Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БУНЁДГУЗОРИ АРТИШИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
21.02.2026
in Мақола
0
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БУНЁДГУЗОРИ АРТИШИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
0
SHARES
39
VIEWS
Share on Facebook

Мардуми Тоҷикистон дар симои ҳар яки шумо – хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муҳофизони боэътимоди истиқлолу озодии Ватан, марзу буми сарзамини аҷдодӣ, сулҳу суботи мамлакат ва ҳомиёни ҳуқуқу манфиатҳои худро мебинанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ниҳоят ҳассосу душвори таърихӣ, вазъи мураккаби сиёсӣ ва нооромию бесуботӣ, дар заминаи холӣ, бемавҷуд будани таҳкурсии моддию техникӣ аз ҷониби фарзанди фарзонаи миллат, абармарди ваҳдатофар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудаанд. Бояд зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз соҳибистиқлолӣ аз Иттиҳоди Шӯравӣ ҳатто як яроқ ба мерос нагирифтааст.

“Вақте, ки ман сари қудрат омадам, мо вазорат надоштем, мо вазири дифоъ надоштем, мо генерал — афсар надоштем, сарбозам надоштем, як милтиқи чӯбин ҳам надоштем. Артиши миллиро ман дар зери хайма таъсис додам, иншоот надоштем. Аз дигар кишварҳои ҳамсоя ман афсаронро даъват кардам, хоҳиш кардам ва аз байни онҳо вазир таъин кардам” – таъкид намудаанд, дар яке аз баромадҳояшон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, Тоҷикистон бо мушкилоти ҷиддии амниятӣ рӯ ба рӯ шуд. Набудани сохтори ҳарбиву мудофиавӣ ва вазъи ноороми дохилӣ зарурати таъсиси Артиши миллиро ба миён овард. Бо дарки амиқи масъулияти роҳбарӣ ва таъмини аркони давлатдорӣ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ асос гузоштанд. Ин иқдом қадами сарнавиштсозу таърихие буд, ки барои ҳифзи истиқлолият ва тамомияти арзии кишвар аҳамияти таърихӣ пайдо кард.

Бо ибтикор ва роҳнамоии Президенти мамлакат, пояҳои ҳуқуқӣ ва тартиби идоракунии Артиши миллӣ муайян гардида, тадриҷан ба як низоми муайян дароварда шуданд. Қабули қонунҳо ва санадҳои меъёрии марбут ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, муайян намудани сохтор ва зерсохторҳои низомӣ, таъсиси қисмҳои ҳарбӣ ва муассисаҳои таълимии ҳарбӣ аз ҷумлаи тадбирҳое буданд, ки дар муддати кӯтоҳ амалӣ гардиданд. Ин раванд дар шароите сурат гирифт, ки кишвар аз ҷиҳати иқтисодӣ ва моддӣ имкониятҳои маҳдуд дошт, аммо иродаи сиёсӣ ва масъулиятшиносӣ роҳро барои пешрафт боз намуд.

Яке аз самтҳои муҳими сиёсати Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкими тарбияи ватандӯстӣ ва баланд бардоштани рӯҳияи хизматчиёни ҳарбӣ мебошад. Дар суханрониҳо ва мулоқотҳои сершумор бо афсарону сарбозон, Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба аҳамияти садоқат ба Ватан, ҳифзи сулҳу субот ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ таъкид намудаанд. Ин сиёсати оқилонаву дурандешона замина фароҳам овард, ки Артиши миллӣ на танҳо як нерӯйи мусаллаҳ, балки ба мактаби тарбияи ҷавонмардӣ, интизом ва худшиносии миллӣ мубаддал гардад.

Бо талошҳои пайвастаи роҳбарияти давлат тӯли  солҳои соҳибистиқлолӣ заминаҳои моддию техникии Артиши миллӣ тадриҷан мустаҳкам гардиданд. Таъмини шароити мусоиди хизмат, таъмин намудани артиш бо техникаву таҷҳизоти муосири ҳарбӣ ва беҳтар намудани шароити иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷумлаи тадбирҳое буданд, ки ба баланд гардидани иқтидори мудофиавии кишвар мусоидат кардаанд. Дар баробари ин, таваҷҷуҳ ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси ҳарбӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи мудофиаву амният низ густариш ёфт.

Нақши Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллии кишвар басо арзанда ва шоистаи таҳсин аст. Муттаҳид сохтани тамоми сохторҳои низомиву қудратӣ дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳ бевосита ташаббуси хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат баҳри пойдории сулҳу суботи сартосарӣ мебошад.

Имрӯз Артиши миллии Тоҷикистон рисолати худро дар самти ҳифзи амнияту суботи ҷомеа ва марзу буми кишварро бо садоқату сарбандӣ иҷро намуда истодааст. Ин дастовардҳо самараи сиёсати пайгирона ва таваҷҷуҳи доимии Роҳбари давлат ба масъалаҳои мудофиа буда, дурнамои рушду пешрафти кишвари азизамон дар оянда ба ҳисоб меравад.

Имрӯзҳо, ки Артиши миллӣ 33–солагии худро таҷлил мекунад, метавонем, бо ифтихору сарфарозӣ изҳор намоем, ки нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёд ва таҳкими Артиши миллӣ таърихӣ ва сарнавиштсоз аст. Маҳз иродаи устувор ва талошҳои шабонарӯзии Сарвари давлат боис гашт то Тоҷикистон имрӯз ба чунин дастоварду музаффариятҳо ноил гардад. Инчунин дар роҳи таъмини суботу оромӣ ва пойдории Истиқлоли давлатӣ саҳми фарзандони фарзонаву сарсупурдаи Ватан–хизматчиёни ҳарбиро низ бояд қадр намуд ва ба онҳо пайравӣ кард. Кору фаъолияти онҳо баҳри насли ҷавони кишвар намунаи беҳтарини ибрат дар роҳи ватандӯстиву ватандорист!

 

Умед ТОҲИРЗОДА,

Комиссари ҳарбии шаҳру

ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ,

полковник

Previous Post

ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ЗЕРИНИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

Next Post

АРТИШ ТАКЯГОҲИ ДАВЛАТ ВА СИПАРИ МИЛЛАТ АСТ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ХИЗМАТ БА ВАТАН–МОДАР САРЧАШМАИ ИФТИХОРУ МАСЪУЛИЯТИ ҶАВОНМАРДИСТ!

АРТИШ ТАКЯГОҲИ ДАВЛАТ ВА СИПАРИ МИЛЛАТ АСТ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА

14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА

14.03.2026
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ КОМИССИЯИ ДАЪВАТИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ БАҲОРИИ СОЛИ 2026 БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ КОМИССИЯИ ДАЪВАТИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ БАҲОРИИ СОЛИ 2026 БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

14.03.2026
ҶАМЪОМАДИ ТАЪЛИМИИ ЯКРӮЗА БО КОМИССАРОНИ ҲАРБИИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ МАМЛАКАТ

ҶАМЪОМАДИ ТАЪЛИМИИ ЯКРӮЗА БО КОМИССАРОНИ ҲАРБИИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ МАМЛАКАТ

13.03.2026
ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ НАМОЯНДАГОНИ ВАО АЗ ҶОНИБИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ НАМОЯНДАГОНИ ВАО АЗ ҶОНИБИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

11.03.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook