Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

ҲУҚУҚИ ИНСОН–АРЗИШИ МУҲИМТАРИНИ ТАМАДДУНИ ҶАҲОНӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
09.12.2024
in Мақола
0
ҲУҚУҚИ ИНСОН–АРЗИШИ МУҲИМТАРИНИ ТАМАДДУНИ ҶАҲОНӢ
0
SHARES
43
VIEWS
Share on Facebook

Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки бадалшавии тадриҷии фазои ҷаҳонӣ ба минтақаи ягона мебошад ва авзои сиёсии ҷаҳони имрӯза дар ҳоли дигаргунӣ қарор дорад, яке аз масъалаҳои муҳимтарини глобалӣ ва дохилидавлатӣ эҳтироми ҳуқуқи инсон мебошад. Ҳуқуқи инсон ба ҳар як одами дар ҷаҳон зиндагикунанда танҳо ба он хотир хос аст, ки ӯ, пеш аз ҳама, инсон аст. Ҳуқуқҳои инсон барои он лозим ва зарур аст, ки моҳияти инсонии ҳар одам нигоҳ дошта шуда, барои ҳар як инсон дар рӯйи замин зиндагии шоистаю шарафмандона таъмин гардад.

Бадалшавии тадриҷии фазои ҷаҳонӣ дар нимаи дуюми садаи бистум нишон дод, ки мақсади оламгирии қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ, ҷангҳои якум ва дуюми ҷаҳон, беандешагӣ ва носипосӣ ба ин арзиши муқаддас, яъне инсон ва ҳуқуқу озодиҳояш, ба сари инсоният чӣ қадар нохушӣ ва фалокатҳои азимеро бор овард. Бахусус, ҷанги дуюми ҷаҳон, ки дар натиҷаи он зиёда аз 60 миллион одам аз беҳтарин арзиши умумиинсонӣ-ҳуқуқ ба ҳаёт маҳрум гардиданд. Бинобар ин, ҷомеаи ҷаҳонӣ дарк намуд ва ҳамзамон, ба хулоса омад, ки эҳтироми падидаи ҳуқуқи инсонро ба яке аз принсипҳои муҳимтарини фаъолияти давлат, созмонҳои байналмилалӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар сатҳи ҳуҷҷатҳои муҳимтарини байналмилалӣ эътироф ва мустаҳкам намояд.

Баъд аз ҷанги дуюми ҷаҳон маркази ҳамкории давлатҳо оид ба эътироф ва ҳифзи ҳуқуқи инсон Созмони Милали Муттаҳид гардид. Оинномаи СММ, ки соли 1945 қабул шуд, эҳтироми ҳуқуқи инсонро дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дода, онро дар сатҳи меъёрӣ-ҳуқуқӣ мустаҳкам намуда, кафолат дод. Аз ҷумла, дар моддаи якуми санади мазкур муҳимтарин нуктаҳои ҳамкории давлатҳои ҷаҳон дар заминаи эҳтироми падидаи ҳуқуқи инсон мустаҳкам гардид, ки минбаъд он ба яке аз принсипҳои муҳимтарини ҳуқуқи байналмилалӣ табдил ёфт.

Фаъолияти густурдаи СММ-ро дар бахши эътироф ва ҳимояи ҳуқуқи инсон метавон ба таври назаррас маънидод намуд, зеро аз лаҳзаҳои аввали ташкилшавӣ ин ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ эҳтироми падидаи ҳуқуқи инсонро дар маркази таваҷҷуҳ ва фаъолияти хеш қарор дода, дар ин замина, як қатор санадҳои байналмилалии ҳуқуқиро, ки кафолатдиҳандаи ҳуқуқи инсон мебошанд, ба тасвиб расонд. Ҳанӯз дар иҷлосияи аввалини созмони мазкур моҳи январи соли 1946 дар хусуси қабул намудани ҳуҷҷати махсус оид ба ҳуқуқи инсон қарор қабул гардида, ҳамзамон, оид ба қабули ҳуҷҷати мазкур комиссияи махсус дар моҳи феврали ҳамон сол таъсис дода шуд. Дар аввал ҳуҷҷати мазкур бояд дар шакли санади том қабул мешуд, аммо баъдан ба хулоса омаданд, ки он бояд дар шакли се ҳуҷҷат: эъломия, ки хусусияти тавсиявӣ дошт ва ду паймон, ки барои давлатҳои иштирокчӣ хусусияти ҳатмӣ дошта бошад, қабул шавад. Ҳамин тавр, 10-уми декабри соли 1948 аз ҷониби иҷлосияи кул Эъломияи умумии ҳуқуқи башар бо ҷонибдории 48 овоз қабул гардид. Эъломия аз 30 модда иборат буда, дарбаргирандаи муқаррароти умумӣ оид ба муҳимтарин нуктаҳои хуқуқи инсон мебошад, ки барои давлатҳои иштирокчӣ хусусияти тавсиявӣ дорад. Ин заминаи нахустин дар ҷодаи кафолатнокии ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосии ӯ мебошад.

Баъдан, дар заминаи эъломияи мазкур зиёда аз 100 санади байналмилалӣ-ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон қабул гардид, ки метавон онҳоро махзани муҳимтарини ҳуқуқӣ зимни эътирофу ҳифзи ҳуқуқи инсон номид. Паймони байналхалқӣ оид ба ҳуқуқҳои шахсӣ ва сиёсӣ, Паймони байналхалқӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои кӯдак, Конвенсия дар бораи манъи табъизи нажодӣ, Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ва монанди инҳо аз ҷумлаи он санадҳои муҳими меъёрии ҳуқуқӣ мебошанд.

Байни ҳадафҳои СММ амалисозии ҳамкориҳои бисёртарафа дар ҳавасмандсозӣ ва рушди эҳтиром ба ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосӣ барои ҳама бе фарқ кардани нажод, ҷинс, забон ва дин ҷойи махсусро ишғол мекунанд.

Қарордодҳои байналмилалии дар соҳаи ҳуқуқи инсон тибқи ҳадафҳо ва принсипҳои СММ барои ҳифзи сулҳу амният, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ қабулшуда барои Тоҷикистон аҳамияти бағоят бузург доранд. Зеро кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон яке аз аломатҳои муҳими давлати ҳуқуқбунёди Тоҷикистон мебошад. Бинобар ин, дар шароити барпо намудани давлати демократию ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандии инкишофёфтаю пурқувват эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон ба яке аз вазифаҳои муҳимтарин мубаддал гаштааст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади асосии дорои эътибори олии ҳуқуқие мебошад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эълон намуда, кафолат додааст. Боби 2 Конститутсия ба ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шуда, дар он номгӯйи васеи ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии инсон ва шаҳрванд эътироф гардидааст. Дар баробари ин, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои баробарӣ ва манъи табъиз, дахолат накардан ба корҳои шахсии инсон, ҳуқуқу озодиҳое, ки мақоми ҳуқуқии на танҳо шаҳрвандони мамлакат, балки шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандро низ ташкил медиҳад, ҳифзи категорияи алоҳидаи одамон, маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таваҷҷуҳи махсус зоҳир шудааст. Тавре аз дебочаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, озодӣ ва ҳуқуқи шахс муқаддас буда, мустаҳкамнамоии ин меъёр дар дигар моддаҳои Конститутсия асоси ҳуқуқии худро ёфтааст, ки тасдиқи он моддаи 5 ва боби 2-и он мебошад.

Метавон гуфт, ки моҳияти асосии давлати Тоҷикистон умумииҷтимоӣ буда, танҳо амали воқеии қонун бо нишондодҳои он метавонанд ҳуқуқу озодиҳои инсонро воқеӣ гардонида, муташаккилии назму субот ва инкишофи рӯзафзуни ҷомеаро таъмин намояд.

Намоз АМОНЗОДА,

судяи Суди шаҳри Душанбе

Previous Post

МИЗИ МУДАВВАР: ТАЪМИНИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Next Post

«ҲОМИИ ВАТАН», ВАТАН АЗИЗАТ ДОРАД!

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
«ҲОМИИ ВАТАН», ВАТАН АЗИЗАТ ДОРАД!

«ҲОМИИ ВАТАН», ВАТАН АЗИЗАТ ДОРАД!

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

15.05.2025
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

09.05.2025
МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

09.05.2025
СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

08.05.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook