Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ҚАБУЛИ ҚАТЪНОМАИ ТОҶИКИСТОН ЗЕРИ УНВОНИ “ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА”

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
26.06.2026
in Хабар
0
БАРҚИЯИ ТАБРИКӢ БА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН САДИР ЖАПАРОВ
0
SHARES
20
VIEWS
Share on Facebook

Бегоҳии 25 июн Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсусро аз рӯи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул намуд. Тавассути қатъномаи мазкур, давлатҳои узв уҳдадории муштараки худро ҷиҳати пешбурди сулҳ, муколама ва ҳамбастагии байни наслҳо ҳамчун пояҳои муҳимми таъмини некӯаҳволии наслҳои оянда тасдиқ карданд.

Дар қатънома ҳадафҳо ва принсипҳои Оинномаи СММ, ба вежа иродаи «наҷоти наслҳои оянда аз офати ҷанг» ва уҳдадории ҳалли мусолиматомези баҳсҳо бозтоб ёфтааст. Он инчунин аҳамияти Эъломия ва Барномаи амал оид ба фарҳанги сулҳро ҳамчун ваколати умумиҷаҳонӣ барои таблиғи фарҳанги сулҳ ва адами хушунат эътироф менамояд.

Тибқи муқаррароти ин санад, Маҷмаи Умумӣ солҳои 2027-2036-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда эълон кардааст. Ҳадафҳои асосии Даҳсола аз мусоидат ба таҳкими сулҳ, ташвиқи муколама ва мусолиҳа, инчунин дастгирии таомул миёни наслҳо, аз ҷумла кӯдакон, ҷавонон ва пиронсолон, бо назардошти ниёзҳо ва манфиатҳои наслҳои оянда дар таҳияи сиёсат ва равандҳои қабули қарорҳо иборат мебошанд.

Қатънома саҳми давлатҳои узв, роҳбарон ва халқҳоеро, ки тавассути равандҳои сиёсии фарогир, чораҳои эътимодбахш, барқарорсозии пас аз низоъ ва сармоягузориҳои дарозмуддат ба ваҳдати иҷтимоӣ дар таҳкими сулҳ, оштӣ, муколама ва ваҳдати миллӣ саҳм гузоштаанд, истиқбол мекунад. Қатънома хотирнишон месозад, ки ин таҷрибаҳои миллӣ ҳамчун манбаи арзишманди илҳомбахшӣ барои наслҳои имрӯза ва оянда хизмат мекунад.

Илова бар ин, дар қатънома аз уҳдадориҳои зимни Саммити оянда дар соли 2024 қабулшуда, инчунин аз қабули «Паймони оянда», ки дар он кишварҳои узв баҳри тақвияти ҳамкорӣ ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои наслҳои оянда уҳдадор шудаанд, истиқбол карда мешавад. Дар он инчунин таҳаввулоти мусбат дар Осиёи Марказӣ, хусусан талошҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар амри ҳалли мусолиматомези масъалаҳои сарҳадӣ, аз ҷумла имзои созишномаҳои дахлдор истиқбол карда мешавад.

Қатънома аз Дабири Кулл, ниҳодҳои махсусгардонидашуда, комиссияҳои минтақавӣ ва дигар ниҳодҳои СММ дархост менамояд, ки ҷиҳати татбиқи Даҳсола дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳо ва ҷонибҳои манфиатдор мусоидат кунанд. Аз давлатҳои узв, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар шарикон ҷиҳати дастгирии татбиқи Даҳсола, аз ҷумла табодули таҷрибаву дониш даъват ба амал оварда шудааст.

Шоёни зикр аст, ки қабули қатъномаи мазкур бо ташаббуси навбатии Роҳбари давлати мо дар Маҷмаи Умумии СММ ба шароите рост меояд, ки дар минтақаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар мардуми осоишта ба хавфу таҳдидҳои гуногуни амниятӣ ва ҷангҳои хонумонсӯз дучор мебошанд. Он бешак аз нақши сулҳофару ваҳдатпарвари миллати тоҷик сарчашма гирифта, ҳамакнун саҳме дар таҳкими пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии фарҳанги сулҳ хоҳад буд.

Гузашта аз ин, иқдоми мазкур аз сӯи шахсияте ба мисли Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Роҳбари давлате, ки мардумонаш даҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузарониданд, ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мерасанд ва сабақҳои талхи он фоҷиаи миллиро ҳаргиз фаромӯш намекунанд, амри саривақтӣ ва зарурӣ мебошад.

president.tj

Previous Post

ҶАЛАСАИ ҲАМОҲАНГСОЗӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРӢ

Next Post

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҚАБУЛИ ҚАТЪНОМАИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД ТАҲТИ УНВОНИ «ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА, СОЛҲОИ 2027 – 2036» ВА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҚАБУЛИ ҚАТЪНОМАИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД ТАҲТИ УНВОНИ «ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА, СОЛҲОИ 2027 – 2036» ВА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҚАБУЛИ ҚАТЪНОМАИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД ТАҲТИ УНВОНИ «ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА, СОЛҲОИ 2027 – 2036» ВА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

МУЛОҚОТ  БО РОҲБАРОНУ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯИ КИШВАР

МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОНУ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯИ КИШВАР

14.07.2026
МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДАНИ БИНОИ НАВИ ВАЗОРАТИ АДЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДАНИ БИНОИ НАВИ ВАЗОРАТИ АДЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

14.07.2026
ҶАМЪОМАДИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ БО ҲАЙАТИ РОҲБАРИКУНАНДАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ҶАМЪОМАДИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ БО ҲАЙАТИ РОҲБАРИКУНАНДАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

10.07.2026
МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ СЕ ШИРКАТИ МЕТАЛЛУРГИИ ЧИН

МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ СЕ ШИРКАТИ МЕТАЛЛУРГИИ ЧИН

09.07.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook