Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

ҚОНУНИ ТАНЗИМ: АЗ ТАҒЙИРОТ ТО ТАЛАБОТ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
19.08.2024
in Мақола
0
ҚОНУНИ ТАНЗИМ: АЗ ТАҒЙИРОТ ТО ТАЛАБОТ
0
SHARES
158
VIEWS
Share on Facebook

Дар давоми 17 сол ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шаш маротиба (16-уми июни соли 2008, 21-уми июли соли 2010, 30-юми майи соли 2017, 28-уми августи соли 2017, 25-уми июни соли 2021 ва 20-уми июни соли 2024) тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.
Ба маврид аст қайд намоям, ки 20-уми июни соли 2024 Қонун дар таҳрири нави ҷавобгӯ ба талаботи замон таҳия ва қабул гардид.

Дар таҳрири нав қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз талаботи сархати сеюми моддаи 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад, ки дар он омадааст: «Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд танҳо бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад». Инчунин, ҳангоми таҳияи Қонун таклифи вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва пешниҳоди шаҳрвандон ба инобат гирифта шудааст.

Пеш аз ҳама, номи Қонун иваз гардида, калимаи «анъана» аз ном ва тамоми матни Қонун хориҷ карда шуд.

Номи боб тағйир ёфта, ба Қонун 6 моддаи дигар илова гардид, ки айни замон аз 6 боб ва 22 модда иборат аст.

Ба Қонун салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба танзими ҷашну маросим бо талаботи иловагӣ ворид гардид.
Ҷашни зодрӯз дар доираи талаботи амалкунанда, яъне ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила гузаронида мешавад.

Хатнасур бошад, ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила ва бе хизматрасонии санъаткорон гузаронида мешаванд.

Тӯйи домодию арусӣ бо гузаронидани на зиёда аз ду маърака ва дар давоми на бештар аз ду рӯз ба таври ихтиёрӣ бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши тӯй барои то 200 нафар аз ҳисоби ҳар ду ҷониб гузаронида мешавад. Давомнокии тӯю маъракаҳо то се соат муқаррар гардидааст.

Маросими ҷаноза бе маҳдудияти шумораи иштироккунандагон сурат мегирад. Маросими се, чил ва сол бе забҳи чорво ва додани таом гузаронида мешаванд. Дар маросими дафну азодорӣ, забҳи чорво ва додани таом, ташкили оши сари тахта, душанбегӣ, ҷумъагӣ, ҳафт, бист, шашмоҳагӣ, ҳамчунин, додани пули нақд ва дигар ашё, ба истиснои ҳаққи хизмати қабркан ва мурдашӯй, манъ аст.
– Банди 2 моддаи 9 (Ҷашнҳои расмӣ) бо иловаи зерин қабул гардид: Дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон дастархони камхарҷи идона ороста шуда, исрофкорӣ, зиёдаравӣ, тақдими ширинӣ ва туҳфаҳои дигар (идгардак) манъ аст.
Дастархони камхарҷи идона маънои онро дорад, ки кадбонуи хона дар рӯзи ид бояд пухтупазҳои миллӣ, ба монанди кӯлчаву орзуқ, ҳалвою ширинӣ ва нӯшокиҳои рангоранги аз меваҳои ватанӣ тайёркардаро пешкаши меҳмонон намояд. Рӯзҳои иди Рамазону Қурбон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои истироҳатӣ эълон гардидаанд, шаҳрвандон метавонанд бо ҳамроҳии фарзандонашон ба аёдати хешу ақрабо ва ба хонаи шахсони мусибатдор рафта, дуову фотиҳа намоянд.

– Дар маросими ҳаҷ ва умра бошад (Моддаи 13) бандҳои 2 ва 3 бо иловаҳои зерин қабул гардид: Ташкили маъракаҳои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон, ҳоҷиошӣ ва маъракаҳои дигар, инчунин, тақсими туҳфаҳо, идона оро додани ҳавлӣ, кӯчаву маҳалла ва мошинҳо ба хотири ҳаҷ ва ё умра манъ аст. Ҳоҷиён ва умракунандагон ба ҷойи маъракаҳои манъшуда метавонанд корҳои хайриявию эҳсонкорӣ, аз ҷумла таъмири роҳ, кашидани хатти об, сохтмон ва ё таъмири иншооти иҷтимоӣ, пулҳоро анҷом диҳанд.
– Ба моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну маросим чунин тағйирот ворид карда шуд.

  1. Барои хабардор накардани комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим дар хусуси баргузории тӯйи домодию арусӣ ва маросими азодорӣ, инчунин, пошидан ва часпондани пул дар ҷашну маъракаҳо, — ба андозаи даҳ нишондиҳанда (720 сомонӣ) барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда шудааст.
  2. Барои гузарондани маъракаҳои манъшуда, вайрон намудани тартиби гузаронидани маъракаи зодрӯз, хатнасур, маросими дигари вобаста ба таваллуди кӯдак, дафну азодорӣ ва мавлудхонӣ, — ба шахсони воқеӣ ба андозаи як саду бист (8640 сомонӣ) ва ба шахсони мансабдор ба андозаи сесаду панҷоҳ (25200 сомонӣ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда шудааст.
  3. Барои вайрон намудани талаботи қонунгузорӣ оид ба гузарондани тӯйи домодию арусӣ, аз ҷумла риоя накардани шумораи даъватшудагон, вақт ва давомнокии баргузории ҷашну маросим, — ба шахсони воқеӣ ба андозаи дусаду бист (15840 сомонӣ) ва шахсони мансабдор ба андозаи панҷсаду панҷоҳ (39600 сомонӣ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда шудааст.
  4. Барои вайрон кардани қоидаи тӯйи домодию арусӣ, теъдоди меҳмонҳо, вақти баргузории тӯю маъракаҳо, — ба шахсони воқеӣ ба андозаи сесад (21600 сомонӣ) ва шахсони мансабдор ба андозаи як ҳазору панҷсад (108000 сомонӣ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда шудааст.
  5. Барои риоя накардани тартиби гузарондани маъракаҳои гуселу пешвоз вобаста ба адои ҳаҷ ё умра (берун аз доираи оила), ташкили маъракаҳои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон, оши ҳоҷӣ, инчунин тақсими туҳфаҳо, идона оро додани ҳавлӣ, кӯчаву маҳалла ва мошинҳои ба хотири ҳаҷ ва умра, — ба шахсони воқеӣ ба андозаи сесад (21600 сомонӣ) ва шахсони мансабдор ба андозаи ҳаштсад (57600 сомонӣ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда шудааст.

– Масъулон талаботи Қонун ва тағйиротро бояд ба мардуми одӣ бифаҳмонанд. Надонистани Қонун ва хилофи он амал кардан касро аз ҷавобгарӣ озод намекунад. Магар беҳтар он нест, ки талаботи Қонун пурра риоя гардад ва аз ҷавобгариву ҷаримасупорӣ озод бошанд?

Абдулқодири РАҲИМ

Previous Post

СУХАНРОНӢ ДАР ҲАМОИШИ СЕЮМИ САДОИ ҶАҲОНИ ҶАНУБ, ТАҲТИ УНВОНИ “ТАҚВИЯТИ ҶАҲОНИ ҶАНУБ БАРОИ ОЯНДАИ УСТУВОР”

Next Post

ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ВА МАНФИАТҲОИ КӮДАК ДАР ҚОНУН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ВА МАНФИАТҲОИ КӮДАК ДАР ҚОНУН

ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ВА МАНФИАТҲОИ КӮДАК ДАР ҚОНУН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

15.05.2025
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

09.05.2025
МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

09.05.2025
СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

08.05.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook