Ҷавонон дар ҳар кишвари дунё қишри асосии иҷтимоиётро ташкил медиҳанд ва давлате, ки ба ин масъала, яъне чигунагии аҳвол ва дурнамои рушди ҷавонон аҳамият медиҳад, аз ҳар мавқеъ-ҳам осоиши кишвар ва ҳам тараққиёти бемайлони он бурди азиме хоҳад кард.
Дар Тоҷикистон, ки бино ба омори расмии он беш аз ҳафтод фисади аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд, ин қазия ҳатто ба масъалаи амнияти ҳамагонӣ ва суботи сиёсӣ вобастагӣ пайдо мекунад. Тибқи Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» аз соли 2004 ҷавонон гуфта, ҳамон қишре дар назар дошта мешавад, ки аз 14 то ба 30 солро доранд. Аз назари равонӣ ва динӣ ин синну сол ҳамон марҳилаест, ки дар доираи он шахсият аз ҳама ҷиҳат ба камол мерасад ва муҳимтарин омил ҳамон аст, ки аллакай мафкураи ҷавон ташаккул дода мешавад.
Барои мисол дур нарафта, таҷрибаи зиндагии адибону олимони маъруфи гузаштаамонро, ки зикрашон бешумор аст, ба хотир биёрем, ки дар сарҳади 25-30 солагӣ бузургиву шаҳомат ёфта буданд ва боқии умрро ба эҷодиёт ва ихтироъ, яъне дар амал татбиқ намудани самараи диду дарёфтҳояшон сарф мекарданд. Ҳамчунин аз бузургони андеша ва дин чунин мисолҳо ниҳоят фаровон аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид карданд, ки «ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯйи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд».
Дар ин ҷумлаи кӯтоҳ чандин вазифаҳое рӯшан мешаванд, ки иҷрои онҳо на фақат ба ӯҳдаи ҷавонон, балки ба ниҳодҳои давлатӣ ва ҳам ҷамъиятӣ вогузор аст. Дар Тоҷикистон, мисли ҳар кишвари дигари дунё, чандин мақомот тибқи қонун ба пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон масъулият доранд. Инҳо-Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дигар, ки ба тарбия, ташаккул ва камолоти ҷавонон машғул мебошанд, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, мақомоти маҳаллии кор бо ҷавонон, иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон ва ташкилоту муассисаҳои дигар ҳастанд, ки возеҳу равшан дар қонун ишора шудаанд.
Бояд дар назар дошт, ки бидуни ахлоқи ҳамида ва рафтори дурусти инсонӣ ҳеҷ гоҳ шахсиятҳои комил тарбия карда намешаванд. Агар ахлоқ комил набошад, ҳатто мутахассиси олидараҷа наметавонад, барои Ватан ва миллаташ манфиате биёрад.
Ҳамин тавр, ҳаллу фасли масоили ҷавонон дар ҷумҳурӣ аз соли 1994 инҷониб, дар сатҳи сиёсати давлатӣ ба роҳ монда шудааст ва он то кунун идома дода мешавад. Яъне, дар сатҳи ташкилию ҳуқуқӣ ва фароҳам овардани шароит барои рушди иқтисодии ҷавонон мушкилие нест.
Аммо вазъи кунунии соҳа бо назардошти мушкилиҳои гуногун пешниҳоди равишҳо ва матолиби навро тақозо мекунад.
Дар анбӯҳи ин масъалаҳо се масъалае ҳаст, ки таваҷҷуҳ кардан ба онҳо хеле муҳим мебошад.
Масъалаи аввал ахлоқ аст ва он бояд дар кулли барномаҳо вобаста ба ҷавонон дар мавриди аввал бояд ба эътибор гирифта шавад.
Дигар масъалаи муҳим-пурзӯр намудани корҳои идеологӣ тавассути созмон додани сомонаҳои хосса аст, ки тавонанд аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҷавонон муколама барпо кунанд. Ин масъала нисбат ба дигар мушкилот ҷиддитар аст, чунки интернет акнун воситаи асосии дониш, ташаккули ахлоқу маънавият ва ҷаҳонбинии ҷавонон, манбаи огоҳии онҳо аз таълимоти ҳаррангаи динӣ шудааст. Масъалаи сеюм-таваҷҷуҳ намудан ба талаботи ҷавонон ба таълимоти асили динӣ ва таъмини дигар сарчашмаҳое, ки тавонанд ниёзҳои фикрии онҳоро қонеъ карда бошанд.
Маълум аст, ки дар шароити имрӯза пеши роҳи ҳуҷуми фарҳанги оммавӣ ва пурзиёни ғарбӣ, ки идеологияи барои миллати мо бегонаро таблиғ мекунанд, гирифтан то ҳадде имконнопазир шудааст. Акнун интернет мавқеи китобҳои қоғазӣ ва минбари суҳбату муколамаҳоро хеле танг кардааст. Ба созмонҳои ҷамъиятии ташабускор кашидани ҷавонон низ бинобар сатҳи пасти ҷаҳонбиниашон мушкил шудааст.
Ба қавли дигар, дар сатҳи мафкуравӣ халои маънавӣ пайдо шудааст, ки онро пур кардан лозим меояд. Табиати одами ҷавон ҳамин аст, ки ҳамеша ба навҷӯиҳо дар маҷмӯъ, расму таомулҳои нав, одатҳои нав, сарулибоси нав ва ба ҳамин тарз ба андеша ва манбаъҳои нави фикрӣ таваҷҷуҳ мекунад.
Ана ҳамин гӯё як хислати муқаррарии равонии ҷавононро гурӯҳҳои тарғибгари ифротӣ хеле моҳирона сӯйистифода мекунанд. Онҳо як навъ нигилизмеро дар ниҳоди ҷавонон нисбат ба қонунияти давлати дунявӣ ва ҳам мазҳаби ҳанафӣ бедор мекунанд.
Пеши роҳи ин гуна тахрибкориҳои ақидавиро танҳо бо сӯҳбату насиҳатҳо ва чорабиниҳои илмӣ гирифтан мушкил аст. Як навъ хадамоти тадқиқотии равонӣ, динӣ ва тарбиявие лозим аст, ки ҳамаи ин равандҳоро саривақт омӯхта, барои татбиқи пешниҳодоти нав мусоидат кунад.
Масъалаи муҳими дигар ин ҷараёни иҷтимоигардонӣ ё худ ба ҷамъият мутобиқ гардонидани ҷавонон аст. Иҷтимоишавӣ раванде мебошад, ки дар он шахс аз худ кардани донишҳо, арзишҳо, маданияту фарҳанг, идеология ва амсоли инҳоро аз сар мегузаронад, ки таъсири онҳо дар ташаккули инсон муҳим буда, дар ин замина ӯро ҳамчун шахсияти баркамоли ҷамъиятӣ ба воя мерасонанд.
Барои иҷтимоишавии ҷавонону наврасон волидони онҳо бояд бештар аҳамият диҳанд, ки кадом омил барои ташаккул ва тарбияи хислатҳои мусбат муҳим аст ва кадомаш ба рафти инкишоф таъсири манфӣ мерасонад.
Аз мушоҳидаҳо мебинем, ки аксарияти волидон таъсири омилҳои моддӣ, яъне сару либос, ҷойи зист, ғизо ва ғайраро дар камолоти фарзандонашон асосӣ мебинанду халос. Қобили қайд ҳаст, ки дар баробари омилҳои моддӣ як қатор омилҳои маънавӣ низ ҳастанд, ба монанди мақсаду маром, майлу хоҳиш, талаботу манфиат, ки таъсирашон баръало эҳсос мешавад. Бе таъсири ин омилҳо рушду такомули шахсият имконнопазир аст.
Ҷолиби диққат ин аст, ки иҷтимоишавӣ инсонро аз лаҳзаи тавлидаш то ин ё он давраи ҳаёташ, ки дар ҷомеа умр ба сар мебарад, фаро мегирад. Инро бояд қайд намуд, ки дар ҷараёни иҷтимоишавӣ мутахассисони илми ҷомеашиносӣ бештар ба давраи наврасиву ҷавонӣ таваҷҷуҳ менамоянд, зеро ин давраҳо, хусусан синни наврасӣ давраи мураккабу пурталотум ва барои наврас пурхатар ва аз ҷиҳати психологиву физиологӣ дар ҳоли тағйирот маҳсуб меёбад.
Дар хулоса метавон гуфт, ки масъалаи ҷавонон, тарбияи дуруст ва идора намудани онҳо яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба шумор рафта, бояд ба он аҳаммияти аввалиндараҷа зоҳир намуд, зеро амният ва суботи ҳар як ҷомеа ба ҷавонон рабт дорад.
Исроил ФАЙЗОВ,
Коршиноси масоили амнияти
Минтақавии МТС—и назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон