Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати Мудофияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ҲОКИМИ МАЙДОНИ ҲАРБ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
29.06.2021
in Хабар
0
ҲОКИМИ МАЙДОНИ ҲАРБ
0
SHARES
181
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Имрӯз дар ҷаҳони муосир таркиби аслии Қувваҳои Мусаллаҳи тамоми давлатҳоро навъҳои навтарини қӯшун ташкил намояд ҳам, вале қувваи асосӣ ва зарбазани онҳоро маҳз қӯшунҳои пиёданизом ташкил мекунад. Ҳангоми ташкил додани Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол низ ин принсип сарфи назар нашуд. Аз ин хотир, Қӯшунҳои хушкигарди мо низ ҳамчун шоҳсутун ва як навъи муҳиму сершумортарини  Қувваҳои Мусаллаҳ 23-юми июни соли 1993 дар ҳайати Вазорати мудофиа таъсис дода шуд. Вобаста ба вазъи ҳарбӣ-сиёсӣ ва бо дарназардошти зарурати ҳамондавра, ташкил кардани нахустин ҷузъу томи навъи қӯшун дар асоси дастаҳои ҷабҳаи халқӣ оҒоз шуда, минбаъд маҳз онҳо ба бунёди Қувваҳои Мусаллаҳи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон асос гузоштаанд.

 КОР АЗ ЧӢ ОҒОЗ ШУД?

Қӯшунҳои хушкигард дар аввал ҳайати Вазорати мудофиа ҳамчун Раёсати навъи қӯшун таъсис ёфта, бинобар зарурат, нахустин қисму ҷузъу томҳои он аз аввали соли 1993 аз ҳисоби дастаҳои кордида ва ба ҳукумати қонунӣ содиқи ҷабҳаи халқӣ мувофиқи нақшаи муайяни ҳарбӣ таъсис дода шудаанд.

Дар баробари ба тартиб даровардани расмияти қонунӣ, аз рӯзҳои нахустини ташкилёбӣ ҳайати шахсии ҷузъу томи қӯшун баҳри барқарор кардани ҳукумати конститутсионӣ, безарар гардонию нобудсозии дастаҳои мусаллаҳи Ғайриқонунии зиддиҳукуматӣ иштирок карда, бо садоқату ҷонфидоӣ, далерию матонат ҳомии ҳақиқии Ватан буданашонро собит намудаанд. Ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбии ҳамонвақтаи 13483 (08014), 07017, 23441(08012), 08010 ва дигарон баҳри иҷрои вазифаҳои хизматию ҷангӣ ва дар барқарор кардани сохти конститусионӣ саҳми басо арзанда гузоштаанд Хизмати арзандаву фидокоронаи бисёр афсарону сарбозони Қӯшунҳои хушкигард дар ҳифзи Ватан ва иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар таърихи пуршарафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо ҳарфи заррин сабт гардида, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд.

 РУШДУ КАМОЛОТИ ҚӮШУН

Баробари рушд ва иҷрои вазифаҳои муҳими ҷангӣ-хизматии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, дар Қӯшунҳои хушкигард низ қисму воҳидҳои ҳарбии нав таъсис ёфта, онҳо ботадриҷ бо тамоми намуди техникаву силоҳи замонавии ҷангӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Ҳамзамон, дар ҳайати қӯшун чандин қисмҳои ҳарбии мустақил ва воҳидҳои алоҳидаи махсуси низомӣ ба фаъолият пардохтанд. Дар як вақт, барои мувофиқгардонӣ ба талабот, баҳри иҷрои муваффақонаи вазифаҳои хизматӣ ва ҷангии ҳайати шахсӣ тадриҷан тамоми шароитҳои имконпазир фароҳам оварда шуд. Ҳамин буд, ки онҳо тайи солҳои гузашта бо хизмати содиқона ба халқу Ватан дар ҳифзи дастовардҳои соҳибистиқлолӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гаштаанд. Тайи солҳои гузашта ҳайати шахсии қӯшун дар тамоми амалиётҳо ба муқобили дастаҳои Ғайриқонунию ҷиноятпеша, ошӯбгару Ғоратгар, дар машқу тамринҳои ҳарбӣ бо дигар навъи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва ҷузъу томҳои давлатҳои ИДМ, СААД, ШОС фаъолона иштирок намуда, бо иҷрои муваффақонаи вазифаҳои гузошташуда шарафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд бардошта омадаанд.

ҚӮШУНҲОИ ХУШКИГАРД МАХЗАНИ КАДРҲО                                                             

Ифтихор мекунем, ки Қӯшунҳои хушкигард махзани кадрҳои соҳибистеъдоди ватандӯст ба ҳисоб рафта, аз рӯзи ташкилёбиаш бисъёр фарзандони фарзонаи миллату давлат фаъолияти хизматиашонро дар ин ҷо оҒоз намуда, ҷиҳати ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳифзи Ватан хизматҳои арзанда намудаанд.

Дар ташкилу тақвият ва такомули Қӯшунҳои хушкигард, тарбияи кадрҳои афсарӣ, баланд бардоштани омодабошии ҷангӣ, мустаҳкам намудани интизоми ҳарбӣ генерал-майор Абдуласанов Абдуназар (руҳашон шод бод), генерал-полковник Шералӣ Мирзо, генерал-майор Раҳматзода Миралӣ, генерал-лейтенант Собирзода Эмомалӣ, генерал-майор Мӯминзода Бахтиёр, генерал-майор Маҳмадов Сӯҳроб, полковникон Алибоев Баҳром, Ҳамзаев Олим, Салимов Абдулфайз, Урмонов Зокир, Меликов Зайдулло, Ҷӯраев Музаффар, подполковник Шаламов Абдулразӣ  ва садҳо дигарон саҳми сазовор гузоштанд. Беҳуда нест, ки имрӯз ҳам аксарияти кадрҳои роҳбарикунандаи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро маҳз мутахассисоне ташкил медиҳанд, ки дар ҳайати Қӯшунҳои хушкигард обутоб ёфта, соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ гардидаанд.

 

ФАЪОЛИЯТИ ИМРӮЗАИ ҚӮШУН

Қӯшунҳои хушкигард дар солҳои Истиқлоли давлатӣ бо иштироки фаъолонааш дар амалиётҳои ҷангӣ, машқу тамринҳо таҷрибаи бойи ҷангӣ андӯхта, маҳорату қобилияти ҷангиашро боз ҳам баландтар бардошта,  имрӯз ба як навъи пуриқтидори Қувваҳои Мусаллаҳ, гарави сулҳи кишвар, амнияти давлату ҷомеа ва зиндагии осоиштаи мардуми тоҷик табдил ёфтааст.

Албатта, қӯшуни имрӯза аз қӯшуни солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба таври куллӣ фарқ мекунад. Имрӯз Қӯшунҳои хушкигард ҳамчун навъи пешқадами Артиши миллӣ бо омодагии баланди ҷангӣ пурзӯру тавоно, бо тамоми воситаҳои зарурии ҷангӣ муҷаҳҳаз, дорои шаҳракҳои обод ва шароитҳои муносиби хизмат мебошад. Вазифаи асосии қӯшун аз бурдани амалиётҳои ҷангӣ дар хушкӣ бо истифодаи ҳамаи намудҳои техника ва силоҳи ҷангӣ иборат аст. Имрӯз дар ихтиёри қӯшун техникаҳои танкӣ, мошинҳои гуногуни зиреҳпӯш, тӯпҳо, воситаҳои гуногуни тирандозӣ  мавҷуд буда, қодир аст ҳар як вазифаи ҷангиро шарафмандона ва дар вақташ иҷро намояд. Барои такмили малакаю маҳорати хизматчиёни ҳарбӣ дар ҷузъу томҳо, барои гузаронидани машҒулияту машқҳо майдончаҳои машқии тактикӣ, монеаҳои варзишӣ, омӯзиши посбонӣ, муҳандисӣ-сапёрӣ, майдончаҳои варзишӣ, шаҳрчаҳои тирпарронӣ ва дар баъзеашон майдонҳои омӯхтану идора кардани танку тӯпҳои худгард, автомашинаҳои ҳарбӣ бунёд карда шуданд. Ҳамаи инҳо барои баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷангӣ ва иҷрои муваффақонаи вазифаҳои гузошташуда заминаҳои устувор мегузоранд.

 

ФОНДИ БЕБАҲОИ ҚӮШУН

Имрӯз фонди бебаҳои навъи қӯшун афсарони ҷавону баландихтисоси касбӣ ба ҳисоб рафта, ҳамасола шумораашон аз ҳисоби хатмкунандагони муассисаи олии касбии ҳарбии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар меафзояд.

Имрӯз қисми асосии ҳайати шахсиро афсарони ҷавон ташкил медиҳанд. Тавре маълум аст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон боварию эътимоди зиёд доранд. Маҳз бо назардошти таъкидҳои Пешвои муаззами миллат ҳоло бисёр вазифаҳои муҳими фармондеҳии ҷузъу томҳо ба зиммаи кадрҳои ҷавон вогузошта шудааст. Афсарони ҷавон ба анъанаҳои гузаштагони хеш содиқ буда, сиёсати сулҳҷӯёна ва созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати кишварро маъқул ва дастгирӣ менамоянд. Онҳо ҳамеша ба Савганди ҳарбӣ ва Сарвари давлат содиқ буда, омодаанд дастовардҳои соҳибистиқлолии кишварро ҳамчун гавҳараки чашм ва ба таври эътимодбахш ҳифз намоянд. Ҳайати шахсии гуногунмиллати қӯшун дар фазои дӯстӣ ва ваҳдату якдигарфаҳмӣ қарзи муқаддасашонро баҳри ҳифзи Ватан ба ҷо оварда, барои ҳифзи сулҳу осоиш, амнияти давлату ҷомеа ва таъмини зиндагии осоиштаи мардуми тоҷик хизмати шоиста менамоянд.

Итминон дорем, ки ҳайати шахсии Қӯшунҳои хушкигард ба анъанаҳои ҷангии ниёгон ва Қувваҳои Мусаллаҳ содиқ буда, минбаъд низ дар роҳи пойдор гардонидани иқтидори мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми муносиб мегузоранд ва музаффариятҳои Истиқлоли давлатии кишварро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз хоҳанд кард. Дар ин ҷода мо ба онҳо барору пирӯзиҳо хоҳонем.

 

ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ

Имрӯзҳо кишварамон ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ дорад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ватанамон бемайлон рушд намуд, ободу зебо ва ба комёбиҳои назаррас ноил гашта, дар ин муваффақиятҳо саҳми  ҳайати шахсии қӯшунҳои хушкигард низ беандоза калон мебошад. Имрӯз вазифаи асосии Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ ва ҳамчунин ҳайати шахсии Қӯшунҳои хушкигард аз он иборат аст, ки тамоми дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ ба таври эътимоднок ҳифз ва шароити мувофиқи осоишта барои пешравии минбаъдаи мамлакат таъмин карда шавад. Ва мо ифтихор мекунем, ки ҳайати шахсии қӯшун дар мусобиқаи умумиҳарбии Артиши миллӣ фаъолона ширкат варзида, кӯшиш доранд ҷашни истиқлолро ба таври сазовор, бо нишондиҳандаҳои баланди хизмати ҳарбӣ, бо омодабошии баланди ҷангӣ ва интизоми намунавии ҳарбӣ истиқбол намоянд.

 

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – БАРНОМАИ АМАЛ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ва дар суханрониашон ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар назди Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳайати роҳбарикунандаи ҷузъу том вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Пешвои миллат таъкид сохтанд, ки ба руҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ ва худогоҳию худшиносӣ, тарбияи низомиёни ҷавон, тайёр кардани кадрҳои соҳибкасбу содиқ ба халқу Ватан, тақвияти иқтидори ҳарбӣ ва омодабошии ҷангии Артиши миллӣ таваҷҷуҳи хосса дода шуда, ба истеҳсоли амволи махсус, таъмири техникаи ҳарбӣ, таъминот бо лавозимоти ҷангӣ, ташкили чорабиниҳо оид ба афзоиши захираҳои сафарбарӣ ва ба ҷамъомаду машқҳои ҳарбӣ ҷалб намудани захираҳо тадбирҳо андешида шавад. Сарвари давлат талаб намуданд, ки омодабошии ҷангӣ дар сатҳи баланд нигоҳ дошта шуда, ҳайати шахсӣ дараҷаи дониш ва касбияташонро такмил дода, аз яроқу техникаи ҷангӣ ва имконияту воситаҳои мавҷудбуда самаранок истифода намоянд. Ин вазифаҳои гузоштаи Пешвои муаззами миллат барои ҳайати шахсии ҷузъу томи қӯшун барномаи амал мебошад.

 

БА ҲИФЗИ ВАТАН ОМОДААНД

Қӯшунҳои хушкигард, ки дар солҳои вазнину тақдирсози кишварамон баҳри ҳифзи Ватан ташкил ёфтааст, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ санҷишу имтиҳонҳои ҷиддиву сангинро паси сар намуда, бо содиқона иҷро намудани вазифаи касбӣ садоқаташро ба халқу Ватан собит сохт ва ҳамеша омодааст сулҳу осоиши сарзамини аҷдодиро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз намояд. Боварӣ дорем, ки ҳайати шахсии қӯшун ҳамчун фарзандони содиқи Ватан ба рисолати касбиашон ҳамеша содиқ буда, бо омодабошии баланди ҷангӣ, интизоми намунавии ҳарбӣ иди касбӣ ва ҷашни пуршукӯҳи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони азизро истиқбол хоҳанд гирифт.

 

Ҳайдар ХУДОЙҚУЛОВ, раиси

Шӯрои собиқадорони

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Previous Post

ШУКУФОИИ КИШВАР АЗ ВАҲДАТ АСТ

Next Post

ҶАВОНОНРО ГУМРОҲӢ БА ИФРОТГАРОӢ МЕБАРАД

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ҶАВОНОНРО ГУМРОҲӢ БА ИФРОТГАРОӢ МЕБАРАД

ҶАВОНОНРО ГУМРОҲӢ БА ИФРОТГАРОӢ МЕБАРАД

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

26.01.2023
МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

25.01.2023
РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

24.01.2023
ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

20.01.2023
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2014 - All Rights Reserved.ME
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook
  • Mix.tj