Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ- ОМИЛИ МУВАФФАҚИЯТ ДАР МУОМИЛОТ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
03.08.2023
in Хабар
0
ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ- ОМИЛИ МУВАФФАҚИЯТ ДАР МУОМИЛОТ
0
SHARES
477
VIEWS
Share on Facebook

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода роҷеъ ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” аз 22-юми июни соли 2023, № 586, ба суолҳои бархе аз намояндагони васоити ахбори омма посухҳои мушаххас дод.

Ӯ аз ҷумла зимни мусоҳиба бо хабарнигорон зикр намуд, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” аз иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми декабри соли 2022 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ва амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми январи соли 2023, № 321 маншаъ мегирад.
Иқдоми мазкур саривақтӣ буда, пеш аз ҳама, барои таъмини шаффофияти амалиётҳои молиявӣ, ғанӣ гардондани буҷети давлатӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои инсонӣ заминаи мустаҳкам гузошта, барои баланд бардоштани рейтинги байналмилалии кишвар ва ҷалби сармояи хориҷӣ шароити мусоид фароҳам меоварад.
Гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ талаботи аҳолиро ба пули нақд коҳиш дода, навбатпоиро дар назди банкоматҳо ва хазинаҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои гирифтани пули нақд аз байн мебарад ва боиси сарфаи вақту хароҷоти иловагии аҳолӣ мегардад.
Ғайринақдӣ гардондани раванди пардохтҳо аҳамияти муҳими иқтисодӣ дошта, истифодаи воситаҳои пардохти ғайринақдӣ ҳангоми анҷом додани пардохти хизматрасониҳои давлатӣ ин равандро осон ва мувофиқ мегардонад.
Ҳоким Холиқзода иброз дошт, ки то қабул гардидани Фармони мазкур аз ҷониби низоми бонкии кишвар як қатор тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, барои татбиқи самараноки он заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, бо қабул шудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми ноябри соли 2018, № 565 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ташкилотҳои қарзии молиявӣ якҷо бо вазорату идораҳо ва корхонаю муассисаҳои давлатӣ имкони пардохт намудани як қатор хизматрасониҳои давлатиро таъмин намудаанд.
Бо мақсади рушди пардохтҳои ғайринақдӣ бошад, ташкилотҳои қарзии молиявии ватанӣ технологияҳои муосири молиявии рақамӣ, аз қабили кортҳои пардохтии бонкӣ, ҳамёнҳои электронӣ, бонкдории мобилӣ, Интернет-бонкинг, пардохтҳо тавассути POS-терминал ва QR-рамзро татбиқ менамоянд.
Зикр бояд кард, ки то 31-уми майи соли 2023 аз ҷониби низоми бонкӣ дар маҷмӯъ, зиёда аз 5,7 миллион кортҳои пардохтии бонкӣ ба муомилот бароварда шуданд, ки шумораи онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 43 фоиз зиёд мебошад. Инчунин, дар 5 моҳи соли ҷорӣ теъдоди умумии ҳамёнҳои электронӣ ба 7,7 миллион баробар гардида, дар муқоиса ба ҳамин санаи соли гузашта 63 фоиз афзуда аст.
Барои хизматрасонии дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ тавассути инфрасохтори қабули пардохтҳои ғайринақдии молу хизматрасониҳо дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ 4 152 адад POS-терминал ва 19 708 адад QR-рамз ташкил доданд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2022 шумораи POS-терминалҳо ба андозаи 9,2 фоиз ва QR-рамзҳо ба андозаи 34,5 дарсад зиёд мебошанд.
Таъкид шуд, ки айни замон, ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ бо истифода аз кортҳои пардохтии бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ 17 дарсадро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,3 банди фоизӣ зиёд гардидааст.
Таҳлили вазъи низоми бонкӣ нишон медиҳад, ки ташкилотҳои қарзии молиявӣ тамоми инфрасохтори барномавию техникии заруриро барои татбиқи босамари Фармон дар ихтиёр дошта, дар сурати тақвияти ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои давлатӣ омода ҳастанд қабули пардохти ғайринақдии хизматрасониҳои давлатиро тавассути замимабарномаҳои мобилӣ ва шабакаи терминалӣ ба роҳ монанд.
Ҳоким Холиқзода илова намуд, ки мушкилии асосие, ки айни замон дар соҳа ҷой дорад, набудани портали ягонаи пардохти хизматрасониҳои давлатӣ ва заифии инфрасохтори зарурӣ дар бархе аз вазорату идораҳои давлатӣ мебошад. Ҳол он ки ин муаммоҳо дар давлатҳои ҳамсоя солҳои пешин ҳалли худро ёфтаанд.
Мавсуф афзуд, ки тибқи банди 5 Фармони мазкур, чораҷӯии ниҳодҳои дахлдори давлатӣ ҷиҳати фаъол гардондани портали ягонаи пардохти хизматрасониҳои давлатӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Пеш аз ҳама, дар Фармон ишора гардидааст, ки то 31-уми декабри соли 2023 портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ фаъол гардонда шавад ва мо бовар дорем, ки то муҳлати ишорашуда ин инфрасохтори муҳиме, ки шаффофияти амалиётҳои пардохти хизматрасонии давлатиро таъмин менамояд, аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дигари масъул созмон дода мешавад.
Ҳамзамон, вазорату идораҳое, ки хизматрасониҳои давлатиро ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ анҷом медиҳанд, муваззаф гардидаанд, ки якҷо бо низоми бонкии кишвар ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” тамоми чораҳои заруриро андешанд.
Ҳоким Холиқзода чунин иброз дошт: “Моро зарур аст, дар доираи супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 23-юми декабри соли 2022 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми январи соли 2023, № 321 ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22-юми июни соли 2023, № 586 ба имзо расид, нисбат ба ҳар як банди он чораҳои таъхирнопазиру зарурӣ андешем”.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА

Previous Post

26 ҚАДАМИ УСТУВОРИ ДЕСАНТЧИЁНИ ТОҶИК

Next Post

РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ-ОМИЛИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ-ОМИЛИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ

РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ-ОМИЛИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

15.05.2025
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

09.05.2025
МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

09.05.2025
СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

08.05.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook