Имрӯз дар толори Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҳавасмандгардонии кормандони соҳаи радио, телевизион ва матбуоти кишвар бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик аз ҷониби Вазорати мудофиа баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радио, масъулини Вазорати мудофиаи кишвар ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Маросими мукофотсупорӣ тибқи фармоиши вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Собирзода Эмомалӣ баргузор шуда, як қатор рӯзноманигорон ва кормандони фаъоли соҳаи ВАО барои саҳми арзандаашон дар инъикоси фаъолияти сохторҳои низомӣ ва ҳамкории судманд бо ниҳодҳои мудофиавии кишвар, махсусан Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сипоснома, ифтихорнома ва медалҳои ҷашнӣ қадрдонӣ гардиданд.

Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки воситаҳои ахбори омма дар муаррифии дастовардҳо, фаъолияти соҳавии Қувваҳои Мусаллаҳ нақши муҳим доранд. Инъикоси воқеӣ ва саривақтии фаъолияти Артиши миллӣ тавассути барномаҳои радиоиву телевизионӣ, гузоришҳо ва маводи таҳлилӣ ба баланд гардидани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва эҳтироми ҷомеа нисбат ба ҳомиёни Ватан мусоидат мекунад.






