Тайи солҳои охир ташкили ярмаркаи фурӯши молу маҳсулоти кишоварзӣ дар арафаи ҷашну идҳои милливу давлатӣ ба ҳукми анъана даромадааст, ки албатта он аз иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва некӯаҳволии аҳолии кишвар, аз ҷумла хизматчиёни ҳарбӣ дарак медиҳад. Бо ин мақсад масъулини соҳаи ақибгоҳии Вазорати мудофиа ярмаркаи фурӯши молу маҳсулотро ташкилу ба роҳ монданд, ки дар он маҳсулоти кишоварзӣ, донагиву полезӣ, гӯшт ва навъҳои меваҷоту сабзавот бо нархи арзону дастрас пешниҳоди хизматчиёни ҳарбӣ ва сокинони пойтахт гардонида шуд.
Бояд қайд кард, ки маҳсулоти дар фурӯшбударо масъулини ақибгоҳии Вазорати мудофиа аз ҳисоби заминҳои хоҷагии ёрирасони қисмҳои ҳарбии навъҳои қӯшуни Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар ҷузъу том дастрас намудаанд. Агар ташкили ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ аз як тараф барои беҳтар намудани зиндагии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ манфиатовар бошад, аз ҷониби дигар он ба сарфаи буҷаи низомиён ва сокинони пойтахт мусоидат менамояд. Зеро, арзиши маҳсулоти ярмаркаи мазкур нисбат ба нархи бозор 40 фоиз арзонтар буд.
Интизор меравад, ки чунин ярмаркаҳо аз ҷониби масъулини Вазорати мудофиа оид ба таъминоти ақибгоҳӣ дар минбаъда низ пайваста ташкил карда шуда, дар доираи чунин тадбирҳо ҳарчӣ бештар сокинону меҳмонони пойтахт ва хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ бо маҳсулоти хушсифати полезиву кишоварзӣ таъмин карда мешаванд.
Боқӣ ШАРИФӢ,
подполковник