Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

ҲУҚУҚИ КӮДАКОН ВА ҲИМОЯИ ОНҲО

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
30.09.2024
in Мақола
0
ҲУҚУҚИ КӮДАКОН ВА ҲИМОЯИ ОНҲО
0
SHARES
1.4k
VIEWS
Share on Facebook

Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намудааст, “Барои давлат миллати солим, халқи солим лозим аст”.Кӯдакон ояндаи ҷомеа мебошанд, таъмини ҳуқуқҳои онҳо ба ҳифзи саломатӣ ва рушди солимию ҷисмонӣ ва равонии онҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар баробари дигар ҳуқуқҳои дар қонун нисбати кӯдакон муқарраршуда, яке аз онҳо ҳуқуқи кӯдак ба ҳифзи саломатӣ мебошад.

Пеш аз ҳама дар моддаи 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, ки модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд. Инчунин моддаи 38 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад, ки ҳар шахс ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ дорад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун аз ёрии тиббии ройгон дар муассисаҳои нигаҳдории тандурустии давлатӣ истифода менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва аъзои комилҳуқуқи СММ Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдакро ба тасвиб расонид. Мувофиқи моддаи 24 Конвенсияи мазкур давлатҳои иштирокчӣ ҳуқуқи кӯдакро барои истифода намудани хизматҳои бештар такмилёфтаи системаи тандурустӣ ва воситаҳои табобати бемориҳо ва барқарорсозии саломатӣ эътироф менамоянд. Давлатҳои иштирокчӣ барои таъмини он саъю кӯшиш мекунанд, ки ягон кӯдак аз ҳуқуқи худ барои дастрас намудани ин гуна хизматрасониҳои низоми тандурустӣ маҳрум карда нашавад.

Бинобар ин ҳифзи саломатӣ ва рушди кӯдак дар маркази таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад, зеро саломатии аҳолӣ ва хусусан насли наврас яке аз омилҳои муҳими таъмин намудани солимии миллат, бехатарии давлат ва рушди ҷомеа арзёбӣ мегардад. Ҷиҳати таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакон заминаи зарурии меъёрии ҳуқуқӣ ташкил карда шуда, стратегия ва барномаҳои дахлдор аз ҷумла;  Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикситон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқхои кӯдак”, “Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027” ва дигарҳо қабул ва амалӣ шуда истодаанд.

Мутобиқи талаботи моддаи 46 Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликият, шабакаи васеи муассисаҳои тиббӣ ва кӯдаконаро инкишоф медиҳанд, барои сиҳатии кӯдакон дар ин муассисаҳо масъул мебошанд.

Пешгирии бемории кӯдакон яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи волидайн ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Кӯдакон бояд давра ба давра ҳатман аз муоинаи тиббӣ гузаронида шаванд ва ба воситаи эмкунии пешгирикунанда аз бемориҳо ҳифз карда шаванд.

Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон дар муассисаҳои низоми давлатии тандурустӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки ройгони тиббӣ-санитарӣ расонида мешавад. Кӯмаки тиббии фаврӣ дар ҳар муассисаи табобатӣ-профилактории наздик, новобаста аз тобеияти идоравӣ ва ҳудудӣ, инчунин шакли моликият, ройгон таъмин карда мешавад.
Яке аз омилҳои ҳифзи саломатии кӯдак ин беҳтар намудани ғизои кӯдакон ва тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист ба ҳисоб меравад. Тибқи моддаи 24 Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, давлатҳои иштирокчӣ барои мубориза бо беморӣ ва гуруснагӣ, аз ҷумла дар доираи ёрии аввалияи тиббию санитарӣ бо роҳи истифода дар баробари дигар усулҳо аз технологияи дастрасу содда ва бо дарназардошти хатар ва эҳтимоли олудасозии муҳити зист муҳайё намудани хӯроки серғизо ва оби тозаи нӯшокӣ, таъмини огоҳонии ҳама табақаҳои ҷамъият, аз ҷумла волидайн ва фарзандон аз саломатӣ ва ғизои кӯдакон, тозагии бадан, санитарияи муҳити зисти кӯдак ва пешгирии ходисаҳои фалокат, инчунин ба кӯдакон дастрас намудани таҳсил ва дастгирии онҳо дар истифодаи чунин донишҳо, бояд тадбирҳои самарабахш ва заруриро андешанд.

Ифтитоҳи ҳама намудҳои истироҳатгоҳҳо танҳо дар асоси хулосаи мақомоти давлатии назорати санитарию эпидемиологӣ ва бехатарӣ аз сухтор иҷозат дода, дар истироҳатгоҳҳо таъмини хӯроки гарм тибқи талаботи қоида ва меъёрҳои санитарӣ ташкил карда мешавад.

Барои ба таври доимӣ ба истироҳат ва фароғат фаро гирифта шудани кӯдакон ва наврасон аз тарафи роҳбарияти давлату ҳукумат пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Хусусан дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама гӯшаву канори ҷумҳурӣ корҳои назаррасе ба сомон расида истодааст.

Эраҷ САЛИМОВ,

устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Previous Post

СУХАНРОНӢ ДАР ВОХӮРӢ БО БУНЁДГАРОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «РОҒУН»

Next Post

МАҶЛИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
МАҶЛИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ИФТИТОҲИ БИНОИ РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ГУРӮҲИ НОҲИЯҲОИ ВОДИИ ҲИСОР ВА ТАҚДИМИ ХОНАҲОИ ИСТИҚОМАТИИ ХИЗМАТӢ БА КОРМАНДОНИ ОН

ИФТИТОҲИ БИНОИ РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ГУРӮҲИ НОҲИЯҲОИ ВОДИИ ҲИСОР ВА ТАҚДИМИ ХОНАҲОИ ИСТИҚОМАТИИ ХИЗМАТӢ БА КОРМАНДОНИ ОН

09.12.2025
КОРРУПСИЯ-ЗУҲУРОТИ ХАТАРНОКИ ҶОМЕА

КОРРУПСИЯ-ЗУҲУРОТИ ХАТАРНОКИ ҶОМЕА

09.12.2025
ТАҲЛИЛУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ

ТАҲЛИЛУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ

06.12.2025
ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ БАРОИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД ШАРАФ АСТ

ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ БАРОИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД ШАРАФ АСТ

05.12.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook