Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати Мудофияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ШУКУФОИИ КИШВАР АЗ ВАҲДАТ АСТ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
25.06.2021
in Хабар
0
ШУКУФОИИ КИШВАР АЗ ВАҲДАТ АСТ
0
SHARES
77
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некӯаҳволии халқамон ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватани маҳбубамон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Конференсияи илмӣ-назариявию амалӣ

27-уми июни соли равон аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 24 сол сипарӣ мегардад. Воқеан имзои ин ҳуҷҷати тақдирсоз дар ҳаёти минбаъдаи миллат дигаргуниҳои куллиро ба вуҷуд овард. Дар муддати начандон тӯлонӣ миллати мо ба дастовардҳою комёбиҳои назаррас ноил гардид. Меваи шаҳдбори ваҳдат буд, ки имрӯз ҳар фарди тоҷикистонӣ метавонад, озодона кору фаъолият намояду зиндагии созгореро баҳри худ муҳайё созад.

Бо ин мақсад чанде қабл дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявию амалӣ дар мавзӯи «Шукуфоии кишвар аз ваҳдат аст», баргузор гардид. Конференсия бо садо додани Суруди миллӣ ифтитоҳ ёфт ва нахуст сардори Донишкадаи ҳарбӣ полковник Ҳафиз Азиззода ҳайати меҳмононро ба ин боргоҳи илму маърифати низомӣ хайрамақдам гуфта, ба кори конфронс комёбӣ таманно намуд.

Рудобаи Мукаррам- раиси Кумитаи иҷроияи ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар сухани табрикотии худ қайд намуд, ки сулҳу ваҳдат ба осонӣ ба даст наомадааст. Ба ивази  расидан ба ин ҳама субботу оромӣ садҳо фарзандони ғаюру диловари меҳан ҷоннисориҳо намуданд. Бинобар ин моро мебояд, ки ба қадри ин ҳама ободиву гулгулшукуфоиҳо ва ин неъмати бебаҳо беш аз ҳарвақта бирасем.

Дар идомаи конфронс як қатор меҳмонон аз ҷумла, Зубайдулло Давлатов-сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзошорух Асрорӣ-корманди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳовиддинови АМИТ, Зарнигор Раҷабова-муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон дар мавзуъҳои марбут ба ваҳдати миллӣ маърӯзаҳо намуда, саҳми Пешвои миллатро дар расидан ба ин ҳама оромиву суббот баланд арзёбӣ намуданд.

Дар ҷараёни конфронс зикр гардид, ки дар дунё зиёда аз 200 давлат арзи ҳастӣ мекунад ва мусаллам аст, ки ҳар яке аз он давлатҳоро роҳбароне идора мекунанд. Аммо қисмати ниҳоят ками онҳо пешвоянду дар ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта гардидаанд. Таҷрибаи сулҳи тоҷиконро давлатҳои ҷаҳон мавриди омӯзиш қарор додаанд. Имрӯз ҳатто дар бузургтарин донишгоҳҳои олам аз қабили Оксфорд ва Кембриҷ таҷрибаи сулҳи тоҷикон омӯхта мешавад. Воқеан ин омил барои мо мояи ифтихору сарфарозии волост.

Ҳабибҷон Мирзоев-устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Аҳамияти байналмилалии сулҳи тоҷикон» маърӯза намуда, изҳор дошт, ки коршиносони соҳа каҳрамониҳои Пешвои миллатро дар самти расидан ба ваҳдат бо собиқ Президенти ИМА Теодор Рузвельт қиёс намудаанд, ки ӯ низ барои давлаташ корҳои назаррасеро ба сомон расонидааст.

Ҳангоми таҳлилу баррасии мавзуъҳои марбут ба кори конфронс қайд карда шуд, ки дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз қадим қоидае роиҷ аст, ки Президент ҳар охири сол дар ҳузури шаҳрвандони кишвараш аз фаъолияти яксолааш ҳисобот медиҳад ва нақшаву дурнамояшро барои як соли оянда ба самъи мардум мерасонад. Теодор Рузвельт собиқ Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳангоме, ки субҳ барои ҳисобот додан аз хона берун мешавад, ба ҷонаш сӯйиқасд мекунанд. Дар беморхона табибон ва муҳофизонаш мехоҳанд ӯро аз рафтан ба ҷаласа боздоранд, зеро вазъи саломатиаш каме вазнин арзёбӣ мегардид. Аммо ӯ бо исрор қайд мекунад, ояндаи Амрико аз суханронии имрӯзаи ман вобастагии амиқ дорад. Ба маҷлиси ҳисоботӣ ҳамагӣ панҷ дақиқа дер мекунад. Баробари ворид шудан ба толор суханро чунин оғоз мекунад: «Узр, ки панҷ дақиқа дер кардам. Сабаби дер карданам он буд, ки ба ҷонам сӯйиқасд карданд». Айнан чунин ҳолат солҳои 90-уми асри гузашта, бо Президенти тозаинтихоби Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ рух дода буд. Қарор буд, ки дар яке аз толорҳои бошукӯҳи таърихии мамлакат бо мардум вохӯрӣ анҷом дода шавад. Пеш аз оғози ҷаласа нотавонбинони миллат ба ҷони Президент сӯйиқасд анҷом медиҳанд ва ӯ захмдор мешавад. Баъди ҷарроҳӣ табибон ӯро барои худдорї аз њар гуна њаракат ва бањри идомаи табобат водор месозанд.

Аммо Пешвои муаззами миллат ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, бо љисми пурзахм, лек нерӯйи қавиву иродаи мустаҳкам вориди толор мешаваду бо мардум мулоқот мекунад. Воқеан солҳои ҷанги шаҳрвандӣ Тоҷикистон дар як вазъияти ниҳоят печида ва мураккаб қарор дошт. Нафаре лозим буд, то миллатро аз ин ҳолати ногувор раҳоӣ бахшад. Эмомалӣ Раҳмон-фарзанди содиқи меҳан аз миёни халқ баромад ва ба мардум қавл дод, ки то дар Тоҷикистон сулҳу суббот ҳукмрон нагардад, ман худамро осуда эҳсос намекунам. Дар ҳақиқат ин абармарди таърих дар вадаи худ содиқ монд ва имрӯз мо дар фазои сулҳу ваҳдат ба сар мебарем, иброз гардид дар конфронс.

Аз ин рў изњор карда шуд, ки чунин қаҳрамониҳову ғамхориҳо нисбат ба халқу миллат сутуданист. Пас моро месазад, ки ҳамеша дар паҳлуи Пешвои миллат бошем ва барои пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол камари ҳиммат бубандем.

Дар фарҷоми конфронс ҳайати иштирокчиён аз ҷониби раёсати донишкадаи ҳарбӣ бо сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд ва чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ анҷом ёфт.

 

Шоҳин ШАРИФОВ,

рӯзноманигор      

    

Previous Post

ТЕРРОРИЗМ: ПАЙДОИШ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН

Next Post

ҲОКИМИ МАЙДОНИ ҲАРБ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ҲОКИМИ МАЙДОНИ ҲАРБ

ҲОКИМИ МАЙДОНИ ҲАРБ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

26.01.2023
МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

25.01.2023
РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

24.01.2023
ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

20.01.2023
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2014 - All Rights Reserved.ME
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook
  • Mix.tj