Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ ДАЪВАТИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ КИШВАР ДАР СОЛИ 2026

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
12.06.2026
in Хабар
0
ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ ДАЪВАТИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ КИШВАР ДАР СОЛИ 2026
0
SHARES
36
VIEWS
Share on Facebook

12 июн дар толори асосии Вазорати мудофиа таҳти роҳбарии раиси комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба ҷамъбасти даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар баргузор шуд.

Дар ин ҷаласа вазири мудофиаи кишвар генерал–полковник Собирзода Эмомалӣ, муовини Прокурори генералӣ–сарпрокурори ҳарбӣ генерал–лейтенанти адлия Ҳаётзода Фирдавс, муовинони вазири мудофиа, намояндагони Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои низомӣ, вазорату идораҳои дахлдор, комиссарон ва роҳбарияти як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок доштанд.

Баъди ифтитоҳи ҷаласа, нахуст вазири мудофиаи кишвар баромад намуда, ёдовар шуд, ки маҳз бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва андешидани чораҳои зарурӣ нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Артиши миллӣ пеш аз муҳлат бо сифати баланд иҷро гардид.

Ҳамзамон таъкид шуд, ки бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулиятшиносии роҳбарияти сохторҳои низомӣ, имрӯз дар ҳама қисму воҳидҳои ҳарбӣ шароити мусоиди кору хизмат фароҳам буда, иқтидори мудофиавии давлат устувор гардидааст.

Саривақт иҷро гардидани «Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 – и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» гувоҳи равшани он аст, ки дар заминаи ҳисси баланди ватандӯстии шаҳрвандон ҷавонони бо нангу номус хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳро қарзи шаҳрвандӣ ва рисолати ҷавонмардии хеш медонанд.

Баргузории чорабиниҳои гуногуни ҳарбӣ–ватандӯстӣ, таблиғотиву ташвиқотӣ, суҳбату вохӯриҳои судманд бо аҳолӣ, омӯзиши амиқи шаҳрвандони сину соли даъватӣ, вазъи саломатии онҳо, ҳамкории зичи мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои кишвар бо Муассисаи давлатии “Мададгори мудофиа”-и Вазорати мудофиа ва хуб ба роҳ мондани дигар корҳои муҳим дар ин самт, омилҳои асосии босифат ва саривақтӣ иҷро гардидани нақшаи даъвати баҳорӣ ва тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ арзёбӣ шуд.

Дар идома муовини прокурори генералӣ, сарпрокурори ҳарбӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаҳои муҳими соҳа, аз ҷумла риояи низоми ягонаи ҳарбӣ, интизоми ҳарбӣ, боз ҳам бештар намудани фазои дӯстиву рафоқат дар миёни сарбозону афсарон, иҷрои ҳатмии талаботи оинномавӣ, муносибатҳои байниҳамдигарӣ, баланд бардоштани малакаи касбӣ ва ҷангии сарбозону афсарон дар қисмҳои низомӣ ҷалб намуд.

Иброз гардид, ки маҳз бо талошу дастгириҳои рӯзафзуни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар кишвари азизамон сулҳу суботи комил пойдор аст ва ҳифзу ҳимояи ин дастоварди беназири давлату миллат, пеш аз ҳама вазифаи муқаддаси ҳар як хизматчии низомӣ ба шумор меравад.

Аз ин хотир ҳар яки моро зарур аст, ки фаъолияти худро дар доираи қонунҳои амалкунанда ва санадҳои меъёрӣ–ҳуқуқӣ ба роҳ монда, бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ бар Ватани азизамон содиқонаву софдилона хизмат намоем.

Баъди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба раиси комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ба консепсияи корҳои сиёсӣ–тарбиявӣ ва фаъолияти командирони қисмҳои ҳарбии ҳама сохторҳои низомӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, эҳтироми якдигар, ҷасуру далер, қавиирода, ҳамчун мутахассисони арзандаи соҳа ва ҳимоятгари воқеии Ватану миллат тарбия намудани ҷавононро дар ҳама давру замон, махсусан шароити имрӯза муҳим арзёбӣ намуд.

Бо назардошти дастгириҳои ҳамаҷониба аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин дастур дода шуд, ки сарбозону афсаронро ҷисману рӯҳан мустаҳкам намуда, баҳри пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ, ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, риояи тартиби рӯз дар қисмҳои низомӣ, истифодаи технологияи ҳозиразамон дар фаъолияти рӯзмарра, омӯзиши таҷрибаи давлатҳои пешрафта, зиёд намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар миёни сарбозону афсарон, ба хизмати ҳарбӣ ҷалб намудани ҷавонони ҷисману рӯҳан солим тадбирҳои муҳим андешида, ҷиҳати босифат иҷро намудани даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Артиши миллӣ омодагии ҷиддӣ бинанд.

Бояд қайд намуд, ки хизматчиёни низомии Қувваҳои Мусаллаҳ ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, тамоми донишу таҷриба ва малакаи касбияшонро дар роҳи ҳифзу ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ сафарбар менамоянд.

Илҳом АЛИЗОДА,

сардори Раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи 

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,

капитан

Previous Post

МАҶЛИСИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТИ КОМИССАРИАТҲОИ ҲАРБӢ ДАР ҶАМЪБАСТИ МАЪРАКАИ ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ДАР СОЛИ 2026

Next Post

БА ИМЗО РАСИДАНИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ АВФ»

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
БАРҚИЯИ ТАБРИКӢ БА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН САДИР ЖАПАРОВ

БА ИМЗО РАСИДАНИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ АВФ"

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

МУЛОҚОТ  БО РОҲБАРОНУ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯИ КИШВАР

МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОНУ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯИ КИШВАР

14.07.2026
МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДАНИ БИНОИ НАВИ ВАЗОРАТИ АДЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДАНИ БИНОИ НАВИ ВАЗОРАТИ АДЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

14.07.2026
ҶАМЪОМАДИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ БО ҲАЙАТИ РОҲБАРИКУНАНДАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ҶАМЪОМАДИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ БО ҲАЙАТИ РОҲБАРИКУНАНДАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

10.07.2026
МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ СЕ ШИРКАТИ МЕТАЛЛУРГИИ ЧИН

МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ СЕ ШИРКАТИ МЕТАЛЛУРГИИ ЧИН

09.07.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook