Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

«ҲОМИИ ВАТАН», ВАТАН АЗИЗАТ ДОРАД!

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
10.12.2024
in Хабар
0
«ҲОМИИ ВАТАН», ВАТАН АЗИЗАТ ДОРАД!
0
SHARES
122
VIEWS
Share on Facebook

Ба андешаи муҳаққиқони соҳа матбуот ҳамчун як рукни муҳими сиёсӣ ва маънавии ҷомеа дар таҳкими асолати миллӣ, давлатдорӣ, худшиносии комил, ҷаҳонбинӣ ва завқи мардум, пойдории адолату воқеияти рӯзгор нақши муассир дорад. Имрӯзҳо ба назар мерасад, ки матбуоти даврӣ рисолати худро бобати расонидани иттилооти воқеӣ, ташаккули афкори созанда, тарбияи насли солиму хештаншинос адо намуда, дар таҳкими ҷомеаи мутамаддин ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон саҳми амиқ ва шоиста гузошта истодааст.

Имрӯз аз таъсисёбиии нашрияи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аввалин нашриёти низомӣ дар мамлакат, рӯзномаи ҳарбӣ-сиёсии кишвар-«Ҳомии Ватан» 31 сол пур шуд. Ҳанўз дар саҳифаи аввали нахустшумораи он Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нашри ин рӯзномаро як падидаи нек арзёбӣ намуда буданд.

Рӯзномаи «Ҳомии Ватан», ки ҳамқадами Артиши миллист, аз замони таъсисёбӣ инҷониб тавонист, рисолати аслии худ, яъне инъикоси масоили ҳарбии мамлакатро ба таври назаррас иҷро намояд. Ин аст, ки ҳайати эҷодӣ ва кормандони рӯзнома пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар саҳифаҳои рӯзномаи мазкур бештар маводи ватандӯстонаву тарғибкунандаи хизмати ҳарбиро ба чоп расонанд.

Воқеан, рӯзномаи «Ҳомии Ватан» дар тӯли беш аз се даҳсолаи фаъолияти худ бо инъикоси саривақтии мавзуъҳо аз ҳаёт ва фаъолияти хизматчиёни ҳарбӣ, пеш аз ҳама сарбозони ҷасуру тавонои меҳан маҳбубияти хосае дар байни хонандагон ва аҳли илму адаби кишвар дорад. Аз ин рӯ, ҳайати эҷодии рӯзнома бо масъулияти баланд дар пайи эҷод ва нашри матолиби ҷолиб буда, пайваста кӯшиш менамоянд вазифаву уҳдадориҳои эҷодии худро сарбаландона иҷро намоянд ва бар ин васила дар таҳкими худшиносиву эҳсоси волои ватандӯстонаи хизматчиёни ҳарбии Қуввањои Мусаллаҳ саҳми арзанда гузоранд.

Шоири халқии Тоҷикистон Озарахш тавсифи рӯзномаи “Ҳомии Ватан”-ро хело зебо ва шоирона ба қалам додааст. Мавсуф ин рӯзномаи ҳарбиёнро дилсӯзи сухан ва ғамхори чаман унвон дода, нақши нигоштаҳои онро дар ҳифзи марзу бум ва баланд бардоштани ҳисси ифтихори афсарону сарбозон муҳим арзёбӣ кардааст.

Дилсӯзи сухан, сухан азизат дорад,

Ғамхори чаман, чаман азизат дорад.

Нақши қаламат ҳифзи диёру ёр аст,

«Ҳомии Ватан», Ватан азизат дорад!

Шоҳин ШАРИФОВ,

Сармутахассиси

Рӯзномаи “Ҳомии Ватан”

Previous Post

ҲУҚУҚИ ИНСОН–АРЗИШИ МУҲИМТАРИНИ ТАМАДДУНИ ҶАҲОНӢ

Next Post

КОРРУПСИЯ-АМАЛИ НОМАТЛУБУ ХАТАРНОК

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
КОРРУПСИЯ-АМАЛИ НОМАТЛУБУ ХАТАРНОК

КОРРУПСИЯ-АМАЛИ НОМАТЛУБУ ХАТАРНОК

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

15.05.2025
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

09.05.2025
МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

09.05.2025
СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

08.05.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook