Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

«ҲОМИИ ВАТАН» 30 СОЛ БО МУҲОФИЗОНИ МЕҲАН

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
10.12.2023
in Хабар
0
«ҲОМИИ ВАТАН» 30 СОЛ БО МУҲОФИЗОНИ МЕҲАН
0
SHARES
1.3k
VIEWS
Share on Facebook

30 сол қабл, 10-уми декабри соли 1993 аввалин шумораи рӯзномаи «Ҳомии Ватан» таҳти №1, бо забонҳои тоҷикиву русӣ, дар ҳаҷми чаҳор саҳифа ва зери шиори «Шуҷоат, Шараф ва Садоқат» аз чоп бароварда шуда, дастраси хонанда гардид.

Рӯзномаи «Ҳомии Ватан» ҳанӯз аз рӯзҳои таъсису фаъолияташ инҷониб барои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо таҳияву пешниҳоди маводи гуногуни иҷтимоиву иқтисодӣ, сиёсиву низомӣ, фарҳангиву фароғатӣ ва варзишӣ чун манобеи асосии иттилооти расмӣ хизмат кардааст. Дар ҳар як шумораву саҳифаҳои рӯзномаи мазкур аз корнамоиву диловарӣ, ҷасорату мардонагӣ, ҷоннисории муҳофизони Ватан дар роҳи таҳкими давлатдории миллӣ, дӯст доштану чун шарафу номуси худ дифо кардан аз марзу буми аҷдодӣ, ҳимояи ҳама муқаддасоти миллӣ ва рушду камоли Артиши миллӣ қадам ба қадам тасвир ёфтааст.

Зимни мутолиа ва азназаргузаронии саҳифаҳои рӯзномаи «Ҳомии Ватан» бараъло эҳсос мегардад, ки гурӯҳи эҷодӣ дар ҳар як шумораи нашрияи мазкур маводу мақолаҳои бисёр ҷолибу хонданибобро омодаву рӯйи чоп овардаанд, ки дар онҳо гузаштаи начандон дури таърихии Артиши миллӣ, ҳаёту зиндагонии кунунии афсарону сарбозони нерӯҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ, хизмати софдилонаи низомиёни кишвар дар давоми беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ ва марҳилаҳои ниҳоят мушкилу пурпечутоби ҷузъу томи Қувваҳои Мусаллаҳ дар онҳо воқеъбинона инъикос ёфтааст.

Аз мазмуну мӯҳтавои маводу матолиби чопгардидаи рӯзномаи соҳавии Вазорати мудофиа ба хулосае омадан мумкин аст, ки нашрияи ҳарбӣ-сиёсии «Ҳомии Ватан» ҳамқадаму ҳамқарини Артиши ҷавони Тоҷикистон мебошад.

Даҳсолаи аввал

Таҳлили маҷмӯи маъхазҳои 10 солаи аввали рӯзнома, ки давоми солҳои 1993-2003-ро дар бар мегиранд, асосан инъикосгари марҳилаҳои бисёр ҳассоси солҳои аввали Тоҷикистони соҳибистиқлолу навбунёд ва нақши беназири Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди давлатдории тоҷикон ва Артиши миллии он дар худ таҷассум намудааст.

Дар давоми 10 соли аввали фаъолият, ҳайати эҷодӣ ва кормандони рӯзнома мавзӯъҳои гуногуну таъсирбахшро оид ба тадбирҳои оқилонаву саривақтӣ ва заҳматҳои шабонарӯзии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ба эътидол овардани вазъияти ҳарбӣ-сиёсӣ дар мамлакат, хизматҳои арзандаи афсарону сарбозонро дар сангарҳои оташгир, ҷоннисории хизматчиёни ҳарбиро дар роҳи ҳимоя аз дастовардҳои Истиқлоли миллӣ, баргузории аввалин Паради ҳарбӣ, давраҳои ташкилу бунёди навъи қӯшунҳо, таъсиси нахустин қисмҳои низомии Артиши миллӣ, мушкилоти норасоии кадрҳои низомиву афсарони касбӣ ва дар маҷмӯъ аҳли қалами рӯзнома зинаҳои нахустини бунёд, ибтидо ва такомули Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистони азизро ба тасвир кашидаанд.

Дар он рӯзу лаҳзаҳои бисёр душвор барои аҳолии Тоҷикистон ва ҳайати шахсии Артиши миллии он, ҳайати эҷодии рӯзномаи «Ҳомии Ватан» тамоми нерӯйи зеҳнии хешро ба он равона намуда буданд, ки бо меҳнати фидокорона, истеъдоди моҳирона, нигоштаҳои ободкорона ва интишори очерку мақолаҳои ватандӯстона, маводу матолиби умедбахшро рӯйи чоп оваранд, дасгириву ғамхориҳои Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба низомиёни мамлакат расонанд, бо як тасвири хоси нозукбаёнӣ ҳисси ноумедиву нотавониро аз афкори шаҳрвандон, ба хусус ҷавонону хизматчиёни ҳарбӣ дур созанд, орзуву омоли накӯро дар қалбу вуҷуди мардум бедор намоянд, хонандаро ба ояндаи дурахшону некфарҷом ҳидоят кунанд ва халқу миллатро ба иттиҳоду сарҷамъӣ даъват созанд.

Даҳсолаи дуввум

Дар давоми солҳои 2003-2013, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аллакай ба марҳилаҳои нави рушди касбият қадам ниҳода, дар остонаи 20 солагии таъсисёбӣ қарор дошт, аҳли қалами рӯзномаи «Ҳомии Ватан» низ дар шумораҳои минбаъда бештар ба пояҳои устувори давлатдории тоҷикон, фазои сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон ва доир ба нақши Артиши миллӣ дар пойдору бегазанд нигоҳ доштани амну субот дар кишвари азизамон, маводу матолиби хеле ҷолибу пурмазмун ва хабару гузоришҳои таъсирбахшро рӯйи чоп овардаанд.

Дар ин замина аҳли эҷоди рӯзнома бо тасвиру нигоштаҳои худ Қувваҳои Мусаллаҳи 20 солаи Тоҷикистонро нисбат ба артише, ки дар солҳои 1997-уми асри гузашта амал мекард қиёс намуда, дастоварду комёбиҳои онро беназир унвон кардаанд. Дар аксари маводу мақолаҳои муҳаррирону муаллифон ва хабарнигорони рӯзнома мазмунан қайд гардидааст, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлоли Артиши миллии мамлакат аллакай санҷишҳои сахту сангинро пушти сар карда, бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам аз лиҳози таъминоти моддӣ-техникӣ, силоҳу муҳиммоти ҳозиразамонӣ ҳарбӣ ва таҷрибаву маҳорати касбӣ, ҳамаҷониба муҷаҳҳазу мукаммал гардидааст ва он дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ба як нерӯйи пуриқтидор табдил ёфта, муҳофизати ҳама музаффариятҳои Истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ ва ҳимояи марзу буми аҷдодиро аз ҳаргуна хавфу хатар бар дӯши худ гирифтааст.

Даҳсолаи сеюм

Даҳсолаи сеюми фаъолияти аҳли эҷоди рӯзномаи «Ҳомии Ватан» солҳои 2013-2023-ро дар бар мегирад, ки сухан аллакай дар бораи артиши муосири касбӣ меравад. Аз мутолиа ва таҳлилу омӯзши нашрияи мазкур аён мегардад, ки Тоҷикистони азиз дар давоми беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ, бо роҳнамоӣ ва дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитон, генерали артиш, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Артиши миллиро ба як нерӯйи пуриқтидоре табдил додааст, ки афсарону аскарони Ватан, бо масъулияти баланди меҳанпарастӣ, савганди садоқатмандӣ, иродаи қавӣ, интизоми намунавию сатҳи баланди омодабошии ҷангӣ ва муҳимтар аз ҳама бо ифтихору сарфарозӣ аз Ватану ватандорӣ метавонанд бе ягон мамониат қудрати дифоии кишвар, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, ҳаёти осоиштаи мардумони Тоҷикистонро таъмин намоянд ва бо фароҳам овардани фазои сулҳу амнияти мамлакат дар роҳи рушду камоли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони азиз қадамҳои устувор гузоранд.

Дар интиҳо

Умуман, таҳлили ҳамаҷониба ва мутолиаи саҳифаҳои рангини рӯзномаи «Ҳомии Ватан», таърихи мухтасари бунёди давлатдории тоҷикон, марҳилаҳои пурпечутоби Тоҷикистон, ҷоннисории ҳамватанон, гузоштани нахустин хиштҳо дар пойдевори Артиши миллии он ва дар зарфи беш аз 30 сол бо ранҷу машаққат, талошу заҳмат ва хизматҳои содиқонаву софдилона, ноил шудан ба ҳаёти орому осоишта ва расидан ба ҳама комёбиву муваффақиятҳои арзанда ниҳоят барҷаста тасвир ёфтааст.

Ин аст, ки рӯзномаи «Ҳомии Ватан» имрӯз дар байни ҳайати шахсии хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногун маҳбубияти зиёдеро касб намуда, нақши он дар ҳаёти муҳофизони Ватан бисёр назаррас мебошад.

Аминам, ки дар минбаъда низ ҳайати эҷодии рӯзнома тамоми нерӯву қобилияти зеҳнии хешро ба офариниши беҳтарин очерку мақолаҳо, нигоришу гузоришҳо ва маводу матолиби боз ҳам ҷолибу шавқовар равона карда, саодати зиндагии шаҳрвандони кишвар ва муҳофизони Тоҷикистони азизро боз ҳам рангинтар мегардонанд.

Ҷашни 30 солагии таъсисёбии нашрияи Вазорати мудофиа бароятон пояндаву фархунда бод афсарону сарбозони шуҷои меҳан ва аҳли эҷоди рӯзномаи «Ҳомии Ватан»!

Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,

сардори Маркази матбуоти

Вазорати мудофиаи

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

полковник

Previous Post

СУХАНРОНӢ ДАР СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «БОБОҶОН ҒАФУРОВ – БУЗУРГТАРИН МУҲАҚҚИҚ ВА МУАРРИФГАРИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК», БА ИФТИХОРИ 115-СОЛАГИИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ

Next Post

ҶАМЪБАСТУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАВРИ ДУЮМИ ОМЎЗИШӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ҶАМЪБАСТУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАВРИ ДУЮМИ ОМЎЗИШӢ

ҶАМЪБАСТУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАВРИ ДУЮМИ ОМЎЗИШӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

15.05.2025
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

09.05.2025
МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

09.05.2025
СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

08.05.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook