Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомали Раҳмон оид ба баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва некӯаҳволии аҳолии кишвар, аз ҷумла хизматчиёни ҳарбӣ, чанде қабл масъулини соҳаи ақибгоҳии Вазорати мудофиа ярмаркаи фурӯши молу маҳсулотро ташкилу ба роҳ монданд. Асоси ярмаркаи навбатиро маҳсулоти кишоварзӣ, донагиву полезӣ, гӯшт ва навъҳои меваҷоту сабзавот ташкил медод, ки он бо нархи арзону дастрас пешниҳоди хизматчиёни низомӣ ва сокинон гардонида шуд.
Бояд қайд кард, ки маҳсулоти он рӯз дар фурӯшбударо масъулини ақибгоҳии Вазорати мудофиа аз ҳисоби заминҳои хоҷагии ёрирасони қисмҳои ҳарбии навъҳои қӯшуни Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар ҷузъу том дастрас намудаанд. Агар ташкили ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ аз як тараф барои беҳтар намудани зиндагии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ манфиатовар бошад, аз ҷониби дигар он ба сарфаи буҷҷаи низомиён ва сокинони пойтахт мусоидат менамояд. Зеро, арзиши маҳсулоти он рӯз дар ярмарка ба фурушбаровардашуда нисбат ба нархи бозор 30 фоиз арзонтар буд.
Интизор меравад, ки чунин ярмаркаҳо аз ҷониби масъулини Вазорати мудофиа дар минбаъда низ пайваста ташкил карда шуда, дар доираи ин ҳадаф ҳарчӣ бештар сокинони пойтахт ва хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ бо маҳсулоти хушсифати полезиву кишоварзӣ таъмин карда мешаванд.
Боқӣ ШАРИФОВ