10-уми декабри соли равон аз таъсисёбии яке аз аввалин нашрияҳои ҳарбӣ-сиёсии кишвар, рӯзномаи «Ҳомии Ватан» 32 сол пур шуд. Ин нашрия аз рӯзҳои аввали истиқлол ба ҳайси минбари иттилоотӣ, маърифатию тарбиявӣ ва идеологии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон фаъолият намуда, дар тӯли се даҳсола ҳамчун оинаи воқеии ҳаёти ҳарбӣ шинохта шудааст. Боиси ифтихор ва сарфарозии волост, ки ҳанӯз дар саҳифаи аввали нахустшумораи он Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нашри ин рӯзномаро як падидаи нек арзёбӣ намуда буданд.

Рӯзномаи «Ҳомии Ватан», ки ҳамқадами Артиши миллист, аз замони таъсисёбӣ, то ин ҷониб тавонист, рисолати аслии худ, яъне инъикоси масоили ҳарбии мамлакатро ба таври назаррас иҷро намояд. Ин аст, ки дар заминаи сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти Вазорати мудофиа, пеш аз ҳама вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал- полковник Собирзода Эмомалӣ ҳайати эҷодӣ ва кормандони рӯзнома пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар саҳифаҳои рӯзномаи мазкур бештар маводи ватандӯстонаву тарѓибкунандаи хизмати ҳарбӣ ва сиёсати мудофиавии кишварро ба чоп расонанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки рӯзномаи «Ҳомии Ватан» танҳо як нашрияи иттилоотӣ нест. Он тарбияи маънавӣ-ватандӯстӣ ва арзишҳои миллиро ба таври васеъ инъикос менамояд. Дар шароити имрӯза, ки ҷаҳони иттилоотӣ пур аз равияҳо ва таъсирҳои берунӣ аст, матолиби рӯзнома-очеркҳо аз ҳаёт ва фаъолияти афсарону сарбозон, суҳбатҳо бо афсарони собиқадор, ҳикояҳо аз ҷанговарони шуҷоъ ба ташаккули тафаккури ватанпарастӣ мусоидат мекунанд.
Яке аз хизматҳои муҳимтарини рӯзнома дар он аст, ки ҳамкории Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро бо ҷомеа тақвият медиҳад. Ин шаффофият эътимоди мардумро ба Артиш афзоиш медиҳад. Ҳамзамон таърих ва корномаи фарзандони шуҷоъи Ватан дар саҳифаҳои рӯзнома зинда нигоҳ дошта мешаванд. «Ҳомии Ватан» на танҳо рӯйдодҳои имрӯзро инъикос мекунад, балки саҳми афсарону сарбозони қаҳрамонро дар ҳифзи хоки кишвар бо эҳтиром ёд мекунад.
Ба андешаи муҳаққиқони соҳа матбуот ҳамчун як рукни муҳими сиёсӣ ва маънавии ҷомеа дар таҳкими асолати миллӣ, давлатдорӣ, худшиносии комил, ҷаҳонбинӣ ва завқи мардум, пойдории адолату воқеияти рӯзгор нақши муассир дорад. Имрӯзҳо ба назар мерасад, ки матбуоти даврӣ рисолати худро бобати расонидани иттилооти воқеӣ, ташаккули афкори созанда, тарбияи насли солиму хештаншинос бомуваффақият адо намуда, дар таҳкими ҷомеаи мутамаддин ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон саҳми амиқ ва шоиста гузошта истодааст.

Воқеан, рӯзномаи «Ҳомии Ватан» дар тӯли беш аз се даҳсолаи фаъолияти худ бо инъикоси саривақтии мавзуъҳо аз ҳаёт ва фаъолияти хизматчиёни ҳарбӣ, пеш аз ҳама сарбозони ҷасуру тавонои меҳан маҳбубияти хосае дар байни хонандагон ва аҳли илму адаби кишвар дорад. Аз ин рӯ, ҳайати эҷодии рӯзнома бо масъулияти баланд дар пайи эҷод ва нашри матолиби ҷолиб буда, пайваста кӯшиш менамоянд вазифаву уҳдадориҳои эҷодии худро сарбаландона иҷро намоянд ва бар ин васила дар таҳкими худшиносиву эҳсоси волои ватандӯстонаи хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ саҳми арзанда гузоранд.
Дар хонданбобиву то ба имрӯз бе таъхир ба нашр расидани он саҳми собиқ кормандон назаррас буда, имрӯз низ таҳти роҳбарии сардори Раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи Вазорати мудофиа-капитан Илҳом Ализода ва ҳайати эҷодиву техникии рӯзнома аз ҷумла подполковник Боқӣ Шарифӣ, полковник Сайёра Файззода, хизматчӣ Сомоншоҳ Рустамов рӯзномаи “Ҳомии Ватан” саривақт ва бо сифати хуб ба нашр мерасад.
Мо ҳайати эҷодӣ ва техникии рӯзнома кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар минбаъда низ матолиби шавқовару хонданӣ омода намоему рӯзномаро саривақт ва бо сифати баланд ба нашр расонем.
Шоҳин ШАРИФЗОДА,
муҳаррири рӯзномаи “Ҳомии Ватан”
лейтенанти хурд





