Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати Мудофияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ҚАБУЛИ ДОВТАЛАБОН БА ДОНИШКАДАИ ҲАРБӢ: ОН АЗ РӮЙИ КАДОМ МЕЪЁР СУРАТ МЕГИРАД?

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
13.07.2021
in Хабар, эълон
0
ДОНИШКАДА ВА ЛИТСЕЙИ  ҲАРБӢ ДОВТАЛАБОНРО ДАЪВАТ МЕНАМОЯНД
0
SHARES
125
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз соҳибистиқлолии кишвар таъсис ёфта, ин мактаби олии ҳарбӣ  барои омода намудани афсарони касбӣ ва таъмин намудани  ҷузъу томи Қувваҳои Мусаллаҳ бо мутахассисони баландпояи низомӣ нақши муҳимро мебозад.

Гузашта аз ин, Донишкадаи ҳарбӣ  соли 2001 дар заминаи Коллеҷи олии ҳарбӣ, ки аз соли 1993 амал менамуд, таъсис ёфта, он дар самти пуррагардонии  ҷузъу томи Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратии кишвар  саҳми назаррас дорад.

Ҳамчунин, пас аз пойдор гардидани суботи комили сиёсӣ дар кишвар  ва фароҳам гаштани шароиту имконоти нави таълим, сол аз сол шумораи хоҳишмандони таҳсилкунанда дар ин муассисаи олии ҳарбӣ бештар гардида истодааст. Албатта, ба назар чунин мерасад, ки имрӯзҳо  дар баробари дигар муассисаҳои олии кишвар раванди имтиҳонсупорӣ дар ин муассисаи олии ҳарбӣ бомаром идома дорад.

Дар ин бора  полковник Каримҷон  Зоиров, сардори шуъбаи таълимӣ-муовини сардори ситоди Донишкадаи ҳарбӣ   иброз дошт, ки  довталабон пас аз омода кардани ҳуҷҷатҳои лозимаи дохилшавӣ аз ҷониби  Комиссияи тибби ҳарбӣ гузашта, дар сурати қобил барои таҳсил донистанашон, аз фанҳои  забони тоҷикӣ ва математика  ба таври хаттӣ, физика тариқи шифоҳӣ,барои довталабоне, ки дар мактабҳои олии ҳарбии хориҷи кишварт таҳсил карданиянд, диктант аз забони русӣ гирифта шуда, ҳамзамон аз  омодагии ҷисмонӣ тибқи меъёрҳои муқарраргардида  имтиҳон месупоранд.

Бо чанде аз довталабон ҳамсуҳбат гардидем, ки мехоҳанд, ба Донишкадаи ҳарбӣ шомил гардида, пас аз ба анҷом расонидани ин мактаби олии ҳарбӣ масъулияти ҳифзи марзу буми Тоҷикистони соҳибистиқлол ва хизмат ба халку Ватанро бар дӯш гирифта, нагузоранд, ки бадхоҳону бадандешон бо ниятҳои муғризонаашон пой ба сарзамини мо гузоранд.

-Барои дар оянда ҳамчун афсари касбӣ ҳимоя намудани марзу буми кишвар пас аз таҳсил дар Литсейи ҳарбӣ мехоҳам таҳсилро идома дода, чун фарзанди содиқу вафодори ин марзу бум умре хизмати содиқонаву софдилона карда бошам»,-зикр намуд зимни суҳбат довталаб Б. Баҳриддин

Қобили қайд аст, ки Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа аз 3 факултет, 10 кафедра ва 5 сикл иборат буда, он аз рӯйи 18 ихтисос афсарони касбиро  омода месозад. Таҳсил дар ин мактаби олии ҳарбӣ  ба таври ройгон ба роҳ монда шуда, муддати таҳсил чор солро дар бар мегирад.

Гузашта аз ин, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2011, филиали Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа дар шаҳри Хуҷанд таъсис дода шуд. Дар филиали Донишкадаи ҳарбӣ аз ихтисосҳои зерин афсарон пешбинӣ шудааст: таъминоти амволи шайъии ҷузъу томҳо, таъминоти амволи хӯрокаи ҷузъу томҳо, таъминоти коммуналии ҷузъу томҳо, таъминоти таъмири яроқу техникаи ҷузъу томҳо, таъминоти равғанҳои молиданӣ ва сӯзишвории ҷузъу томҳо ва таъминоти хизмати алоқаи ҷузъу томҳо.

Маврид ба зикри хос аст, ки дар Донишкадаи ҳарбӣ барои курсантон тамоми шароити зарурии таҳсил фароҳам оварда шудааст. Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа дорои маркази таълимии саҳроӣ буда, барои омӯзонидани ҳайати шахсӣ аз фанҳои тайёрии ҷангӣ, ноил шудан ба малакаи баланди саҳроӣ ва обутоби ҷисмонии ҳайати шахсӣ дар шароити мураккаб шароити заруриро фароҳам овардааст. Дар ин маркази таълимӣ барои гузаронидани машғулиятҳои саҳроӣ якчанд объектҳои таълимӣ сохта шудааст, ки ҳамаи онҳо барои таъмин намудани иҷроиши вазифаҳои тайёрии ҷангӣ мувофиқи талаботи барномаҳои тайёрии ҷангӣ ва барои ташаккул додани ҳолати рӯҳию равонии ҳайати шахсӣ лозим мебошад.

Албатта, раванди таълиму тадрис дар ин муассисаи олии ҳарбӣ пайваста зери таваҷҷуҳу ғамхории Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, борҳо аз шароити майишиву хизматии Донишкадаи ҳарбӣ дидан намудаанд. Бинои факултаи ҳавопаймоиро ба муносибати 25-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳ  мавриди истифода қарор додани Сарвари давлат далели гуфтаҳои болост.

Гузашта аз ин, ҳайати омӯзгорону  устодони Донишкадаи ҳарбӣ айни замон ба донишомӯзии таҳсилгирандагон, камолоти ҷисмонӣ ва такмили донишҳои ҳарбӣ-сиёсии онҳо диққати аввалиндараҷа дода, бо истифода аз имконоти васеи хониш талош доранд, то ҳарчи бештар сафи афсарони касбиро дар қисму воҳидҳои низомии кишвар зиёд намуда, раванди хизмати ҳарбиро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хуб ба роҳ монанд.

Гуфта мешавад, ки теъдоди умумии шумораи қабули довталабон ба Донишкадаи ҳарбӣ ва муассисаҳои олии ҳарбии хориҷи кишвар  аз тарафи Вазорати мудофиа бо баҳисобгирии дархости кадрии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва дигар сохторҳои қудратӣ муайян карда мешавад. Ёдовар мешавем, ки то имрӯз наздики 4 ҳазор нафар афсарон Донишкадаи ҳарбиро хатм намуда, дар вазифаҳои роҳбарикунандаи ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои қудратии кишвар фаъолияти пурсамари хешро идома дода   истодаанд.

Азимҷон  БАДАЛОВ

рӯзноманигор

Previous Post

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои ишғоли мансабҳои зерини холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:  

Next Post

ЛИТСЕЙИ ҲАРБӢ: КИҲО ШОМИЛИ ОН МЕШАВАНД?

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
Элон

ЛИТСЕЙИ ҲАРБӢ: КИҲО ШОМИЛИ ОН МЕШАВАНД?

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

26.01.2023
МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

25.01.2023
РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

24.01.2023
ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

20.01.2023
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2014 - All Rights Reserved.ME
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook
  • Mix.tj