Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ЭҲСОСИ ВАТАНДӮСТӢ БОИСИ АФЗОИШИ ҶАВОНПИСАРОНИ ИХТИЁРӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
01.05.2024
in Хабар
0
ЭҲСОСИ ВАТАНДӮСТӢ БОИСИ АФЗОИШИ ҶАВОНПИСАРОНИ ИХТИЁРӢ
0
SHARES
614
VIEWS
Share on Facebook

Аз якуми апрели соли равон бо оғоз гардидани даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар нахустин рӯзи даъват, аввалин шуда дар ҷумҳурӣ, шаҳру навоҳии вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинишуда гузориш доданд ва чанд соли охир аст, ки ин вилоят иҷрои нақшаро дар мамлакат пеш аз мӯҳлат ва дар рӯзҳои нахустини ин маъракаи муҳими сиёсӣ аввалин шуда дар ҷумҳурӣ ба итмом мерасонад.

Дар давоми 30 рӯзи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ шаҳру ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод, Тоҷикобод ва Роғун аз анҷоми даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ аллакай гузориш дода, иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ то имрӯз ба 74 фоиз баробар мебошад.

Натиҷаи фаъолияти хуби масъулини мақомоти вобастаи даъватӣ дар вилояти Хатлон аст, ки ноҳияҳои Вахш, Фархор, Хуросон, Муъминобод, Носири Хусрав, Дӯстӣ, Қубодиён ва шаҳрҳои Нораку Левакант даъвату гусели ҷавонписарони синни даъватиро ба анҷом расонида, иҷрои нақша дар ин вилоят наздики 86  фоизро дар бар мегирад.

Новобаста аз он, ки чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ду моҳ идома меёбад, масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ дар давоми 30 рӯзи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ аллакай 55 фоизи нақшаи даъвату гусели ҷавонписаронро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ба итмом расонидаанд.

Бо ҳамин тартиб дар муддати як моҳ иҷрои нақшаи пешбинигардида дар шаҳри Душанбе 51 фоизро ташкил дода, масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар чаҳор навоҳии пойтахт азм доранд, ки ин чорабинии муҳими сиёсиро бо сифати баланд ва пеш аз мӯҳлат ба анҷом расонанд.

Умуман, бо сипарӣ гардидани як моҳ аз ҷараёни даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, аллакай иҷрои нақша дар ҷумҳурӣ зиёда аз 70 фоизро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки омилҳои пеш аз мӯҳлат дар бисёре аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат иҷро гардидани нақшаи даъват агар аз як тараф ин ба дастгириву ғамхориҳои пайвастаи давлату ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба Қувваҳои Мусаллаҳ, бунёди заминаҳои хуби моддиву таълимӣ дар ҷузъу том ва ба таъмини ҳамаҷонибаи шароитҳои хизмативу майишӣ вобастагӣ дошта бошад, аз ҷониби дигар ин ба зиёд будани шумораи ҷавонони ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ, фаъолияти хубу назарраси комиссияҳои даъватӣ ва аз ҳама асос, ин пойдории фазои сулҳу суботи Тоҷикистони маҳбуб арзёбӣ мешавад, ки хушбахтона шаҳрвандони мамлакат имкон доранд, ки дар муҳити орому осоишта ва дар Ватани азизи худ хизмати пуршарафи Модар-Ватанро адо намоянд.

Барои маълумот ёдовар мешавем, ки дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ва баҳри дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” чорабиниҳои даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ аз якуми апрел то охири моҳи майи соли равон дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат муташаккилона идома меёбад.

Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,

сардори Маркази матбуоти

Вазорати мудофиаи

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

полковник

Previous Post

БО МАҲОРАТИ КАСБӢ ДАР МУБОРИЗАИ ЗИДДИТЕРРОРИСТӢ

Next Post

ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ — ҶИЛАВГИРӢ АЗ ХАРОҶОТИ ЗИЁДАТӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ — ҶИЛАВГИРӢ АЗ ХАРОҶОТИ ЗИЁДАТӢ

ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ - ҶИЛАВГИРӢ АЗ ХАРОҶОТИ ЗИЁДАТӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

23.06.2025
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

22.06.2025
НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2025
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

19.06.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook