Дар Боғи Ғалабаи пойтахт як ҳайати низомии кишварҳои узви СААД хотираи сарбозони қаҳрамони Ҷанги Бузурги Ватаниро гиромӣ дошта, ба пояи муҷассамаи «Оташи абадӣ» гулчанбар гузоштанд.

Намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ситоди муштараки СААД ва фармондеҳии ҳайатҳои қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Федератсияи Россия, инчунин дигар иштирокчиёни машқҳои муштараки Нерӯҳои сулҳҷӯёнаи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ таҳти унвони «Бародарии шикастнопазир-2025» ва тамринҳои махсуси «Монеа-2025»-и ҳимояи радиатсионӣ, кимиёвӣ, биологӣ ва таъминоти тиббии СААД дар маросими тантанавии гулчанбаргузорӣ ширкат доштанд.

Дар ин маросим ротаи каровули фахрӣ ва оркестри ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуданд.

Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати мудофиаи ҷумҳурии Тоҷикистон





