Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ БА МУНОСИБАТИ 33–СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ АРТИШИ МИЛЛӢ ДАР ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
17.02.2026
in Хабар
0
ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ БА МУНОСИБАТИ 33–СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ АРТИШИ МИЛЛӢ ДАР ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
0
SHARES
31
VIEWS
Share on Facebook

17 феврал бо ташаббуси кафедраи ҳарбии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар толори асосии донишгоҳи мазкур ба муносибати 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинии ҷашнӣ сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ–муовини якуми вазири мудофиа, генерал-лейтенант Саидзода Бобоҷон, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Насриддинзода Эмомалӣ, ҳайати афсарони кафедраи ҳарбӣ ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, бо сухани ифтитоҳии роҳбарияти донишгоҳ идома ёфт. Профессор Насриддинзода Эмомалӣ ҳайати меҳмонон ва иштирокчиёни ҳамоиши тантанавиро ба муносибати 33–солагии Артиши миллӣ табрик намуда, аз саҳми назарраси Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ҳамчун сипари боэътимод дар таъмини мудофиаи давлат, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва марзу буми аҷдодӣ хотиррасон шуд.

Дар баромади худ сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ–муовини якуми вазири мудофиа, генерал-лейтенант Саидзода Бобоҷон аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат, хосатан Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ намуда, таъкид кард, ки ҷавонон бо рӯҳияи ватандӯстонаву садоқатмандона, бо ҳама гуна амалу рафтори нек дар ободиву пешрафти Ватани азизамон бояд саҳмгузор бошанд. Дар ин росто зикр карда шуд, ки тайи солҳои ахир теъдоди ҷавонони ватандӯсте, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мепайванданд, зиёд шуда истодааст. Имрӯз хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳар як ҷавони бонангу номус мактаби далериву ҷасорат, мардонгиву садоқат ва макони обутоби маънавию ҷисмонӣ аст.

Дар фарҷом аз ҷониби Вазорати мудофиаи мамлакат як қатор афсарони Кафедраи ҳарбии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва устодоне, ки дар таълиму тарбияи насли ҷавон ҳиссаи арзанда доранд, бо рутбаҳои навбатии эҳтиётии ҳарбӣ, мелалҳои ҷашнии “30–солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”  ва Ифтихорномаи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Previous Post

МУЛОҚОТИ РОҲБАРИЯТИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ДОНИШҶУЁНИ ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРИИ ТОҶИКИСТОН

Next Post

ХИЗМАТ БА ВАТАН–МОДАР САРЧАШМАИ ИФТИХОРУ МАСЪУЛИЯТИ ҶАВОНМАРДИСТ!

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ХИЗМАТ БА ВАТАН–МОДАР САРЧАШМАИ ИФТИХОРУ МАСЪУЛИЯТИ ҶАВОНМАРДИСТ!

ХИЗМАТ БА ВАТАН–МОДАР САРЧАШМАИ ИФТИХОРУ МАСЪУЛИЯТИ ҶАВОНМАРДИСТ!

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА

14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА

14.03.2026
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ КОМИССИЯИ ДАЪВАТИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ БАҲОРИИ СОЛИ 2026 БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ КОМИССИЯИ ДАЪВАТИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ БАҲОРИИ СОЛИ 2026 БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

14.03.2026
ҶАМЪОМАДИ ТАЪЛИМИИ ЯКРӮЗА БО КОМИССАРОНИ ҲАРБИИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ МАМЛАКАТ

ҶАМЪОМАДИ ТАЪЛИМИИ ЯКРӮЗА БО КОМИССАРОНИ ҲАРБИИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ МАМЛАКАТ

13.03.2026
ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ НАМОЯНДАГОНИ ВАО АЗ ҶОНИБИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ НАМОЯНДАГОНИ ВАО АЗ ҶОНИБИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

11.03.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook