Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати Мудофияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ҶАЛАСАИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИҲОИ ШАНХАЙ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
28.07.2021
in Хабар
0
САФАРИ РАСМИИ ВАЗИРИ МУДОФИА  ҶУМҲУРИИ  МАРДУМИИ ЧИН
0
SHARES
168
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Тибқи нақшаи Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай, аз 26-уми то 29-уми июли соли 2021, дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар кори он, вазирони мудофиаи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии мардумии Чин ва Ҷумҳурии  Белорусия, ҳамчунин роҳбарияти  Кумитаи иҷроияи маркази минтақавии зиддитеррористии ин Созмон иштирок намуданд.

Ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои  вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, аз 26-уми июл, вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои ин Созмон, ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд.

Рӯзи 28-уми июл, қабл аз баргузор гардидани вохӯрӣ ва иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои  вазирони мудофиаи давлатҳои  аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ҳайати меҳмонон дар майдони “Дустӣ”-и пойтахт ба пояи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд.

Дар ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар “Кохи Сомон” доир гардид, роҳбарони ҳайат-вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, нахуст доир ба густариши муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи давлатҳои аъзо ва оид ба масъалаҳои таъмини бехатарӣ дар минтақа ва ҷаҳон мубодилаи афкор намуданд.

Таъкид гардид, ки истиқбол аз ҷашни 20-солагии таъсисёбии Созмони ҳамкории Шанхай, ки он имрӯз ҳамчун як Созмони бонуфузи ҷаҳонӣ эътироф гаштаву аҳамият ва мақоми хосро дар сайёра пайдо намудааст, дар давоми солҳои мавҷудияташ тавонист, нуфузи хешро боз ҳам мустаҳкамтар намояд ва дар таъмини бехатарӣ ва нигоҳ доштани сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон таъсиргузор бошад.

Вазирони мудофиа вобаста ба авҷи низоъҳо ва афзоиши муноқишаҳои дохилӣ дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, паҳншавии бемории нави сироятии Ковид-19 ва аз сатҳи шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои террористиву экстремистӣ дар минтақа ва ҷаҳон изҳори нигаронӣ карда, идомаи густариши муносибатҳои самарбахшро барои таъмини бехатарӣ ва муътадил нигоҳ доштани вазъият дар қаламрави давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бисёр муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

Зимни баррасии масъалаҳо, роҳбарони вазоратҳои мудофиаи давлатҳои аъзо изҳор намуданд, ки дар шароити босуръат паҳн гардидани бемории Ковид-19 ва дар ҳоли афзоиш ёфтани таҳдиду хатарҳои беруна, кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхайро мебояд, ки дар доираи ҳамкорӣ барои таъмини бехатарии кишварҳои аъзо тамоми тадбирҳои амниятиро тақвият бахшида, муборизаро бар зиддӣ ҳама гуна зуҳуроти номатлуб боз ҳам пурзӯр намоянд ва мубодилаи иттилоотиро таҳким бахшанд.

Вазирони мудофиа бо ҳамгироии тарафайн, изҳор доштанд, ки коркарду ҳамоҳанг намудани амалиёти муштараки Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, дар ташкилу баргузории машқҳои дастаҷамъонаи зиддитеррористии Ситодӣ-фармондеҳӣ, ки таҳти унвони “Рисолати сулҳҷӯёна-2021”, доир карда мешавад, бе шак метавонад ба сайқали таҷриба, маҳорату малакаи касбии ҷузъу томҳо ва бомуваффақона идора намудани қӯшунҳо, таъсири мусбат расонад ва омодабошии ҷангии ҳайати нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои аъзоро дар самти безарар гардонидани ташкилотҳои байналмилалии террористӣ ва дигар зуҳуроти хатарзои ҷомеаи муосир тақвият бахшад.

Ҳамзамон, дар доираи боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд, роҳбарони вазоратҳои мудофиаи давлатҳои аъзо  пешниҳоди ҷониби Федератсияи Россияро ҷиҳати иштироки давлатҳои аъзои  Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар машқҳои муштараки стротегӣ, ки байни Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Беларусия ва Федератсияи Россия таҳти унвони “Ғарб-2021” доир мешавад, пазироӣ намуданд.

Дар ҷараёни баррасӣ ва муҳокимаи масъалаҳо вобаста ба таъмини амният, таҳкими сулҳу субот ва муътадил нигоҳ доштани вазъият, роҳбарони вазоратҳои мудофиа бо назардошти ихроҷи пурраи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ аз Афғонистон ва эҳтимолияти боз ҳам номуътадил ва муташанниҷ гардидани вазъи бехатарӣ дар ҳудуди кишварҳои аъзои созмон изҳори нигаронӣ карда, тадбири нақшаҳои бисёрҷанбаро дар самти муносибатҳои низомӣ хеле муҳим арзёбӣ намуданд. Ба андешаи вазирони мудофиа, ҳамарӯза дар ҷомеаи пешрафтаи муосир, истифодаи технологияи иттилоотӣ, дар самти эҷоди хатарҳои нав, ташкили ҳадафмандонаи терроризму дигар ҷиноятҳо равона мегарданд, ки он метавонад, ба вазъи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии минтақа, кишварҳои алоҳида ва дар маҷмӯъ, ҷаҳон таъсири манфӣ гузорад.

Таъкид гардид, ки вазъи бисёр мураккабу ноустувор дар Афғонистон ва фаъол гардидани ташкилотҳои террористӣ дар ин минтақа, набояд фазои амну суботи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхайро халалдор созад.

Вазирони мудофиа, бо мақсади боз ҳам мустаҳкам намудани равобити дӯстиву ҳамсоягӣ байни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, таъмини амну субот ва муътадил нигоҳ доштани вазъият дар минтақа мубодилаи афкор намуда, ҳамоҳангии созмонҳои сулҳхоҳи минтақаро бо Созмони ҳамкории Шанхай, барои шарикӣ ва фаъолияти муштарак дар ин самт муҳим арзёбӣ намуданд.

Дар ҷаласа, инчунин вобаста ба ташкилу баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, ё худ фестивали оркестрҳои ҳарбӣ, ки аз 18-ум то 23-юми октябри соли равон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ба нақша гирифта шудааст, таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Зимни муҳокимаи масъалаҳо аз ҷониби роҳбарони вазоратҳои мудофиаи давлатҳои аъзо, қарор қабул карда шуд, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, соли 2022 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузаронида шавад.

Зимни ҷамъбасту натиҷагирӣ аз кори ҷаласа,  вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, баёнияи муштаракро ба имзо расонида, ҳамзамон, нақшаи ҳамкориҳои вазоратҳои мудофиаи кишварҳои аъзои ин Созмонро барои солҳои 2022-2023 тасдиқ намуданд.

Фаридун Маҳмадализода,

Сардори Маркази матбуоти 

Вазорати мудофиаи

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

полковник

Previous Post

САФАРИ РАСМИИ ВАЗИРИ МУДОФИА ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН

Next Post

ТОҶИКИСТОН-МУҚОБИЛИ ИФРОТГАРОӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ТОҶИКИСТОН-МУҚОБИЛИ ИФРОТГАРОӢ

ТОҶИКИСТОН-МУҚОБИЛИ ИФРОТГАРОӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

26.01.2023
МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

25.01.2023
РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

24.01.2023
ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

20.01.2023
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2014 - All Rights Reserved.ME
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook
  • Mix.tj