Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН: ТАЪСИСЁБӢ, РУШДИ СИЁСӢ ВА НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
12.02.2026
in Мақола
0
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН: ТАЪСИСЁБӢ, РУШДИ СИЁСӢ ВА НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
0
SHARES
70
VIEWS
Share on Facebook

Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки натиҷаи муборизаи таърихии халқи тоҷик барои озодии миллӣ мебошад, масъалаи ташаккул ва ба низоми ягонаи давлатӣ ворид намудани қувваҳои мусаллаҳ яке аз вазифаҳои стратегӣ ва ҳаётан муҳим гардид. Таъмини амнияти кишвар дар марҳилаҳои аввали истиқлолият бо таҳдидҳои дохилӣ ва минтақавӣ ҳамоҳанг буд ва таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як зарурати воқеӣ табдил ёфт.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадан ташаккули сохторҳои қавии ҳарбӣ ва таҳкими қобилияти мудофиавии давлатро вазифаи аввалиндараҷа медонистанд. Бо ҳидояти Сарвари давлат қадамҳои аввалини таъсис ва мустаҳкам намудани Қувваҳои Мусаллаҳ гузошта шуданд. Сарвари давлат ҳамеша таъкид намудаанд, ки Қувваҳои Мусаллаҳ бояд ҳамеша дар ҳифзи истиқлолияти кишвар бошанд, заминаи таҳкими давлат ва амнияти мардуми Тоҷикистонро фароҳам оранд.

Дар давоми 33 соли таърихии фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Пешвои миллат бо барномаи мунтазам ва систематикии давлатӣ, аз ҷумла барқарорсозии сохторҳои низомӣ, таълими кадрҳои баландихтисос дар Донишкадаҳои ҳарбӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ заминаи мустаҳками таҳкими артиш ва таъмини амнияти кишварро фароҳам оварданд.

Яке аз дастовардҳои муҳим, ки ба сиёсати Пешвои муаззами миллат алоқаманд аст, омода намудани насли ҷавон лар рӯҳияи ватандӯстӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи афсарону сарбозон мебошад. Барномаҳои таълимӣ на танҳо малака ва малаки касбии афсарону сарбозонро баланд бардоштанд, балки тафаккури стратегӣ ва қобилияти қабули қарорҳои дуруст дар ҳолатҳои фавқулодда ва амалиёти ҷангӣ низ тақвият ёфт.

Набояд саҳми олимону профессорон, афсарону устодонро дар ташаккули Қувваҳои Мусаллаҳ фаромӯш кард. Ин шахсиятҳо бо дониш ва таҷрибаи худ заминаи таҳқиқоти низомӣ ва омӯзиши касбии афсарону сарбозонро фароҳам овардаанд.

Маҳз, саҳми олимону профессорон ва афсарон–устодон дар таҳкими заминаи илмиву методӣ, татбиқи технологияҳои муосир дар омӯзиши ҳарбӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисос барои Қувваҳои Мусаллаҳ беназир мебошад. Онҳо бо роҳнамоии Пешвои миллат тавонистанд, на танҳо афсарону сарбозонро ба стандартҳои байналмилалӣ омода созанд, балки заминаи таҳқиқотҳои илмии устуворро барои рушди минбаъдаи низоми ҳарбии Тоҷикистон фароҳам оваранд.

Дар замони имрӯза, таҷрибаи байналмилалӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ низ нақши ҳалкунанда доранд. Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат ҳамкориҳои стратегӣ ва ҳарбӣ бо кишварҳои дӯст ва шарикони байналмилалиро ба роҳ мондааст, ки ин ба баланд бардоштани қобилияти ҷангии афсарону сарбозон, ташкили курсҳои омӯзишии муосир ва ворид намудани технологияҳои пешрафтаи низомӣ мусоидат намуд. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо дар ҳифзи марзҳо ва амнияти дохилӣ муваффақ гардидаанд, балки дар чорабиниҳои байналмилалӣ ва ҳамкориҳои низомӣ ҳамчун як қувваи эътимодбахш шинохта шуданд.

Ҳамчун василаи таъмини субот Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар рушди устувори ҷомеа ва ягонагии сартосарӣ нақши стратегӣ мебозанд. Афсарону сарбозон бо шуҷоат ва садоқати худ дар марзҳо, дар амалиётҳои таъмини амният ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ намунаи фарзандони содиқ ба Ватан ҳастанд.

Таърихи 33-солаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки таъсисёбӣ ва рушди он на танҳо як вазифаи ҳарбӣ, балки тадбири стратегӣ ва таърихӣ буда, ки тавассути он давлат тавонистааст, пойгоҳи устувори ҳифзи истиқлол ва суботи дохилиро фароҳам оварад. Нақши Пешвои миллат дар ин раванд ҳамчун роҳбари огоҳ, сиёсатмадор ва стратеги ҳарбӣ таърихиву назаррас мебошад.

Имрӯз, 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ на танҳо ҷашни сохторҳои қудративу низомӣ аст, балки таҷассумгари сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат дар роҳи таҳкими сулҳи пойдор дар давлат ва таъмини амнияти миллӣ мебошад. Ҳар як дастоварду музаффарияти Қувваҳои Мусаллаҳ шаҳодати масъулиятшиносии амиқ, садоқат ба халқу Ватан ва ҳисси баланди ватандӯстии хизматчиёни низомӣ аст.

Хуршед САФАРЗОДА,

Сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа,

Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,

генерал-майор

Previous Post

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ – АМАЛӢ ТАҲТИ ИН УНВОНИ “РОҲҲО ВА УСУЛҲОИ ПЕШГИРИИ ИФРОТГАРОИИ ХУШУНАТОМЕЗ ДАР БАЙНИ ҶАВОНОН” ДАР ДОНИШКАДАИ ҲАРБИИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Next Post

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ СИТОДИ ШАҲРӢ ОИД БА ДАЪВАТИ БАҲОРОНАИ ҶАВОНПИСАРОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ШАҲРИ КОНИБОДОМ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ СИТОДИ ШАҲРӢ ОИД БА ДАЪВАТИ БАҲОРОНАИ ҶАВОНПИСАРОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ШАҲРИ КОНИБОДОМ

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ СИТОДИ ШАҲРӢ ОИД БА ДАЪВАТИ БАҲОРОНАИ ҶАВОНПИСАРОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ШАҲРИ КОНИБОДОМ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА

14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА

14.03.2026
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ КОМИССИЯИ ДАЪВАТИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ БАҲОРИИ СОЛИ 2026 БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ КОМИССИЯИ ДАЪВАТИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ БАҲОРИИ СОЛИ 2026 БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

14.03.2026
ҶАМЪОМАДИ ТАЪЛИМИИ ЯКРӮЗА БО КОМИССАРОНИ ҲАРБИИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ МАМЛАКАТ

ҶАМЪОМАДИ ТАЪЛИМИИ ЯКРӮЗА БО КОМИССАРОНИ ҲАРБИИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ МАМЛАКАТ

13.03.2026
ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ НАМОЯНДАГОНИ ВАО АЗ ҶОНИБИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ НАМОЯНДАГОНИ ВАО АЗ ҶОНИБИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

11.03.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook