Тибқи супориши вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал — полковник Собирзода Эмомалӣ бо ташаббуси Раёсати корҳои сиёсӣ — тарбиявии Вазорати мудофиа дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии “Мададгори мудофиа”-и Вазорати мудофиа, инчунин Литсейи техникӣ – технологии назди муассисаи мазкур дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, бо мақсади самаранок роҳандозӣ намудани тадбирҳои омодагии тодаъватии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбияи намудани муҳофизони ояндаи Ватан, ҳамоиши ҳарбӣ — ватандӯстӣ баргузор гардид.







