Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ВА МАНФИАТҲОИ КӮДАК ДАР ҚОНУН

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
21.08.2024
in Мақола
0
ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ВА МАНФИАТҲОИ КӮДАК ДАР ҚОНУН
0
SHARES
107
VIEWS
Share on Facebook

 Баъд аз интишори расмӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» мавриди амал қарор гирифта, қонуни қаблӣ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз 2 – юми августи соли 2011 аз эътибор соқит дониста шуд.

Пеш аз ҳама, бояд таъкид кард, ки ҳадаф аз қонуни мазкур ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдак мебошад, барои таълиму тарбияи онҳо дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ равона шудааст.

Дар ҳар боб ва моддаҳои қонуни мазкур оид ба мафҳумҳои дар қонуни мазкур истифодашаванда, доираи амали қонун, сиёсати давлатӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, салоҳият ва ваколатҳои он, комиссияҳои ҷамъиятӣ ва вазифаҳои онҳо, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар, ҳуқуқу уҳдадориҳои муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгор, пешгирии ҳуқуқвайронкориҳо, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонун маълумоти кофӣ оварда шудааст.

Ба ифодаи дигар қонуни миллӣ дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак ба ҳама талаботи мактаб ва ё раванди қонунофарӣ ҷавобгӯ мебошад.

Тавре гуфта шуд, ҳар боб ва моддаи қонуни мазкур шоистаи омӯхтану аз худ кардан мебошад. Ҳамчунин оид ба ҳар як банди он шарҳу тавзеҳи алоҳида мебояд, ки таҳия ва дар байни омма фаҳмонида шавад. Ба ин восита, пеши роҳи паҳн шудани ҳар гуна хабарҳои бардурӯғ ва иғвобарангез гирифта мешавад.

Сокинони мамлакат, ҳам дар шаҳру ҳам дар деҳоти дурдаст, ҳам омӯзгору деҳқон, ҳам корманду муҳоҷири меҳнатӣ дарк мекунанд, ки Қонуни мазкур на танҳо ба манфиати кӯдак, балки ба манфиати падар, модар, ҷомеа ва дар ниҳоят барои рушди давлату пойдории миллат равона шудааст.

Чунончӣ, дар моддаи 14 омадааст, ки падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак ҳуқуқҳои зеринро доранд:

1) ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдакро ҳимоя намоянд;

2) муассисаҳои таълимиро интихоб намоянд;

3) дар раванди таълиму тарбия, аз ҷумла назорати сатҳу сифати таълим ва донишомӯзии кӯдак дар муассисаҳои таълимӣ, иштирок ва мусоидат намоянд;

4) дар фаъолияти мақомоти худидоракунии муассисаи таълимӣ иштирок намоянд;

5) аз операторон ва провайдерони хизмати алоқаи барқӣ дар бораи аз тарафи кӯдак истифода шудани хизмати алоқаи барқӣ маълумоти дахлдорро ба таври ройгон гиранд;

6) ҷиҳати беҳтар намудани сифати таълиму тарбияи кӯдак ба муассисаи таълимӣ муроҷиат кунанд;

7) азхудкунии барномаҳои таълимиро назорат намоянд;

8) ба фаъолияти муассисаи таълимие, ки кӯдак дар он таҳсил мекунад, мусоидат намоянд;

9) ба раванди таълиму тарбия, мазмуни таҳсилот, давомот ва сатҳу сифати донишомӯзии кӯдак шинос шаванд;

10) бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷиҳати таълиму тарбияи кӯдак тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шартнома банданд;

11) нисбат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми аз ҷониби онҳо монеа эҷод кардан ба таълиму тарбияи кӯдак ба мақомоти дахлдор муроҷиат намоянд;

12) аз имтиёзҳои пешбинишуда тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намоянд;

13) дигар ҳуқуқҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ намоянд.

Дар моддаи 15 қонун гуфта шудааст, ки падару модар дар таълими кӯдак уҳдадориҳои зеринро доранд:

1) таълим гирифтани кӯдакро таъмин намоянд;

2) барои гирифтани таълиму тарбияи томактабии кӯдак тадбирҳо андешанд;

3) ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумии кӯдак монеъ нашаванд;

4) кӯдакро бо воситаҳои зарурии таълимӣ таъмин карда, барои таълими ӯ шароит муҳайё намоянд;

5) риояи пӯшидани либосҳои дахлдори муассисаи таълимиро аз ҷониби кӯдак дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таъмин ва назорат карда, ба шакли зоҳирӣ ва санитарию беҳдоштии ӯ диққат дода, бидуни зарурати тиббӣ ҷиҳати пешгирии тағйири сунъии намуди зоҳирӣ, аз ҷумла холкӯбӣ, чораандешӣ намоянд;

6) ба кӯдаки дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ ва руҳӣ барои таҳсил кардан ва касбу ҳунар омӯхтан шароит муҳайё намоянд;

7) донишомӯзӣ ва иштироки кӯдакро дар раванди таълим назорат карда, бо маъмурияти муассисаи таълимӣ, омӯзгорон ва кормандони дигари соҳаи маориф оид ба таълими кӯдак мунтазам ҳамкорӣ намоянд;

8) ба омӯзиши забони давлатӣ, инчунин забонҳои хориҷӣ мусоидат намоянд;

9) дар ҷаласаҳои падару модар ва чорабиниҳои дигари муассисаи таълимӣ фаъолона иштирок намоянд;

10) талаботи дахлдори қоидаву тартибот ва санадҳои дохилии муассисаи таълимиро, ки кӯдак дар он таълим мегирад, риоя намоянд;

11) дар ҷашну маросим ва таҷлили зодрӯзи кормандони муассисаҳои таълимӣ пешниҳоди туҳфаҳои молию пулиро аз ҷониби кӯдак манъ намоянд;

12) ҳама гуна пардохти маблағро аз ҷониби кӯдак ба кормандони муассисаҳои таълимӣ иҷозат надиҳанд;

13) гирифтани таълими ғайриқонунӣ, аз ҷумла таълими ғайриқонунии диниро аз ҷониби кӯдак роҳ надиҳанд;

14) таълими динии кӯдакро дар хориҷи мамлакат бе розигии хаттии мақоми ваколатдори давлатӣ иҷозат надиҳанд;

15) уҳдадориҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таълими кӯдак муқаррар намудааст, иҷро намоянд.

Дар баробари уҳадориҳои падару модар дар таълим ҳамчунин тибқи моддаи 16 падару модар дар тарбияи кӯдак уҳдадориҳои зеринро доранд:

1) ба кӯдак тибқи арзишҳои миллӣ номи нек гузоранд;

2) пас аз таваллуд кӯдакро аз қайди давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаронанд;

3) барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии кӯдак шароит муҳайё намоянд;

4) кӯдакро ба зиндагии мустақилона омода намоянд;

5) кӯдакро дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, волоияти қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, эҳтиром ба шахсияти худ ва атрофиён, оила, урфу одат, анъанаҳо, фарҳанги миллӣ ва халқҳои дигар, инчунин бартарии манфиатҳои миллӣ тарбия намоянд;

6) оид ба рушди маърифати ахлоқӣ, эстетикӣ, санитарӣ ва экологии кӯдак чораандешӣ карда, асосҳои гигиенаи шахсӣ, фарҳанги шаҳрнишинӣ ва муоширатро ба ӯ омӯзонанд;

7) кӯдакро дар руҳияи сарфаю сариштакорӣ ва муносибати эҳтиёткорона нисбат ба молу мулк ва арзишҳои дигар тарбия намоянд;

8) дар раванди тарбия нисбат ба кӯдак зӯроварӣ, аз ҷумла ҷазои ҷисмониро истифода набаранд;

9) шаъну шарафи кӯдакро эҳтиром намоянд ва ба муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ва пастзананда нисбат ба ӯ роҳ надиҳанд;

10) новобаста ба ҷинс, синну сол, қобилияти зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва руҳии кӯдакон, нисбат ба онҳо муносибати баробар дошта бошанд;

11) дар сурати хабардор шудан аз ҳолати кӯдаке, ки дар тарбияи дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қарор дорад, бо онҳо ҳамкорӣ намоянд;

12) ба марказҳои дилхушӣ рафтани кӯдакро манъ намоянд;

13) гаштугузори кӯдаки то шашсоларо бе ҳамроҳии шахси аз чордаҳсола боло дар кӯча ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ иҷозат надиҳанд;

14) аз соати 18:00 то соати 08:00 ба марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ рафтани кӯдаки худро иҷозат надиҳанд;

15) бе ҳамроҳии шахси болиғ гаштугузор кардани кӯдаки то шонздаҳсоларо дар ҷойҳои хатарнок манъ намоянд;

16) кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ, муомилаи дағалона бо атрофиён, халалдор намудани оромии ҷомеа, истифодаи суханҳои қабеҳ, рафтори дағалона дар кӯча, хиёбон, майдон, ҷойҳои фароғатӣ, дохили нақлиёт, хобгоҳ, манзили истиқоматӣ, дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва муносибати харобкоронаи кӯдакро ба муҳити зист пешгирӣ намоянд;

17) ба кӯдак ба муассисаи таълимӣ овардани маҳсулоти тамоку, машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, сахттаъсир ва мадҳушкунандаи дигар, асбобу ашёи манъшуда ва халандаву бурандаро, ба истиснои асбобу ашёи таълимӣ, манъ намоянд, инчунин ба гирифта гаштани онҳо роҳ надиҳанд;

18) фарҳанги истифодаи телефони мобилиро омӯзонанд ва ҷиҳати дар вақти дарс истифода набурдани он чораандешӣ намоянд;

19) ба кӯдак тамошои филмҳои дорои хусусияти террористӣ, экстремистӣ, тундгароӣ, ҷудоихоҳӣ, порнографӣ, ваҳшатангезӣ, зӯроварӣ ва аксу наворҳои дигари манъшударо иҷозат надиҳанд;

20) аз тарафи кӯдак мақсаднок истифода шудани интернетро назорат намоянд;

21) ба кӯдак мутолиа ва паҳн кардани сабту наворҳои электронӣ (аз ҷумла тавассути телефонҳои мобилӣ), китобҳо, варақаҳо, рӯзномаҳо, маҷаллаҳо ва дигар маводи чопии дорои хусусияти террористӣ, экстремистӣ, тундгароӣ, ҷудоихоҳӣ, порнографӣ ва зӯровариро манъ намоянд;

22) иштироки кӯдакро дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ба истиснои кӯдаконе, ки ба таври расмӣ дар муассисаҳои таълимии динӣ ба таълим фаро гирифта шудаанд, иҷозат надиҳанд;

23) ба кӯдак истеъмоли машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, маҳсулоти тамоку, моддаҳои психотропӣ ё моддаҳои мадҳушкунандаи дигарро манъ намоянд;

24) иштироки кӯдакро дар чорабиниҳои барои ӯ тавсиянашуда иҷозат надиҳанд;

25) ба кӯдак барои идора кардани воситаҳои нақлиёт бе шаҳодатномаи ронандагӣ, инчунин барои омадан ба муассисаи таълимӣ бо воситаҳои нақлиёти механикӣ иҷозат надиҳанд;

26) ба кӯдак ҷиҳати интихоби касбу кор мусоидат кунанд;

27) ба оворагардӣ ва рафторҳои зиддиахлоқии дигари кӯдак роҳ надиҳанд;

28) кӯдакро ба кори ғайриқонунӣ ҷалб насозанд;

29) ба зишту касиф ва хароб намудани биною иншоот, шикастани панҷараҳо, санги болои қабрҳо, ҳайкалҳо, нимпайкараҳо ва ороишоти дар оромгоҳҳо ва ҷойҳои таърихию фарҳангӣ насбшуда ва расондани зарари дигар ба онҳо аз тарафи кӯдак роҳ надиҳанд;

30) дастрасии кӯдакро ба маводи сӯзандаю тарканда ва силоҳ иҷозат надиҳанд;

31) истифодаи ҷавоҳирот, зару зевар, дигар ашёи қиматбаҳо (ба истиснои як ҷуфт гӯшвораи андозааш хурд барои духтарон)-ро аз тарафи кӯдак дар муассисаҳои таълимӣ манъ намоянд;

32) уҳдадориҳои дигарро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тарбияи кӯдак муқаррар намудааст, иҷро намоянд.

Акрам САНГЗОДА,
Бознашр аз АМИТ ХОВАР

Previous Post

ҚОНУНИ ТАНЗИМ: АЗ ТАҒЙИРОТ ТО ТАЛАБОТ

Next Post

ОБ САРЧАШМАИ ҲАЁТУ ЗИНДАГӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ОБ САРЧАШМАИ ҲАЁТУ ЗИНДАГӢ

ОБ САРЧАШМАИ ҲАЁТУ ЗИНДАГӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

23.06.2025
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

22.06.2025
НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2025
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

19.06.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook