Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ МАМЛАКАТ – КАФИЛИ АМНИЯТУ СУБОТИ САРТОСАРӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
13.02.2026
in Мақола
0
ШАҲРИ ДУШАНБЕ НАҚШАИ ДАЪВАТРО ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО НАМУД
0
SHARES
47
VIEWS
Share on Facebook

Дар ҷаҳони муосир, ки пур аз таҳдидҳои гуногун – аз хатарҳои ҳарбӣ то ҷинояткории фаромиллӣ, ифротгароӣ, терроризм ва нооромии сиёсӣ мебошад, масъалаи амнияти миллӣ бар ҳар як давлату миллат аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Ҳар як давлате, ки мехоҳад истиқлолият, тамомияти арзӣ ва суботи сиёсиву иҷтимоии худро ҳифз намояд, бояд ба Қувваҳои Мусаллаҳи худ такя кунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ истисно нест. Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ҳамчун сипари боэътимоди давлат, кафили амният, оромӣ ва зиндагии осоиштаи шаҳрвандон маҳсуб меёбанд.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо як сохтори ҳарбӣ, балки мактаби ватандӯстӣ, мардонагӣ ва садоқат ба давлату миллат мебошад. Он дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ роҳи пуршараф ва ҳамзамон пурмасъулиятро тай намуда, имрӯз ба як неруи қобили эътимод табдил ёфтааст.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ниҳоят мураккаб ва ҳассос – замони солҳои аввали истиқлолият таъсис ёфтааст. Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, Тоҷикистон ҳамчун давлати ҷавон бо мушкилоти зиёд, аз ҷумла нооромии сиёсӣ ва низоъҳои дохилӣ рӯ ба рӯ шуд. Дар чунин шароит, таъсиси Артиши миллӣ як қадами сарнавиштсоз баҳри расидан ба ояндаи дурахшон арзёбӣ мешуд .

Дар солҳои аввал Қувваҳои Мусаллаҳ бо камбудии техника, таҷҳизот ва мутахассисони ҳарбӣ рӯ ба рӯ буданд. Бо вуҷуди ин, бо иродаи қавии роҳбарияти давлат, хиради нотакрори Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фидокории афсарону сарбозон, заминаи Артиши миллии муҷаҳҳаз бо тамоми лавозимоти ҳарбии муосир гузошта шуд.

Имрӯз метавон равшан мушоҳида кард, ки артиши кишвар аз як сохтори навтаъсис ба неруи муназзам ва боинтизом табдил ёфтааст. Ин пешрафт натиҷаи сиёсати дурандешона ва таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти давлат ба масъалаҳои мудофиаи давлат мебошад.

Вазифаи асосии қувваҳои Мусаллаҳ ҳифзи марзу буми ин сарзамини аҷдодӣ, таъмини амнияту суботи шаҳрвандони кишвар ва бедор намудани ҳисси миллии ватандӯстиву ватанпарастӣ дар ниҳоди ҷавонон ба шумор меравад, ки имрӯзҳо ин такягоҳи боэътимоди давлат  рисолати ҷавонмардонаи худро сарбаландона иҷро намуда истодааст. Артиши миллии мо инчунин вазифаҳои:

ҳифзи сарҳади давлатӣ;

пешгирӣ ва муқовимат ба ҳама гуна таҳдидҳо;

иштирок дар бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода;

таъмини суботи дохилӣ ва амният;

саҳмгузорӣ дар таҳкими сулҳу оромӣ дар минтақаро низ бар уҳдаи худ дорад.

Артиши миллӣ танҳо як ниҳоди қудратӣ нест, балки мактаби тарбияи ватандӯстӣ барои ҷавонон ба шумор меравад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳар як ҷавонмарди тоҷик мактаби ҳаёт аст, ки дар он ҳисси масъулият, интизом, садоқат ва муҳаббат ба Ватан ташаккул меёбад.

Дар солҳои охир афсарону сарбозони мо дар машқҳои ҳарбӣ, тамринҳои саҳроӣ ва чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ фаъолона иштирок намуда истодаанд. Ин фаъолиятҳо на танҳо фаъолияти ҳаррӯзаро нишон медиҳанд, балки рӯҳияи баланд ва омодагии ҷангии афсарону сарбозонро инъикос менамоянд.

Имрӯз артиши кишвар бо техникаи замонавӣ, либосҳои низомии стандартӣ ва инфрасохтори муосир таъмин гардидааст. Ин ҳама далели он аст, ки давлат ба тақвияти иқтидори мудофиавии худ таваҷҷуҳи ҷиддӣ медиҳад.

Дар ташаккул ва таҳкими Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург ва таърихист. Маҳз бо роҳбарии хирадмандона ва иродаи қавии Сарвари давлат Артиши миллӣ дар шароити ниҳоят мураккаб таъсис ёфта, тадриҷан ба неруи боэътимоди давлат табдил ёфт.

Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ масъалаи таъмини амнияти миллӣ ва таҳкими иқтидори мудофиавиро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор доданд. Ташаббусҳои пайвастаи Сарвари давлат дар самти таъсиси қисмҳои ҳарбӣ, тайёр кардани кадрҳои миллӣ, беҳтар намудани шароити иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ва муҷаҳҳаз гардонидани ҷузъу томи артиш бо техникаи муосир заминаи устувори рушди Қувваҳои Мусаллаҳро фароҳам овард.

Бо дастгирӣ ва роҳнамоии Пешвои миллат имрӯз хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мояи ифтихор буда, Артиши миллӣ ҳамчун рамзи давлатдории муосири тоҷикон шинохта мешавад.

Сулҳ ва суботи имрӯзаи Тоҷикистон бе фаъолияти пурсамари Қувваҳои Мусаллаҳ тасаввурнопазир аст. Маҳз бо шарофати ҳушёрӣ, омодагӣ ва садоқати онҳо мардуми кишвар дар фазои орому осуда зиндагӣ мекунанд, ба меҳнат, таҳсил ва созандагӣ999¦ машғуланд.

Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамеша омодаанд, ки дар ҳар вазъият манфиатҳои миллӣ ва амнияти давлатро ҳимоя намоянд. Ин омодагӣ боварии мардумро ба артиши худ боз ҳам қавитар месозад.

Воқеан Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили амнияту суботи сартосарии мамлакат мебошад. Он рамзи истиқлолият, ифтихори миллӣ ва неруи боэътимоди давлат маҳсуб меёбад. Рушди пайваста, ислоҳоти ҷиддӣ ва таваҷҷуҳи давлат ба Артиши миллӣ нишон медиҳад, ки амнияти кишвар дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дорад.

Ҳар як шаҳрванди огоҳ бояд дарк намояд, ки ҳифзи Ватан вазифаи муқаддас аст. Артиши миллӣ бо садоқат ин рисолати бузургро иҷро намуда, барои наслҳои имрӯз ва фардо Тоҷикистонро амн, ором ва обод нигоҳ медорад.

ҒОИБЗОДА ЛУТФУЛЛО,

комиссари ҳарбии ноҳияи Сино,

полковник

Previous Post

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ СИТОДИ ШАҲРӢ ОИД БА ДАЪВАТИ БАҲОРОНАИ ҶАВОНПИСАРОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ШАҲРИ КОНИБОДОМ

Next Post

АРТИШИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН – МАКТАБИ ҶАВОНМАРДИВУ САДОҚАТ БА ВАТАН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ИШТИРОК ДАР ПАРАДИ ҲАРБӢ БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

АРТИШИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН – МАКТАБИ ҶАВОНМАРДИВУ САДОҚАТ БА ВАТАН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА

14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА

14.03.2026
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ КОМИССИЯИ ДАЪВАТИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ БАҲОРИИ СОЛИ 2026 БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ КОМИССИЯИ ДАЪВАТИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ БАҲОРИИ СОЛИ 2026 БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

14.03.2026
ҶАМЪОМАДИ ТАЪЛИМИИ ЯКРӮЗА БО КОМИССАРОНИ ҲАРБИИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ МАМЛАКАТ

ҶАМЪОМАДИ ТАЪЛИМИИ ЯКРӮЗА БО КОМИССАРОНИ ҲАРБИИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ МАМЛАКАТ

13.03.2026
ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ НАМОЯНДАГОНИ ВАО АЗ ҶОНИБИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ НАМОЯНДАГОНИ ВАО АЗ ҶОНИБИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

11.03.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook