Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати Мудофияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ҚАДРУ ҚИМАТИ ИНСОН АРЗИШИ ОЛИСТ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
16.06.2023
in Хабар
0
ҚАДРУ ҚИМАТИ ИНСОН АРЗИШИ ОЛИСТ
0
SHARES
46
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Эъломияи умумии ҳуқуқи башар нахустин санади таърихиест, ки тамоми кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, онро эътироф намудаанд. Мақсад аз таҳияи ин санади ҷаҳонӣ ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқҳои инсон буда, дар он масоили ҳуқуқ ба ҳаёт, таҳсил, озодии баён ва дигар ҳуқуқҳои инсон дарҷ гардидаанд. Он аз пешгуфтор ва 30 модда иборат буда, бо зиёда аз 350 забон тарҷума шудааст.

Сиёсатшиносон қабули эъломияи мазкурро дар асри гузашта муҳим ва айни муддао арзёбӣ менамоянд. Чунки қаблан ҷомеаи ҷаҳонӣ ду ҳодисаи мудҳиш, яъне ду ҷанги ҷаҳониро аз сар гузаронида буд, ки дар натиҷа миллионҳо нафар ба ҳалокат расиданд. Ба таъкиди онҳо ин санад тавонист дар ҳимояи шахсият ва умуман ҳимояи аҳли башар табаддулоти ҷиддиеро ба вуҷуд орад. Он ба инсонҳо имконият дод, ки барои ҳуқуқҳои хеш мубориза баранд. Ин ва дигар эъломияҳое, ки қабул шуданд, имкон фароҳам оварданд, то қадру қимати инсон дар ҷомеа ҳамчун арзиши олӣ эътироф гардад.

Ҳуқуқи инсон яке аз арзишҳои муҳимтарини тамаддуни ҷаҳонист, чун ҳамаи соҳаҳои фаъолияти ҳаётии ҷомеа бо ҳуқуқҳои инсон алоқаманданд. Таълимот дар бораи ҳуқуқи инсон таърихи дуру дароз дошта, аз давраи муборизаҳои озодихоҳона, пайдошавии судҳои байналхалқӣ, инқилобҳои буржуазӣ сарчашма гирифтааст.

Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ки аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид қабул  шудааст, ба масъалаи инсон ва мақоми он дар ҷомеа диққати ҷиддӣ додааст. Дар моддаи 1-и эъломия зикр шудааст, ки тамоми одамон аз лиҳози шаъну шараф ва ҳуқуқҳо баробар ба дунё меоянд. Инсон бо ҳуқуқҳои худ ба дунё меояд, ки муҳимтарини онҳо ин ҳуқуқ ба зиндагӣ аст. Ҳуқуқи инсон мафҳуми мураккабу гуногунҷабҳа буда, онро бо қоидаи ягона шарҳ додан душвор аст. Агар иддае ҳуқуқҳои инсонро воситаи муваффақшавии инсонҳо ба неъматҳои асосии моддию маънавӣ арзёбӣ намоянд, гурӯҳи дигар усули тасдиқ намудани шахсият унвон менамоянд. Ҳуқуқҳои инсон имкон  медиҳанд, ки ӯ ҳамчун узви ҷомеа озоду мустақил рушд намуда, дар ҳаёт мавқеи устувори худро пайдо кунад. Ба ақидаи коршиносон ҳуқуқи инсон нуқтаи назари махсус ба сохти ҷаҳон ва мавқеи шахс дар он мебошад. “Ҳар як одам ба озодии афкор, виҷдон ва дин ҳуқуқ дорад», — таъкид мегардад дар муҳимтарин ҳуҷҷати байналмилалӣ — Эъломияи умумии ҳуқуқи башар.

– Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид нахустин санади байналхалқиест, ки ҳамкории давлатҳоро дар бахши эҳтиром ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба миён гузошт, — мегӯяд ҳуқуқшинос Исфандиёр Саидов. – Аммо дар ойинномаи СММ номгӯйи ҳуқуқу озодиҳои инсон муқаррар нагардида буд. Ин ҳолат ҷомеаи ҷаҳониро водор сохт санадеро таҳия намояд, ки фарогири ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон бошад. Моҳи феврали соли 1946 бо таъсиси комиссия оид ба ҳуқуқи инсон таҳияи матни Эъломияи умумии ҳуқуқи башар оғоз ёфт. Дар аввал комиссия хост як ҳуҷҷат оид ба ҳуқуқҳои инсонро таҳия намояд. Вале баъдан ин иқдом се санадро дар худ фаро гирифт: Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймони байналхалқӣ оид ба ҳуқуқҳои шахсӣ ва сиёсӣ, Паймони байналхалқӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ.

Ба таъкиди коршиносони соња, таҳияи лоиҳаи Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар як давраи мураккаб, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ду лагери ба ҳам мухолиф тақсим шуда буданд, ба вуҷуд омад. Намояндагони кишварҳои Ғарб тарафдори он буданд, ки эъломия фарогири назарияи фитрии ҳуқуқҳои инсон бошад. Дар он ҳуқуқу озодиҳои фитрӣ, шахсӣ ва сиёсӣ ҷойгир карда шавад. Аммо намояндагони кишварҳои шӯравӣ ҷой додани ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро пайгирӣ мекарданд. Сарфи назар аз ин мухолифатҳо мавқеи ҳар ду ҷониб дар эъломия инъикос ёфтааст. Дар он ҳам ҳуқуқҳои фитрӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳам иҷтимою фарҳангӣ таҷассуми худро меёбад.

Бо вуҷуди хусусияти тавсиявӣ доштани эъломия, садҳо кишварҳои дунё дар конститутсияҳои худ меъёрҳои онро инъикос кардаанд. Аз ҷумла, ҳангоми қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра матни эъломия дар бахши ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд ба назар гирифта шудааст. Он ҳуқуқҳое, ки дар эъломия аст, дар боби дуюми Конститутсияи Тоҷикистон инъикос ёфтааст.

Дар моддаи 5-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд”.

Ба ҳамагон маълум аст, ки шахс дар ҷамъият ҳуқуқҳои зиёдро доро мебошад. Ва ин ҳуқуқу озодиҳои инсон аз ҷониби давлат эътироф ва кафолат дода мешавад. Тибқи талаботи Конститутсия ҳеҷ як мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ ҳақ надоранд, ба ягон ваҷҳ ба қадру қимати инсон бирасанд. Чун асоси ҳуқуқҳои инсонро шаъну эътибор ташкил медиҳад. Яке аз асосгузорони назарияи ҳуқуқҳои инсон, маорифпарвари фаронсавӣ Ж. Руссо таъкид менамояд, ки шаъну эътибор дар худи моҳияти одам мавҷуд аст. «Даст кашидан аз озодии худ даст кашидан аз шаъну эътибори инсонии худ, аз ҳуқуқи инсон, ҳатто аз уҳдадориҳост», — мегӯяд ӯ.

Масъалаи дахлнопазирии шаъну эътибори шахс дар санадҳои давлатӣ ба таври возеҳ таъкид мегардад. Шаъну эътибор аз ҷониби ҳар як инсон дарк гардидани алоқамандии худ бо ҷомеа, аҳамият, нақш, саҳм ва таъсиргузорӣ дар он мебошад. Одам ҳар қадар бештар сифатҳои мусбат дошта бошад, шаъну эътибори вай дар ҷомеа ҳамон қадар баланд аст. Шаъну эътибор маънои ҳимоя аз зӯроварии ҷисмонӣ ва таъсиррасонии рӯҳониро дорад. Ҳеҷ кас набояд мавриди шиканҷа, зӯроварӣ, муносибати бераҳмона ва ҷазодиҳӣ қарор гирад.

Дар ҳама кишварҳо, новобаста аз сохти давлатдорӣ, ҳуқуқи инсонҳо набояд дар тарозуи манфиат баркашида шаванд, балки ҳуқуқҳои инсон бояд аз ҳама гуна тарозу боло ва қадру манзалати инсон нисбат ба дигар манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсӣ болотар бошад. Инсон бояд ҳамчун шахсият эътироф шуда, аз ҳама гуна зарфиятҳое, ки дар ҷомеа ҳасту мушкилӣ меорад, ҳимоя карда шавад. Ҳамзамон, инсонҳо дар ҳама ҳолат бояд ҳуқуқу озодиҳои якдигарро эҳтиром намоянд. Чун танҳо онҳо метавонанд боиси пешрафти ҷомеа бошанд.

Шаҳло ЭШОНОВА

Previous Post

МАШВАРАТИ КОРӢ

Next Post

ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОҲАИ ОБ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОҲАИ ОБ

ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОҲАИ ОБ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

СУХАНРОНӢ ДАР МУБОҲИСАҲОИ УМУМИИ ИҶЛОСИ 78-УМИ МАҶМАИ УМУМИИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД

СУХАНРОНӢ ДАР МУБОҲИСАҲОИ УМУМИИ ИҶЛОСИ 78-УМИ МАҶМАИ УМУМИИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД

22.09.2023
ЧОРАБИНИҲОИ ПЕШАЗДАЪВАТӢ ДАР МАҚОМОТИ ПРОКУРОРӢ

ЧОРАБИНИҲОИ ПЕШАЗДАЪВАТӢ ДАР МАҚОМОТИ ПРОКУРОРӢ

22.09.2023
ИШТИРОК ДАР САММИТИ ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР

ИШТИРОК ДАР САММИТИ ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР

20.09.2023
СУХАНРОНӢ ДАР САММИТИ ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР

СУХАНРОНӢ ДАР САММИТИ ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР

20.09.2023
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2014 - All Rights Reserved.ME
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook
  • Mix.tj