Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати Мудофияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ҶАВОНОН ВА НАҚШИ ОНҲО ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
02.06.2021
in Хабар
0
ҶАВОНОН ВА НАҚШИ ОНҲО ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ
0
SHARES
114
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Саҳми ҷавонон дар ҳифзи Модар-Ватан шоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои қудратӣ содиқона хизмат мекунанд ва дар ҳимояи сарҳади давлатӣ низ нақши бузург доранд. Имрӯз қисми асосии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ҷавонон ташкил медиҳанд».

Иқтибос аз суханронии

Пешвои миллат

бахшида ба Рӯзи ҷавонон

БА ҶОЙИ САРСУХАН

Ба андешаи донишмандон, ҷавонӣ овони оромӣ нест, он айёми ҷӯшу хурӯшу таваккалҳост. «Ба андешаи ҷавонон ҳаёт, ин ояндаи дури беохир мебошад»,-гуфтааст, Артур Шопенгауэр, файласуфи бузурги олмонӣ.

Ҳар амале, ки имрӯз дар овони ҷавонӣ иҷро мешавад, натиҷа ва самараи худро дар оянда ба бор хоҳад овард. Ҷавонӣ ситораест, ки дар самои умр як маротиба тулӯъ карда, баъдан ғуруб мекунад. Ҷавонӣ ниҳоли кӯчакест, ки бо сабзиши он кишвар сабзу хуррам мегардад. Шамъест, ки дар торикӣ равшанӣ ато менамояд. Айёми салтанату комёбӣ дар ин давра мегузарад. Ҷавонони кишвар имрӯз бо ҷӯшу хурӯши ҷавонона, шаъну шавкат, қувва, қудрат, ғуруру азамат, бо ифодаҳои ғояҳои ватандориву худшиносии миллӣ барои пос доштани арзишҳои миллӣ саҳми арзишманди хешро гузошта истодаанд, ки шоистаи таҳсин аст. Албатта, ҷавононро зарур аст, барои пойдорӣ, устуворӣ, абадият, бардавомӣ ва ҷовиду пояндагӣ,  бахту саодати миллат, чун фарзанди бовафо, бо ифтихори миллӣ, ба нангу номуси ватандорӣ ин сарзаминро дӯст доранд, арзишҳои онро эҳтиром намоянд, қарзи шаҳрвандиро ба ҷо оранд…

ТАВАҶҶУҲУ ҒАМХОРИҲОИ

ҲУКУМАТ БА ҶАВОНОН

Дар яке аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардид, ки «ҳукумати мамлакат барои ҳалли мушкилоти ҷавонон, роҳандозии тадбирҳои амалӣ вобаста ба тақвияти фаъолияти онҳо дар ҷомеа, таъмин кардани иштироки фаъоли ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар ниҳоди ҳар як намояндаи насли имрӯза давра ба давра иқдомоти мушаххасро амалӣ намуд». Воқеан, ба назар мерасад, ки аз ҷониби давлату ҳукумати кишвар дастгириву ғамхориҳои пайваста нисбат ба ин қишри ҷомеа, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

 

СИТОИШИ САРВАРИ

 ДАВЛАТ АЗ ҶАВОНОН

Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар охирон вохӯрии хеш бо ҷавонони кишвар чунин иброз намуданд:«Вақте мо ҷавононро умеди фардои кишвар, нерӯйи созанда ва захираи стратегии давлату миллат меномем, ин суханон танҳо шиор набуда, балки маҳз ба ҷавонон вобаставу пайваста будани ояндаи давлату миллатро ҳамчун як воқеият баён менамоянд, зеро давлат ва миллате, ки дар бораи насли ҷавони худ андеша мекунад, дар асл ояндаи худро таъмин ва устувор месозад».

 

КОРНАМОИҲОИ ҶАВОНОН ДАР ҚАРНИ ГУЗАШТА

Албатта, чун сухан аз ҷавонон рафт, метавон гуфт, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ, ки аз моҳи майи соли 1992 то моҳи июни соли 1997 идома кард, садҳо нафар аз ҷавонони диловару ғаюри кишвар барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва ба даст овардани сулҳу суботи саросарӣ  камари ҳиммат баста, ҷони худро қурбон намуданд.

Ҷавонони гузашта талош доштанд, ки дар кишвари азизамон-Тоҷикистон сулҳ оварда, амнияти давлату кишварро таъмин  созанд, то модарону хоҳарони мо хоби оромашон халалдор нагардад. Ниҳоят, ба мақсади хеш расиданд, ки имсол низ аз соҳибистиқлолии кишвар 30 сол пур мешавад. Гузашта аз ин, осудагиву оромии имрӯзаи кишвари мо аз ҷоннисории ҷавонони гузаштаи кишвар аст. Акнун ҷавонони имрӯзаро мебояд, ки чун амонат сулҳу ваҳдати имрӯзаро ба ояндагон мерос гузоранд.

 

ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА

ГУРӮҲҲОИ ИРТИҶОӢ

Сарвари давлат пайваста дар суханрониҳои хеш аз даст надодани зиракиву ҳушёрӣ сухан мекунанд. Бо вуҷуди ин, ба гуфти Роҳбари давлат «баъзе аз ҷавонони сустиродаву ноогоҳи мо» бо таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба созмону ҳаракатҳои ифротиву террористӣ шомил гардида, дар набардҳо ҳалок гардиданд. «Дар шароити имрӯза, ки талоши тамоми қувваҳои иртиҷоиву ифротӣ барои таъсиррасонӣ ба мафкураи ҷавонон ва моил сохтану истифодаи қувваи бузурги онҳо барои амалӣ намудани ҳадафҳои муғризонаи худ равона шудааст, ҷавонони мо бояд бисёр ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва манфиатҳои милливу давлатиро ҳатто як лаҳза ҳам фаромӯш накунанд»,-зикр гардид, дар яке аз суханрониҳои Сарвари давлат.

 

АЗ ТАЪРИХИ РӮЗИ ҶАВОНОН

Моҳи майи соли 1997 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расида, санаи 23-юми майи ҳамон сол Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон гардид, ки ин санаи муҳими таърихӣ ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.

Ҳамзамон, пас аз соҳибистиқлолии кишвар, 17-уми марти соли 1994 нахустин мулоқоти Роҳбарияти олии мамлакат, Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани якуми Иттифоқи ҷавонон доир гардида буд. Боиси сарфарозист, ки ҳамасола 23-юми май ҳамчун Рӯзи ҷавонон таҷлил мегардад.

 

ЧОРАБИНӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОН

Ишора шуд, ки шурӯъ аз соли 1997 инҷониб 23-юми май ҳамчун Рӯзи ҷавонон дар кишвар ҷашн гирифта мешавад. Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин сана, чанде пеш, дар толори «Кохи афсарон»-и Вазорати мудофиаи кишвар чорабинии идона таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо» баргузор гардид.

Чорабинӣ бо садои оркестри ҳарбӣ-нафасии Полки таъминотии қисми ҳарбии 02615 оғоз ёфт.

Сипас, меҳмонону иштирокчиёни чорабинӣ, аз «Гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ», ки дар саҳни «Кохи афсарон» ба намоиш гузошта шуда буд, дидан намуданд. Гузашта аз ин, ҳамоиши китобҳои нодири бадеӣ, илмӣ ва оммавӣ ҷузъе аз чорабинӣ ба ҳисоб мерафт.

Сухани муқаддимавиро муовини вазири мудофиа, полковник Абдусаттор Шоҳиён ироа намуда, аз таърихи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва саҳми ҷавонони он замон ёдовар шуда, зикр намуд, ки маҳз талошу заҳмати ҷавонон буд, ки имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳ ба як артиши пуриқтидор табдил ёфт.

Баъдан, Назарзода Ризо Шодӣ-муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди заҳмату талошҳои Роҳбарияти олии мамлакат ва дастгириҳои пайвастаи давлату ҳукумати кишвар ёдовар шуд. Баъдан дар чорабинӣ Мавзӯъҳои «Эмомалӣ Раҳмон-бунёдгузори артиш», «Саҳми бонувони низомӣ дар рушди Артиши миллӣ»,  «Нақши собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ дар пешрафт ва дастовардҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ» ва як қатор мавзӯъҳои мубрам баррасӣ гардиданд.

Ҳамчунин, дар чорабинӣ зикр гардид, ки беш аз 70 фисади хизматчиёни ҳарбиро ҷавонон ташкил дода, дар ҳама бахшҳои соҳаҳои мухталиф нақши ин қишри ҷомеа муҳим арзёбӣ мегардад.

Дар чорабинӣ зикр гардид: «Замоне, ки қувваҳои мухталиф борҳо кӯшиши шикаст додани давлати ҷавони тоҷиконро доштанд, равшану возеҳ эҳсос намудем ва барои таъмин намудани амнияти давлат ва ҷомеа, ҳимояи муқаддасоти миллӣ ва рушди Тоҷикистони азизамон, пеш аз ҳама, ба ҷавонон такя кардем. Ҷавонони ватандӯсту огоҳи мо бояд минбаъд низ ҳушёр бошанд ва нагузоранд, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯйи дохиливу хориҷӣ дар шуури дигар наврасону ҷавонони мо мафкураи бегона, хурофотӣ ва ифротгароёнаро ҷой намоянд».

Аз ҷониби ҳунармандони ансамбли «Шараф»-и Вазорати мудофиа ва дигар сарояндагон барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ доир карда шуд, ки табъи ҳозиринро болида гардонид.

Дар охир, аз ҷониби муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчиёни фаъоли чорабинӣ ифтихорномаву сипоснома тақдим карда шуд.

 

 

Азимҷон БАДАЛОВ,

аълочии матбуоти Тоҷикистон

Previous Post

Иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 76 — солагии Рӯзи Ғалаба

Next Post

ЗАНОН-ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ-МУҚОБИЛИ ИФРОТГАРОӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ЗАНОН-ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ-МУҚОБИЛИ ИФРОТГАРОӢ

ЗАНОН-ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ-МУҚОБИЛИ ИФРОТГАРОӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

26.01.2023
МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

25.01.2023
РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

24.01.2023
ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

20.01.2023
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2014 - All Rights Reserved.ME
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook
  • Mix.tj