Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати Мудофияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ҲАШАРИ ДАСТАҶАМЪОНАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
27.02.2022
in Хабар
0
ҲАШАРИ ДАСТАҶАМЪОНАИ НИҲОЛШИНОНӢ  ДАР ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОӢ
0
SHARES
95
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Созандагиву бунёдкорӣ, сабзу хуррам гардонидани муҳити зист ва дар ин замина, ободу зебо гардонидани як гӯшаи диёр, яке аз амалҳои неки инсонӣ ба ҳисоб рафта, дар ин радиф, хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногуни Вазорати мудофиаи мамлакат ва ҳайати шахсии сохторҳои таркибии он, дар баробари баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар, инчунин дар самти тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва баҳри обдии ин диёри зебоманзар аз худ саҳми арзанда мегузоранд.

Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии ҷомеа, бунёди боғу токзорҳо ва ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои тӯли солҳо бекорхобида, ҳафтаи равон бо иштироки ҳайати роҳбариву фармондеҳии  Вазорати мудофиаи кишвар ва бо ҷалби хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногуни Дастгоҳи марказиву Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар ҳудуди пойгоҳи Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳашари дастаҷамъонаи ниҳолшинонӣ доир карда шуд.

Иштирокчиёни ҳашари дастаҷамъона, бо маслиҳату машварати мутахассисону масъулини хоҷагиҳои ёрирасон ва бо риояи қоидаҳои агросаноатӣ дар ҳудуди заминҳои обии хоҷагии ёрирасони назди Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ дар масоҳати ҳазор метри мураббаъ боғи олу бунёд намуданд.

Қобили зикр аст, ки тайи панҷ соли охир, дар ҳудуди пойгоҳи ин навъи қӯшун, ё худ Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ бо ҳашари дастаҷамъонаи ниҳолшинонӣ дар ҳудуди 16 гектар замин, боғи 30-солагии Истиқлолият ва 25-солагии Артиши миллӣ бунёд карда шуда, дар онҳо асосан дарахтони ороишӣ ва навъҳои гуногуни ниҳолҳои мевадиҳанда, аз қабили, зардолу, себ, гелос ва ғайра шинонида шуданд.

Тибқи иттилои полковник Дилшод Аминзода-сардори Шуъбаи кишоварзии Раёсати ақибгоҳии Вазорати мудофиа, бунёди боғҳои мазкур аллакай самараи дилхоҳ ба бор оварда, қисмҳои низомии баландкӯҳи кишвар дар мавсими ҷамъоварии ҳосил  бо меваҳои тару тоза ва дар фасли сармо бошад, бо меваи хушк давоми сол таъмин карда мешаванд. Илова бар ин, аз ҳисоби меваҳои лазизи ҷамъовардашуда, барои сарбозон афшурдаи мураббо, шарбат ва дигар маҳсулоти истеъмолӣ истеҳсол мегардад.

Ташкилкунандгон ва иштирокчиёни ҳашари дастаҷамъона, ҳамчун меросбарон ва ҳимоятгарони тамомияти арзӣ ва фарҳангу тамаддуни миллӣ ин гуна корҳои созандагиву бунёдкориро дар ҳоле анҷом медиҳанд, ки имрӯзҳо мардуми ориёинажод, пеш аз ҳама, ҷомеаи Тоҷикистон бо ёдоварӣ аз арзишҳову унсурҳои аҷдодӣ ҷашни садаро, ки ба қавли фарҳангшиносон ҷашни Наврӯз давоми мантиқии он аст, таҷлил менамоянд.

Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,

сардори Маркази матбуот,

 полковник

Previous Post

ҶАВОНОН МУҚОБИЛИ ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ

Next Post

МАВОДИ МУХАДДИР ВА ОҚИБАТҲОИ НОХУШИ ОН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
МАВОДИ МУХАДДИР ВА ОҚИБАТҲОИ НОХУШИ ОН

МАВОДИ МУХАДДИР ВА ОҚИБАТҲОИ НОХУШИ ОН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

26.01.2023
МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

25.01.2023
РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

24.01.2023
ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

20.01.2023
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2014 - All Rights Reserved.ME
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook
  • Mix.tj