Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН – 31-соли созандагӣ бо Пешвои миллат

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
10.12.2025
in Мақола
0
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН – 31-соли созандагӣ бо Пешвои миллат
0
SHARES
47
VIEWS
Share on Facebook

 

10-уми декабр аз таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар ҷомеа ҳамчун “нерӯи пешбаранда” ва “ҳизбе фаротар аз як ҳизби сиёсӣ” ном баровардааст ва маҳаки асосии фаъолияти онро хизмат ба халқ ва ормонҳои миллӣ ташкил медиҳад, 31 сол сипарӣ мешавад.

Тавре Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  таъкид кардаанд: “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун зодаи даврони истиқлоли кишвар бо мақсади ифодаи азму иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон таъсис ёфта, маҳз бо рисолати мардумсолорӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва тарғиби ғояҳои бузурги ватандўстиву худшиносӣ дар ҷомеа мавқеи сазовори худро пайдо намуд”.

Яъне, дар даврони бисёр ҳассос ва пурпечутоб замоне, ки дар кишвари мо ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ шиддат меёфт ва мардуми мо мунтазири паёми сулҳу субот ва шукуфоӣ буданд, зарурати таърихӣ барои таъсис додани ҳизби сиёсие ба вуҷуд омад, ки бояд фарогири дидгоҳҳои қишрҳои мухталифи ҷомеа бошад.

Аз ин лиҳоз, зарур буд, ки мардум дар меҳвари як мафкураи сиёсии созанда сарҷамъ биёянд ва ба мухолифату даргириҳои фоҷиабор, ки оқибатҳои ногувор ба бор оварда буданд, анҷом бахшанд.

Бо ин мақсад, 31 сол муқаддам ба фаъолияти Ҳизби Халқии Тоҷикистон, ки баъдан вобаста ба таҳаввулоти сиёсии ҷомеа он унвони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба худ касб кард, замина гузошта шуд.

Ҳамин тариқ, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тӯли фаъолияти пурсамари хеш зери шиори «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум», ки ҳоло он дар асоси Барномаи ҳизб барои солҳои 2021-2025 “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум”-ро шиор кардааст, ҷомеаро ба марҳилаҳои неку арзанда расонид.

Ҳарчанд ин марҳилаи кӯтоҳ барои рушду камолоти ҳамаҷониба ва густурдаи як ҳизби сиёсӣ чандон давраи тӯлонӣ маҳсуб намеёбад, вале ба ин нигоҳ накарда, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон масири пурифтихореро паси сар кард, ки арзиши даҳсолаҳоро дорад ва дастовардҳои сиёсии он дар саҳифаҳои давлатдории навини тоҷикон бо хатҳои заррин сабт хоҳанд шуд.

Ё ба таъбири дигар, тавре коршиносони масоили сиёсӣ борҳо таъкид кардаанд, ҳизби мо дар оғози фаъолият шабоҳат ба обе дошт, ки онро ба дашти лабташнае  сар дода бошӣ. Аз ин рӯ, дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ мардум онро чун обу ҳавое, ки бе он зистан ғайриимкон аст, пазируфт ва ба он эътимоду бовар кард.

Дар ин замина, ҳанӯз аз оғози фаъолияти ҳизби мо пайванди ногусастании он бо мардум оғоз гардид ва то ҳол ин масир идома дорад.

Аз ин ҷост, ки Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлисҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон борҳо иброз доштаанд: «Ҳизби мо зодаю парвардаи замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст ва худро бо мардум чун ҳизби дорои масъулияти баланди сиёсӣ муаррифӣ намудааст, ки ин заминаи воқеии таърихӣ дорад».

Агар ба таърихи ташаккулёбӣ ва густарда шудани нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷомеа назар афканем, баралост, ки давраи ташаккулёбии ҳизб маҳз ба фаъолияти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рост меояд. Бо интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва роҳбарии ин абармарди майдони сиёсат эътибори ҳизб, мақому мартабаи онҳое, ки шарафи узвияти ин неруи тавонои сиёсиро доштанд, ба маротиб боло рафт ва муҷиби доман паҳн кардани нуфузи ҳизб дар назди сохтору идораҳои дахлдори ҳокимияти иҷроияи давлатӣ гардид.

Айни ҳол ҳизби мо ба ҳайси неруи пешбарандаи ҷомеа яке аз ниҳодҳои сиёсии кишвар аст, ки беш аз ним миллион нафар аъзою ҷонибдорони зиёд дорад ва дар ҳалли масъалаҳои ҳамарўзаи ҳаёти мардум фаъол ва саҳми он барои расидан ба ҳадафҳои рушди миллӣ ниҳоят муҳим мебошад.

Аз ин хотир, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Анҷумани ХII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки 13-уми декабри соли 2014 баргузор гардида буд, таъкид карда буданд: «Ҳизби мо ба сифати неруи муқтадири сиёсии мамлакат барои воқеан ҳам амалӣ гардидани озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ, аз қабили гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, озодии сухан, матбуот ва эътиқод, интихоботи шаффофу демократӣ, волоияти қонун, иқтисодиёти гуногуншакл, рақобати озоди иқтисодӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва монанди инҳо ҳамчун ҳадафҳои барномавии худ то имрӯз талош меварзад. Натиҷа ҳамин аст, ки намояндагони аксари қишрҳои ҷомеа ифодаи манфиатҳояшонро дар барномаи ин ҳизб мебинанд ва онро ҷонибдорӣ мекунанд».

Дар воқеъ, имрўз низ ҳизби мо ҳамчун неруи асосии сиёсиву ҷамъиятии кишвар ва қувваи таъсиргузори ҷомеа дар ҳоли рушд қарор дошта, мактаби ғоявию назариявии он мунтазам такмилу таҷдид меёбад.

Ё чунончӣ дар Барномаи ҳизб барои давраи рушди минбаъдаи кишвар зикр шудааст, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дорои имкониятҳои васеи зеҳнӣ, амалӣ ва идоракунӣ буда, ҳамчун қувваи пешбар дар ташаккул ва татбиқи арзишҳои фарҳанги сиёсӣ дар Тоҷикистон нақши асосӣ мебозад.

Мутобиқи барнома вазифаи он дар иртибот ба фазои басо мураккаб, печида ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир аз он иборат аст, ки барои таҳкими истиқлоли давлатӣ, суботу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамеша талош намояд.

Вобаста ба ин, маҳз ҳамин ҳадаф бояд самти асосиву муҳимтарини фаъолияти аъзои ҳизб дар давраи минбаъда бошад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон масъулияти бузурги ватандориву ватансозиро ба уҳда дорад ва аъзою ҷонибдорони он дар тамоми бахшҳои иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар кору фаъолият доранд ва дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар ва барномаҳои Ҳукумати мамлакат саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.

Ҳамзамон, боиси ифтихори аъзои ҳизби мо аст, ки ҳадафу мақсадҳои барномаҳои он дар заминаи татбиқу карорҳои Анҷуман, маҷлисҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Роҳбарияти ҳизб пайгирона ва аҳлона дар амал татбиқ мегарданд ва нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар амалӣ намудани барномаҳои стратегии давлату ҳукумат дар бахшҳои иқтисоду сиёсату илму фарҳанг, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии мардум, беҳдошти рӯзгори сокинони ҷумҳурӣ ва ғайра барҷастатар арзёбӣ мекунанд.

Ё худ афзудани шумораи аъзои ҳизби мо низ далели равшани он аст, ки тадбирҳои созандаи он натиҷаҳои босамари иҷрои ҳадафҳои оинномавӣ, боварӣ ва эътимоди мардумро ба ғояҳои ҳизб афзун гардонида истодаанд.

Чунончӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: “Бовар дорам, ки ҳар як шаҳрванди ватандўсти ин сарзамин, бахусус, ҳар як узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар амалӣ намудани ин ҳадафу ормонҳои ба фардои неки давлат ва халқамон нигаронидашуда дар оянда низ пешсаф хоҳад буд”.

Мо низ умед бар он мебандем, ки аъзо ва ҷонибдорони ҳизби мо дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар дар қалби бузургу муқаддаси Тоҷикистон – шаҳри Душанбе низ пайваста баҳри дар амал татбиқ намудани қарорҳои анҷуман, Барномаи ҳизб ва дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки аз маҷлисҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бармеоянд, камари ҳиммат мебанданд ва онҳоро сарбаландона ба субут мерасонанд.

 

Дилрабо МАҲМАДШАРИФЗОДА,

сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Previous Post

ЧОРАБИНИИ ҲАРБӢ-ВАТАНДӮСТӢ БО ҶАВОНОНИ СИННИ ТОДАЪВАТӢ

Next Post

ҲАМҚАДАМИ АРТИШ ВА ИНЪИКОСГАРИ МАСОИЛИ ҲАРБӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ҲАМҚАДАМИ АРТИШ ВА ИНЪИКОСГАРИ МАСОИЛИ ҲАРБӢ

ҲАМҚАДАМИ АРТИШ ВА ИНЪИКОСГАРИ МАСОИЛИ ҲАРБӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ТАВЗЕҲОТ БА ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАДБИРҲОИ ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ САТҲИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ ВА ЗИЁД НАМУДАНИ МАОШИ АМАЛКУНАНДАИ ВАЗИФАВИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ, КОРМАНДОНИ МУАССИСАЮ ТАШКИЛОТҲОИ БУҶЕТӢ, АНДОЗАИ НАФАҚА ВА СТИПЕНДИЯ»

ТАВЗЕҲОТ БА ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАДБИРҲОИ ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ САТҲИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ ВА ЗИЁД НАМУДАНИ МАОШИ АМАЛКУНАНДАИ ВАЗИФАВИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ, КОРМАНДОНИ МУАССИСАЮ ТАШКИЛОТҲОИ БУҶЕТӢ, АНДОЗАИ НАФАҚА ВА СТИПЕНДИЯ»

14.01.2026
ТАШАББУСИ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ ТАВАССУТИ ЭҲЁИ ХОТИРАИ ТАЪРИХӢ

ТАШАББУСИ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ ТАВАССУТИ ЭҲЁИ ХОТИРАИ ТАЪРИХӢ

13.01.2026
ТАЪИНОТИ КАДРӢ

ТАЪИНОТИ КАДРӢ

12.01.2026
ТАЪИНОТИ КАДРӢ ДАР СОХТОРҲОИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ

ТАЪИНОТИ КАДРӢ ДАР СОХТОРҲОИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ

09.01.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook