Санаи 29–уми марти соли равон дар ноҳияи Карминаи вилояти Навоии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мусобиқаи байналхалқии пойгаи мотосиклронии “Роҳи абрешим – 2026” бо иштироки дастаҳои мотосиклронҳои Ҷумҳурии мардумии Чин, Федератсияи Россия, Беларусия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон доир гардид.

Маврид ба зикр аст, ки дар ин мусобиқаи байналмилалии пойгаи мотосиклронии “Роҳи абрешим–2026” ҳайати дастаи мунтахаби мотосиклчиёни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида, ки Қурбонмурод Ҷураев мақоми аввал ва Анвар Бурҳонов мақоми сеюмро ба оварданд.
Ба ин муносибат дар майдони сафороии Муасиссаи давлатии “Мададгори мудофиа”–и Вазорати мудофиа ғолибони мусобиқаи мазкурро дар фазои тантанавӣ истиқбол гирифтанд.

Лозим ба ёдоварист, ки чунин дастоварди варзишгарони самти мотосиклронӣ дар даврони истиқлолияти давлтӣ бори аввал ба мотосиклчиёни Тоҷикистон насиб гардид, ки дар мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ ба чунин комёбии намоёни варзишӣ ноил гардиданд.
Қобили қайд аст, ки бо дасгирии Муасиссаи давлатии “Мададгори мудофиа” –и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади бозҳам беҳтар намудан ин намуди варзиш нақшаи баргузории машқу тамринҳои мотосиклронӣ барои варзишгарон тасдиқ гардида, шахсони масъул барои назоратӣ доимӣ ва роҳандозии босифати ин самти фаъолият чораҳои зарури андешидашудааст.

Воқеан мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки сафи варзишгарони умедбахш ва муваффақ дар намуди варзиши мотосиклронӣ тайи солҳои охир бештар шуда истодааст, ки натанҳо дар мусобиқаҳои ҷумҳурӣ балки дар сатҳи байналмилалӣ низ ширкат варзида бо нишон додани маҳорати баланди варзишӣ номи Тоҷикистон ва парчами давлатиамонрон бо як ифтихори бузург баланд мебардоранд.

Дар фарҷоми чорабинӣ роҳбарияти Муасиссаи давлатии “Мададгори мудофиа” варзишгарони пирӯзгаштаро ба муносибати ин комёбии варзишиашон табрик гуфта, ва ба таври шоиста қадрдонӣ гардиданд.





