Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ САҲМИ АРЗИШМАНД ДОРАНД

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
26.06.2025
in Мақола
0
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ САҲМИ АРЗИШМАНД ДОРАНД
0
SHARES
33
VIEWS
Share on Facebook

Дар таърихи ҳар як миллат ва давлат ҳастии Артиш ё худ Қувваҳои Мусаллаҳ на танҳо ҳамчун кафили амният ва ҳифзи сарҳад, балки ҳамчун пояи устувори Ваҳдати миллӣ ва якпорчагии ҷомеа мавқеи хоса дорад.

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол низ нақши Артиши миллии кишвар дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ва пойдории давлатдорӣ басо назаррас ва сарнавиштсоз мебошад.

Артиши миллӣ на танҳо муҳофизи марзу буми кишвар аст, балки ҳамчун мактаби ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, ҷасорату мардонагӣ ва таҳкимбахши якпорчагии ҷомеа ба шумор меравад.

Пас аз нооромиҳои солҳои 90 — уми асри гузашта, ки Тоҷикистонро ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ кашид, эҳёи Ваҳдати миллӣ ва барқарорсозии сохторҳои давлатӣ вазифаи аввалиндараҷаи роҳбарияти кишвар гардид.

Дар ин раванд, таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, яке аз иқдомҳои сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад.

Аз рӯзҳои нахустини таъсисёбӣ Артиши миллӣ ба ҳайси сутуни боэътимоди давлатдорӣ дар таҳкими суботу оромӣ, Ваҳдати миллӣ ва фазои сулҳу созиш саҳми бевосита гузошт.

Маҳз бо садоқатмандии афсарону сарбозон, мардуми шарифи Тоҷикистон тавонистанд, 27 — уми июни соли 1997 дар фазои оромона созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ба имзо расонанд ва дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ қадамҳои устувор гузоранд.

Дар ҷараёни раванди музокирот ва барқарории сулҳ, маҳз мавҷудияти Артиш кафили амнияти мардуми осоишта буд. Бо сиёсати хирадмандонаву инсондўстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва садоқати хизматчиёни ҳарбӣ дар тамоми қаламрави кишвар ваҳдати воқеӣ таъмин шуда, баробари дигар нерӯҳои қудратӣ барои татбиқи Конститутсия ва Қарорҳои Ҳукумат талош намуд.

Бе он, барқарор намудани сохтори ягонаи давлатӣ ва амнияти умумимиллӣ ғайриимкон буд. Имрўз хушбахтона мардуми сарбаланди тоҷик 28 — умин солгарди Рўзи Ваҳдати миллиро дар шароите таҷлил менамоянд, ки авзои сиёсии ҷаҳон ноором аст.

Махсусан дар ин давру замон расидан ба қадри ҳар як дастоварди миллат аз ҳар як сокини кишвар масъулияти баланд ва шоистаро тақозо менамояд.

Маҳз Ваҳдати миллӣ дар ташаккули ҳисси баланди ватандӯстӣ, ягонагии миллӣ ва зиракии сиёсӣ дар байни ҷавонон нақши муассир мебозад.

Бо назардошти муҳимияти Ваҳдати миллӣ барои ҷомеа ва ҳифзу гиромӣ доштани он, бедор намудани ҳисси меҳанпарастӣ ва ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ, дар миёни сарбозону афсарони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби ҷасорату мардонагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста омўзонида мешавад.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯз дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳ намояндагони тамоми минтақаҳо ва қавмҳои сокини Тоҷикистон бо як ният — ҳифзи Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ якҷо хизмат мекунанд.

Ин ҳамбастагӣ худ намунаи равшани ваҳдати воқеии миллӣ аст, ки дар амал татбиқ мешавад. Ҷавонони зиёд, ки имрӯз ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мепайванданд, бо эҳсоси баланди масъулият дар назди миллат ва давлат хизмати Модар-Ватанро ба ҷо меоранд.

Барномаҳои тарбиявӣ, баргузории машғулиятҳои маърифатӣ, чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ ва мулоқотҳои пайваста бо Пешвои миллат, ҳамаи ин муҳити солими маънавӣ ва сиёсиро дар дохили Артиш таъмин менамоянд, ки худ омили муҳими таҳкими сулҳу ваҳдат ба ҳисоб меравад.

Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки «Артиши миллӣ бояд на танҳо қудрати ҳарбӣ, балки рамзи ваҳдат ва ифтихори миллӣ бошад».

Ҳамин сиёсати хирадмандона аст, ки имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як ниҳоди устувор, боқудрат ва дорои эҳтироми баланди мардумӣ табдил ёфтаанд.

Маврид ба зикри хост аст, ки Артиши миллии Тоҷикистон дар баробари муҳофизати Истиқлолият, субот ва якпорчагии кишвар, ҳамзамон як мактаби тарбияи кадрҳои ватандӯст, худшинос ва ваҳдатофар низ ба шумор меравад.

Ҳамкории зичи он бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, таваҷҷуҳи хоса ба тарбияи насли ҷавон ва омодагии ҳамешагӣ барои дифои арзишҳои миллӣ, ба таҳкими бештари Ваҳдати миллӣ мусоидат менамояд.

Аз ин рӯ, таваҷҷуҳ ба рушд ва тақвияти Артиши миллӣ, эҳтиром ба хизматчиёни ҳарбӣ ва шинохти нақши онҳо дар таҳкими Ваҳдати миллӣ, бояд яке аз афзалиятҳои сиёсати давлат ва ҷомеа бошад, зеро бе амният ва оромӣ — ваҳдат намешукуфад ва бе артиши қавӣ — амният таъмин намешавад.

Мо бояд аз хизматҳои шабонарӯзии ҳар як сарбозу афсари Артиши миллӣ ифтихор намоем ва барои рушди бештару беҳтари он, ҳамчун як рукни муҳими давлатдорӣ ва ваҳдатофар, ҳамеша кушиш намуда, дастгирӣ кунем.

Бо истифода аз фурсати муносиб тамоми низомиёни кишвар ва дар симои онҳо кулли мардуми шарафманди Тоҷикистони азизро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки дар натиҷаи заҳмату талошҳои фарзандони вафодори ин меҳани кўҳан ба даст омадааст, аз самими қалб табрику муборакбод намуда, ба ҳар як фарди Ватан комёбиву муваффақият ва амалишавии орзуҳояшонро таманно дорам.

Бигузор мурғи бахту саодат ва ваҳдат дар фазои кишвари азизу маҳбуби мо — Тоҷикистони биҳиштосо ҷовидона парафшонӣ кунад ва мардуми сарбаланди тоҷик бар суйи ободиву пешрафти бештар, бо қадамҳои устувор ба пеш раванд.

Эмомалӣ СОБИРЗОДА,

вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,

генерал-лейтенант

Previous Post

МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОН ВА ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ ВАНҶ

Next Post

МАШВАРАТИ НАВБАТИИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
МАШВАРАТИ НАВБАТИИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ

МАШВАРАТИ НАВБАТИИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

08.07.2025
МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

07.07.2025
БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

04.07.2025
ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

04.07.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook