Дар толори Раёсати Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Раҳимзода Музаффар ва сиёсатшинос, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат»-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдуллоҳи Раҳнамо ҳамоиши маърифатию тарбиявӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш ҳайати шахсии раёсати қӯшун фаъолона иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба худшиносии миллӣ, таърихи ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими арзишҳои миллӣ ва пешгирӣ аз равандҳои номатлуб мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни суҳбат таъкид гардид, ки шинохти дурусти таърихи давлатдорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва дарки масъулияти шаҳрвандӣ барои ҳар як хизматчии ҳарбӣ аҳамияти муҳим дошта, худшиносии миллӣ яке аз омилҳои асосии таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон, оид ба хатару таҳдидҳои замони муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм, андешаҳо баён гардида, зарурати баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ таъкид карда шуд.

Қайд гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои маърифатию тарбиявӣ барои баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбинӣ, масъулиятшиносӣ ва маърифати сиёсии ҳайати шахсӣ мусоидат хоҳад намуд





