Шурӯъ аз санаи 14-уми апрели соли равон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон даври якуми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи дуюм оғоз гардид. Чемпионати мазкур, ки яке аз зинаҳои муҳими рушди футбол дар кишвар ба ҳисоб меравад, имконият медиҳад, то дастаҳои ҷавон ва истеъдодҳо маҳорати варзишии худро нишон диҳанд. Дар ҷараёни ин мусобиқа имрӯз дастаи навтаъсиси Клуби варзиши Артиши “Хатлон” дар варзишгоҳи ноҳияи Шаҳритус бо дастаи футболи “Шаҳритус” бозӣ анҷом дод, ки натиҷаи он 3:1 ба нафъи дастаи навтаъсиси Клуби варзиши Артиши “Хатлон” ҷамъбаст гардид.

Бояд қайд намуд, ки бо саҳми бевоситаи роҳбарияти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тобеияти Клуби марказии варзиши Артиш се дастаи нави футбол, Клуби варзиши Артиши “Хатлон”, Клуби варзиши Артиши “Суғд” ва Клуби варзиши Артиши “Душанбе” таъсис дода шудааст, ки дар онҳо на танҳо афсарону варзишгарон балки сарбозони қисмҳои низомии Вазорати мудофиаи мамлакат низ имконияти бозӣ карданро доранд.

Мусобиқа дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ идома дошта, дастаҳо бо рӯҳияи баланд ва омодагии ҷиддӣ вориди майдон шуда, барои ба даст овардани натиҷаҳои хуб мубориза мебаранд.






