Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ навъҳои қӯшуни Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷкистон давра ба давра рушду ташаккул ёфта, иқтидори мудофиавии мамлакат мукаммал ва ҳайати шахсии он ба сипари воқеии амнияти кишвар мубадал гардид.
Дар ин радиф яке аз қӯшунҳои ҷавону навтаъсис ин Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа мебошад, ки он бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-юми сентябри соли 2003 бе зиёд намудани шумораи ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ташкил карда шудааст. Ин навъи қӯшун бо назардошти шароити ҷуғрофии минтақаҳои баландкӯҳи кишвар ва мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои фаромарзӣ аз қабили терроризму экстремизм ва дигар ҷинояткории муташаккил таъсис ёфта, ҷузъу том ва қисму воҳидҳои он дар минтақаҳои стратегии мамлакат баҳри таъмини якпорчагии Тоҷикистон ҷойгир карда шудааст.
Имрўз шароитҳои хизмативу маишӣ дар тамоми қисму воҳидҳои ҳарбии Қушунҳои зудамал чун дигар қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа бо талаботи муосир ба роҳ монда шуда, дар доираи сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинову иншотҳои ҳарбии ин навъи қушуни Қувваҳои Мусаллаҳ дар дурдасттарин минтақаҳои кишвар бо сифати баланди меъморӣ ва ҷавобгу ба талаботи меъёрҳои оиномаҳои Қувваҳои Мусаллаҳ бунёд гардиданд.
Ҳайати Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳро ҳама қисмҳои ҳарбии десантӣ, тирандозони кӯҳӣ, баталёни сулҳҷӯёна ва қисмҳои низомии таъиноти махсус ташкил намуда, ҳамзамон, қисму воҳидҳои ҳарбии ин навъи кушуни Артиши милли ба хайати Қувваҳои муштараки вокуниши фаврии кишварҳои аъзои СААД ва ба нерӯҳои муштараки зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ шомил мебошанд.
Ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳ аз рӯи барномаи махсуси таълимӣ фаъолият намуда, омодагии баланди ҷангӣ доранд. Омодагии зиддитеррористии худро ҳайати шахсии ҷузъу томҳои он дар машқҳои дохил ва хориҷ аз кишвар бо нерӯҳои кишварҳои аъзои созмонҳои байналмилалии бо мо ҳампаймон мунтазам сайқал медиҳанд.
Ногуфта намонад, ки барои омода намудани ҳайати шахсии афсарону сарбозони қисму воҳидҳои низомии Қӯшунҳои зудамал аз нигоҳи касбӣ дар шароити кӯҳӣ машқгоҳу марказҳои таълимии кӯҳӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ таъсис ёфта, афсарону сарбозон малакаву маҳорати худро дар пешбурди набард дар шароити мухталиф, душвору баландкӯҳ ва тарзи истифода бурдани таҷҳизотҳои махсус ва кӯҳнавардӣ сайқал медиҳанд.
Ҳайати шахсии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо як рӯҳияи баланд ва шараф, вазифаҳои ҳарбии худро дар назди халқу Ватан сарбаландона иҷро намуда, дар амалиётҳои зиддитеррористӣ ва бартараф намудани муноқишаҳо дар мавзеъҳои хатарнок фаъолона иштирок намудаанд.
Барои хизматҳои шоиставу намоён, масъулияту маҳорати баланди ҷангӣ, интизоми намунавӣ, саҳмгузорӣ дар баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат ва дигар хизматҳо дар назди халқу Ватан, зиёда аз 60 нафар хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои зудамал аз ҷониби Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудаанд, ки ин аз таваҷҷуҳи бевоситаи Роҳбарияти олии мамлакат нисбат ба ҳайати шахсии ин навъи қӯшун дарак медиҳад.
ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 20-СОЛАГИИ ҚӮШУНҲОИ ЗУДАМАЛ
Ба ифтихори ин санаи мухиму фархунда, яъне 20 солагии таъсисёбии Қӯшунҳои зудамал бо иштироки масъулини Вазорати мудофиа, ҳайати шахсии Раёсати ин навъи қӯшун ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Нахуст масъулини Вазорати мудофиаи мамлакат вобаста ба бурду бохти ин навъи қушун суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки маҳз бо таваҷҷўҳ ва ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қушунҳои зудамал ба нерўи пуриқтидори ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи давлати соҳибистиқлоламон табдил ёфта, ҳайати шахсии он дар таҳкими суботу оромии кишвар ва ҳифзи дастоварҳои Истиқлоли давлатӣ саҳми худро гузоштанд. Ҳамзамон, зикр карда шуд, ки шароити кунунии ҷаҳон аз ҳар як десанти тоҷик дар минбаъда низ донишу малакаи баланди касбӣ ва сатҳи хуби тайёрии ҷангиро тақозо менамояд.
Фармондеҳи Қӯшунҳои зудамал генерал-майор Шокирзода Ҳусейн зимни баромади худ таъкид кард, ки мо ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар чун ҳама фарзандони Тоҷикистони соҳибистиқлол тамоми кӯшишу ғайрати худро ба он равона созем, ки Ватанамонро нисбат ба имрӯз ободу зебо, давлатамонро пешрафтаву нерӯманд ва рӯзгори ҳар як хонадони мардумамонро осудаву бобаракат гардонем. Ва дар ин лаҳзаҳои бисёр фархундаи идона ба Сарвари давлат ва ба кулли мардуми Тоҷикистон ваъда медиҳем, ки мо дастоварду музаффариятҳоеро, ки то имрӯз ба он ноил шудаем, таҳким мебахшем ва ба хотири расидан ба ҳадафҳои олие, ки дар назди худ гузоштаем, боз ҳам бештар ва аҳлона заҳмат мекашем.
Дар идомаи чорабинӣ китоби тозаншр, ки таҳти унвони “Шараф, гаронтар аз ҳаёт” чоп гардидаасту бозгӯйкунандаи тамоми ҷамбаҳои ибратомузи фаъолияти аффсарону сарбозони ҚЗ мебошад, муаррифӣ карда шуд. Ҳамзамон, дар интиҳои чорабинии пуршукӯҳи идона аз номи роҳбарияти Вазорати мудофиа ба як қатор афсарону сарбозони Қушунҳои зудамал медалу ифтихорнома ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШН
Ҳамчунин, дар доираи нақша-чорабиниҳои ҷашнӣ ба муносибати таҷлил аз 20 солагии таъсисёбии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳ, дар пойгоҳи Бригадаи ҳамлаовари десантӣ ва машшқгоҳи таълимии “Фахробод” мусобиқа аз намудҳои гуштини миллӣ, ҷанги тан ба тан ва тирпарронӣ аз милтиқи мергании Драгунов доир гардид.
Дар мусобиқаи мазкур курсантони Донишкадаи ҳарбӣ, қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа ва навъҳои қӯшуни Қувваҳои Мусаллаҳ дар гарнизони Душанбе иштирок намуда, байни ҳам сабқат намуданд, ки албатта мақсад аз ташкилу баргузории ин чорабинии варзишӣ, пеш аз ҳама сазовор ҷашн гирифтани 20 умин солгарди таъсисёбии яке аз ҷавонтарин навъи қӯшуни Қувваҳои Мусаллаҳ, яъне Қӯшунҳои зудамал, сайқали маҳорати варзишиву тирпарронӣ ва таҳким бахшидани дӯстию рафоқат байни иштирокчиёни он мебошад.
Зимни баргузории мусобиқаи тирпарронӣ аз милтиқи мергании Драгунов, иштирокчёни ин навъи мусобиқа тибқи низомнома оид ба тартиби ташкил ва гузаронидани он амал намуда, дар ҳайати дастаҳо бо маҳорати баланд тирпарронӣ нишон доданд.
Сарбозони иштирокчӣ дар масофаҳои аз 100 то 600 метр бо усулҳои хоси мерганчӣ тирпаррнӣ доир намуданд. Дар ҳолати ба нишон наррасонидани тир онҳоро зарур буд, ки масофаи муаянро бо дав тай намоянд ва баъдан дар мавқеъҳои тирпарронии худ ба нишонаҳои таъйингардида оташкушоянд.
Бо дарки ҳамин муҳимият ва ғуруру ифтихори ҷавонмардона мерганчиёни тоҷик бо риояи шартҳои мухталифу хоси доир намудани мусобиқаи тирпарронӣ аз ин аслиҳаи чангӣ дар мусобиқаи мазкур ширкат варзида, ҳар яке аз худ маҳорату таҷрибаи баланди касбӣ нишон доданд.
Ҷарёни баргузории ин мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ бевосита таҳти назорати ҳайати роҳбариву фармондеҳии ин навъи қӯшуни Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар қарор дошт, то ки ҳайати шахсӣ дар баробари иштироки фаъолона ва сазовор гардидан бо ҷойи ифтихории мусобиқа, инчунин донишу маҳорати тирпарронӣ ва нишонзании худро аз ин навъи аслиҳаи ҷангӣ боз ҳам сайқал диҳанд.
Зимни ҷамъбасти мусобиқаҳои варзишӣ ва ҳам тирпарронӣ ҳайати дастаҳо, ё худ беҳтарин тарндозон ва ҳам иштирокчиёни фаъоли он бо медалҳои ҷашнӣ, туҳфаву ифтихорномаҳо ва бо ҷоми мусобиқа сарфароз гардонида шуданд.
Боқӣ ШАРИФОВ,
майор