Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ– ПОЙДЕВОРИ УСТУВОРИ АМНИЯТУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
19.02.2026
in Мақола
0
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ– ПОЙДЕВОРИ УСТУВОРИ АМНИЯТУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
0
SHARES
33
VIEWS
Share on Facebook

Дар арафаи ҷашни таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар яки мо бо эҳсоси ифтихор аз роҳи тайнамудаи худ ба сафҳаҳои таърихи Артиши миллӣ назар меафканем. Таҷлили ин рӯз эътирофи шуҷоат, устуворӣ ва бедории ҳисси ватандӯстии фарзандони сарсупурдаву фарзонаи миллат аст, ки бо ҷоннисориву садоқат ба Ватани маҳбуб  рисолати муқаддаси худ, яъне ҳифзи марзу бум ва амнияту субот дар ҷомеаро иҷро намуданд ва ҳамчунон идома дода истодаанд.Солҳо мегузаранд, наслҳо иваз мешаванд, аммо аҳамияту арзиши ҳифзи Ватан ҳамеша побарҷо боқӣ мемонад.

Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷомеаи мо на танҳо як сохтори қудратӣ, балки такягоҳи оромии ҳар хонадон, таъминкунандаи зиндагии осоиштаи мардум ва рамзи эътимоду боварии шаҳрвандон ба фардои дурахшон мебошанд. Вақте субҳи ором фаро мерасад ва кӯдакон бо хотири ҷамъ ба мактаб мераванд, ин осудагиву хотирҷамъӣ натиҷаи заҳмат ва масъулияти ҷавонони родмардест, ки хизмати Ватанро рисолати муқаддаси худ медонанд.

Ҷавононе, ки имрӯз дар сафи Артиши миллӣ хизмат намуда истоданнд, ворисони анъанаҳои далериву ҷавонмардӣ ва ватандӯстиву меҳанпарастии ниёгонамон ба ҳисоб мераванд. Миллати тоҷик аз қадим бо ҳисси баланди номусу нанги ватандорӣ шинохта шудааст.

Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки ҷавонон ҳамчун нерӯи созандаву бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеа бояд дар рӯҳияи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ тарбия ёбанд ва хизмат ба Ватанро шарафи бузург донанд. Ин суханон дар арафаи ҷашн маънии бештар пайдо мекунанд. Зеро Артиши миллӣ на танҳо мактаби тарбия, балки мактаби масъулият ва садоқат аст. Дар ин ҷо ҷавон дарк мекунад, ки озодӣ ва ваҳдат бо осонӣ ба даст наомадааст ва он бо заҳмату талош, бедориву ҳушёрӣ ҳифз карда мешавад.

Ваҳдати миллӣ, ки имрӯз мояи ифтихори ҳар як тоҷикистонӣ аст, таъмини сартосарии он яке аз вазифаҳои асосии Артиши миллии мо ҳисобида мешавад. Хушбахтона, то имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳифзи арзишу манфиатҳои миллӣ ва таъмини сулҳу ваҳдату ягонагӣ фаъолона хизмати худро пеш бурда истодаанд. Имрӯз дар Артиши миллӣ ҷавонони тамоми минтақаҳои кишвар дар як саф муттаҳид гашта, намунаи олии дӯстиву бародарӣ ва иттиҳоду ҳамбастагиро дар артиш таҷассум намудаанд. Ин ҳамбастагӣ худ далели равшани он аст, ки Ватан барои ҳама муқаддас аст.

Абулқосим Фирдавсӣ дар “Шоҳнома”-и безаволи худ аз қаҳрамониҳо, ҷоннисориҳо ва муборизаҳои беамони фарзандони содиқи Ватан дар роҳи ҳифзи сарзамин, истиқлол ва марзу бум ба некӣ ёд кардааст.

Далерон ба ному ба нанг зиндаанд,

Зи номардӣ аз марг шармандаанд.

Қувваҳои Мусаллаҳ имрӯз пойдевори устувори амнияту субот ва Ваҳдати миллӣ мебошанд.Тӯли солҳои фаъолият онҳо нишон доданд, ки ҳамчун дастоварди арзандаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба бовариву эътимоди мардум ва махсусан, ба боварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовор ҳастанд. Аз ҳамин ҷост, ки дар ҷавоб ба хизматҳои софдилонаву содиқона афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ пайваста мавриди таваҷҷуҳ ва қадршиносии ҳукумати кишвар қарор мегиранд.

Дар арафаи ҷашн ба афсарону сарбозони Артиши миллӣ–муҳофизони далеру ифтихоровари Ватан тандурустӣ, иродаи қавӣ ва барори кор таманно менамоем. Мо, афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ зери сиёсати хирадмандона ва сулҳҷӯёнаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи рушду пешрафти кишвар ва сулҳу суботи мамлакат ҳамеша омодаем!

Гулмурод ОДИНАЗОДА,

Комиссари ҳарбии ноҳияи Айнӣ,

подполковник

Previous Post

НАҚШИ АРТИШИ МИЛЛӢ ДАР ТАҲКИМИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН

Next Post

АРТИШИ МИЛЛӢ – МАКТАБИ ТАРБИЯИ ХУДШИНОСИВУ ВАТАНДӮСТӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
АРТИШИ МИЛЛӢ – МАКТАБИ  ТАРБИЯИ ХУДШИНОСИВУ ВАТАНДӮСТӢ

АРТИШИ МИЛЛӢ – МАКТАБИ ТАРБИЯИ ХУДШИНОСИВУ ВАТАНДӮСТӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА

14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА

14.03.2026
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ КОМИССИЯИ ДАЪВАТИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ БАҲОРИИ СОЛИ 2026 БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ КОМИССИЯИ ДАЪВАТИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ БАҲОРИИ СОЛИ 2026 БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

14.03.2026
ҶАМЪОМАДИ ТАЪЛИМИИ ЯКРӮЗА БО КОМИССАРОНИ ҲАРБИИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ МАМЛАКАТ

ҶАМЪОМАДИ ТАЪЛИМИИ ЯКРӮЗА БО КОМИССАРОНИ ҲАРБИИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ МАМЛАКАТ

13.03.2026
ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ НАМОЯНДАГОНИ ВАО АЗ ҶОНИБИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ НАМОЯНДАГОНИ ВАО АЗ ҶОНИБИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

11.03.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook