Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати Мудофияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ҶАВОНОН КАФИЛИ ФАРДОИ ДУРАХШОН

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
24.05.2023
in Хабар
0
ҶАВОНОН КАФИЛИ ФАРДОИ ДУРАХШОН
0
SHARES
104
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ҷавонӣ давраи асосӣ ва беҳтарини ҳаёти инсон, баҳори зиндагии одам буда, касе нест, ки аз санҷишу имтиҳонҳои ҷиддии ин давра нагузашта бошад. Тамоми амалҳои беҳтарини ҳар як фарди ҷавон аз қабили таҳсилу касбомӯзӣ, хизмати ҳарбӣ, ишқу муҳаббат ва оиласозӣ, оғози фаъолияти меҳнатӣ, диловариву шуҷоат, қаҳрамониву корнамоӣ ба ҳамин давра рост меояд. Яъне, аз азал ҷавонон нерeи асоситарин, фаъолу созанда ва пешбарандаи давлату миллатамон маҳсуб ёфта, ин рисолат имрӯз ҳам хислати асосии даврони ҷавонӣ мебошад.                                                                                                                                            Имрӯз қишри асосии аҳолии Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро ҷавонон ташкил дода, саҳми онҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва сохти давлатӣ баралло эҳсос мешавад. Аз ин рӯ, давлату ҳукумати мамлакат, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон, ба марому манзалати онҳо дар ҷомеа ва корҳои созандагӣ ҳамчун неруи фаъолу қувваи асосӣ, бунёдкорони фардои дурахшон таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, ҷиҳати ташаккулёбии ҳамаҷонибаи онҳо тамоми шароитҳоро фароҳам овардааст. Зеро, таваҷҷӯҳ ба ҷавонон кафолати фардои дурахшони Ватан буда, дар даврони соҳибистиқлолӣ тамоми барномаҳои давлатию миллӣ низ бо такя ба ҳамин нерeи созанда тарҳрезӣ ва дар меҳвари сиёсати давлат ҷой дода шудааст.

Яке аз самтҳои асосии таваҷҷӯҳ ба ҷавонон, масъалаи таъмини дастрасӣ ба таълиму тадрис ва касбомӯзӣ мебошад. Охир беҳуда намегӯянд: касе толибилму донишҷӯ набуд-чи будани ҷавониро намедонад. Ҳамин аст, ки имрӯз бо истифода аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ ҷавонон дар садҳо мактабу донишгоҳҳо, коллеҷу литсейҳо таҳсили илм ва касб меомӯзанд. Агар давраҳои пеш ҷавонон ҳамагӣ дар якчанд муассисаҳои оливу миёнаи касбӣ ба омӯзиш фаро гирифта мешуданд, хушбахтона бо таҳкими соҳибистиқлолии кишвари азизамон имрӯз ҳазорон ҷавонони болаёқат дар зиёда аз чил муассисаи олӣ, даҳҳо коллеҷу литсейҳои гуногунсоҳа ва дар муассисаҳои беҳтарини таълимии мамолики пешрафта таҳсил илм менамоянд. Баъди бо дарназардошти қобилияти касбӣ ва малакаву дониш ба зиммаи ҷавонони соҳибистеъдод роҳбарии аксарияти бахшҳои асосии хоҷагии халқ вогузошта мешавад ва чунин мисолҳоро бисёр овардан мумкин аст.

Дигар самти таваҷҷӯҳ ба ҷавонон, ин таъмини иштироки онҳо дар ҳифзи Ватан аст. Охир, дар ҳама давру замонҳо ҳифзи Ватан ва марзу буми кишвар ба зиммаи ҷавонон вогузошта шуда, беҳуда намегуфтанд: касе хизмати ҳарбиро адо накунад чӣ будани зиндагиро намедонад. Имрӯз ҳам, тибқи қонун ҳифзи Ватан ва музаффариятҳои истиқлолят, таъмини сулҳ, амнияти давлат ва зиндагии мардум қарзи муқаддас ва вазифаи ҷавонон буда, онҳо бо дарки ҳамин масъулияти бузург ҳамчун ворисони сазовори аҷдодони хеш ин рисолати фарзандиву ҷавонмардиашонро содиқона иҷро менамоянд. Фахри мост, ки ҷавонон Ватанамонро самимона дӯст дошта, бо ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ ва маърифати ҷавонмардӣ рисолати фарзандиашонро ба ҷо оварда, дарси зиндагӣ меомӯзанд, дар рушди меҳани аҷдодӣ, ваҳдати миллӣ, таъмини сулҳу амнияти давлату ҷомеа, зиндагии осоиштаи мардум, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва баланд бардоштани обрӯю эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон саҳм мегузоранд. Имрӯз хизмати содиқонаи ҷавонон дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллатамон ба он мисоли равшан шуда метавонад.

Ҳамзамон, имрӯз ҷавонон нерӯи асосии меҳнати созандаи Ватан мебошанд. Маҳз тавассути бозуи ҷавонон садҳо корхонаҳои саноатӣ ба  истеҳсоли маводҳои зарурӣ машғул буда, тавоноии моддиву иқтисодии кишварамонро меафзоянд ва эҳтиёҷи мардум бо неъматҳои моддӣ таъмин мегардад. Имрӯз ҳадафҳои стратегии миллиамон дар сохтмонҳои асосии замони истиқлол: НОБ-у нақбҳо, роҳу пулҳо, корхонаҳои азими истеҳсолӣ, соҳаи аграрӣ низ маҳз тавассути неруи тавонои ҷавонӣ амалӣ мегарданд. Аз ин рӯ, итминони комил дорем, ки ҷавонони бо нангу номуси мо ҳамчун ватандӯстони асил ва созандагони фардои дурахшони Ватан ба ин рисолати аслиашон ҳамеша содиқ буда, ба рушду шукуфоӣ ва баланд шудани обруву эътибори Тоҷикистони азиз мусоидат хоҳанд кард.

Албатта, мо калонсолон, ки ҷавонию умрамонро баҳри рушду шукуфоӣ ва ҳифзи Ватан гузаронидаем, аз корҳои созандаи ҷавононамон ифтихор карда, то имкон дорем, дар тарбияи ватандӯстии насли ҷавон ва дар амал татбиқ намудани сиёсати созандаи давлату Ҳукумати кишвар иштирок менамоем. Зеро, ҷавонон ояндаи давлату миллатамон, идомадиҳандагони анъанаҳои беҳтарини аҷдодон ва мо мебошанд. Маҳз бо назардошти саҳми боризи ҷавонон дар ҳифзи Ватан, рушди ҷомеа ва амалҳои созандаашон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат Пешвои муаззами миллатамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нерӯи тавонои онҳо ин қадар бовариву эътимоди қавӣ доранд. Дар ҷавоби боварию ғамхории Пешвои муаззами миллат, ҷавонон бояд Ватанамонро дӯст дошта, дорои афкори солиму созанда бошанд, бо дарки баланди масъулият, маҳорати касбӣ, интизоми намунавӣ, ору номуси миллӣ, дониши хубу қобилияти корӣ, бо зиракию ҳушёрӣ ба ҳифзи Ватан ва манфиати давлату миллат омода бошанд. Мо низ ҷавононамонро дӯст дошта, аз онҳо умеди калон дорем. Ҳамзамон мехоҳем ба ҷавонон-фарзандони азизамон ҳикмати муҳими зиндагиро таъкид созем: одам як маротиба ба дунё омада онро бояд тавре зист, ки баъди гузашти айём аз  рузҳои бесамари умри гузашта пушаймон нашавӣ. Даврони ҷавонӣ ҳамчун баҳори зиндагӣ тез гузашта, дигар ҳеҷ гоҳ барнамегардад. Аз ин хотир, аз ҳар рӯз, аз имкониятҳои даврони ҷавонӣ сазовору бамаврид истифода баред, хизмати Ватан-Модарро ба таври шоиста иҷро карда, бо таҳсилу касбомӯзӣ, меҳнати ҳалол ба рушду нуму, ободу зебо шудани Ватанамон саҳм гузоред. Бигузор амалҳои шоистаи Шумо дар таълиму тадрис ва касбомӯзӣ, хизмати ҳарбӣ, меҳнати созанда ва рушду шукуфоии Ватан боиси ифтихори волидон, пайвандону наздикон ва аҳли ҷомеа гашта, дар таърихи миллат ва дафтари амолатон бо ҳарфҳои заррин сабт  гардад.

 

Ҷамила Ҷӯраева,

устоди ДТТ ба номи академик М.Осимӣ

Ҳайдар Худойқулов, 

раиси ШС ВМҶТ

 

 

Previous Post

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Next Post

ТАДБИРҲОИ ПЕШГИРӢ АЗ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ТАДБИРҲОИ ПЕШГИРӢ АЗ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ

ТАДБИРҲОИ ПЕШГИРӢ АЗ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ВАРЗИШ: ОМИЛИ ДӮСТИВУ ТАНДУРУСТӢ

ВАРЗИШ: ОМИЛИ ДӮСТИВУ ТАНДУРУСТӢ

27.05.2023
ТАКМИЛИ МАҲОРАТИ КАСБӢ ДАР ШАРОИТИ КӮҲӢ

ТАКМИЛИ МАҲОРАТИ КАСБӢ ДАР ШАРОИТИ КӮҲӢ

26.05.2023
ИЗҲОРОТ

ИЗҲОРОТ

25.05.2023
ТАДБИРҲОИ ПЕШГИРӢ АЗ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ

ТАДБИРҲОИ ПЕШГИРӢ АЗ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ

25.05.2023
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2014 - All Rights Reserved.ME
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook
  • Mix.tj