “Ҷаласаи корӣ бо роҳбарони мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор шуд.

Дар ин ҷаласа вазири мудофиа, вазири корҳои дохилӣ, прокурори генералӣ, раиси Қумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ,  роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, роҳбарияти Вазорати адлия, фармондеҳони Гвардияи миллӣ ва Қӯшунҳои сарҳадӣ, директорони Агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовар, Агентии таъминоти амволи махсус ва роҳбарияти як қатор сохторҳои марбутаи соҳавӣ иштирок доштанд.

Роҳбарони мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҷаласаи мазкур вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифзи амнияту суботи кишвар, пурзур намудани иқтидори мудофиавии давлат ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон чор мавзуъро мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор доданд.

Нахуст доир ба мавзуи рушди саноати мудофиавӣ вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, вобаста ба ҳолати кунунӣ ва фаъолияти минбаъдаи корхонаҳои саноатии соҳа маълумот пешниҳод намуд.

Ҳамзамон саҳми корхонаҳои саноатии соҳа дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – Саноатикунонии босуръати кишвар муҳим арзёбӣ шуд.

Дар идомаи ҷаласа аз ҷониби муовини вазири мудофиа оид ба аслиҳа ва техникаи ҷангӣ доир ба фаъолияти имрӯзаи корхонаҳои саноатии Вазорати мудофиа, бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ таъсис додани корхонаҳои нави истеҳсолии соҳавӣ ва дигар роҳҳои рушди он ҳисобот дода шуд.

Таъмини мудофиаи давлат дар шароити таҳдиду хатарҳои эҳтимолии замони имрӯза, густариши мудофиаи ҳудудӣ, санҷиши ҳолати захираҳои сафарбарӣ, саҳми шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта дар самти ҳифзи марзу буми кишвар, боз ҳам густариш бахшидани фаъолияти сохторҳои қудратӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳифзу таъмини амнияту суботи сартосарӣ дар баромади Сардори ситоди генералӣ, муовини аввали вазири мудофиа шарҳи бештар ёфт.

Қайд карда шуд, ки бо ҷалби шахсони масъули Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар чорабиниҳои сиёсӣ – ҷамъиятии санҷиши мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ ташкилу баргузор карда шуданд, ки дар онҳо сокинон бо рӯҳияи баланд ва масъулияти бузург ширкат намуданд.

Намояндагони котиботи Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромади худ вобаста ба беҳтар намудани шароити хизмати сарбозону афсарон, даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, омодабошии баланди ҷангӣ, ҳифзи саломатии сарбозону афсарон, ҷалби шаҳрвандони солиму ватандӯст ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, пешгирии ҳолатҳои қонуншиканӣ, коррупсионӣ, ҷалби табибони баландихтисос ба соҳаи низомӣ  ва дигар масъалаҳои муҳими соҳаро таҳлил намуданд.

Ҷаласаи мазкур бо таклифу пешниҳодҳои муфид баҳри боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳои зичи сохторҳои қудратии кишвар ва дар якҷоягӣ ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллӣ, оромиву суботи кишвар ва саҳм гузоштан дар рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷамъбаст гардид.

 

Илҳом АЛИЗОДА,

сардори Раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,

капитан

 

 

 

 

Previous Post

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНӢ ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ ВА ЭЪТИМОД ДАР АШХОБОД

Next Post

ИРОАИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ КИШВАР”

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ИРОАИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ КИШВАР”

ИРОАИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ КИШВАР”

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ТАВЗЕҲОТ БА ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАДБИРҲОИ ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ САТҲИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ ВА ЗИЁД НАМУДАНИ МАОШИ АМАЛКУНАНДАИ ВАЗИФАВИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ, КОРМАНДОНИ МУАССИСАЮ ТАШКИЛОТҲОИ БУҶЕТӢ, АНДОЗАИ НАФАҚА ВА СТИПЕНДИЯ»

ТАВЗЕҲОТ БА ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАДБИРҲОИ ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ САТҲИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ ВА ЗИЁД НАМУДАНИ МАОШИ АМАЛКУНАНДАИ ВАЗИФАВИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ, КОРМАНДОНИ МУАССИСАЮ ТАШКИЛОТҲОИ БУҶЕТӢ, АНДОЗАИ НАФАҚА ВА СТИПЕНДИЯ»

14.01.2026
ТАШАББУСИ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ ТАВАССУТИ ЭҲЁИ ХОТИРАИ ТАЪРИХӢ

ТАШАББУСИ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ ТАВАССУТИ ЭҲЁИ ХОТИРАИ ТАЪРИХӢ

13.01.2026
ТАЪИНОТИ КАДРӢ

ТАЪИНОТИ КАДРӢ

12.01.2026
ТАЪИНОТИ КАДРӢ ДАР СОХТОРҲОИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ

ТАЪИНОТИ КАДРӢ ДАР СОХТОРҲОИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ

09.01.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook