Шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон», на танҳо дар таърихнигории ватанӣ, балки дар миқёси кишварҳои хориҷӣ низ шуҳрату шаҳомати беандозаро дорад.Бесабаб нест, ки шоҳасари «Тоҷикон» дар илми ховаршиносии Шӯравӣ падидаи ниҳоят муҳим ва навгонии беназир мавриди эътироф гардидааст. Зимнан, иқрор шудан ҷоиз аст, ки аксари муҳаққиқони ватанӣ ва хориҷӣ ба он ақидаи комилан дурусти илмӣ ва ҳаётии шоҳасари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров аз ҷиҳати масъалагузорӣ, таҳқиқу пажӯҳиш, таҳлилу муқоиса ва хулосаву ҷамъбаст аз дигар асарҳои илмиву тадқиқотӣ ба куллӣ фарқ мекунад ва он дар сатҳи ниҳоят баланди илмиву эҷодӣ таълиф ёфтааст.
Ҳатто муҳаққиқ дар он масъалаҳои муҳим ва тадқиқталаберо, ки мавриди баррасӣ ва таҳқиқи проблемавӣ гузоштааст, ба муҳаққиқони оянда роҳи васеъ мекушояд ва ҳамзамон, муайян месозад, ки тадқиқотчиёни ҷавон ба кадом масъалаҳои мубрам ва тадқиқталаб бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Аз ин лиҳоз, шоҳасари «Тоҷикон» ба доираи васеи муаррихони тоҷик ҳамчун қутбнамои корҳои илмиву тадқиқотӣ аз таърихи халқи тоҷик ба шумор меравад.
Бобоҷон Ғафуров то рӯзҳои вопасини зиндагии худ пайваста машғули тавзеҳ ва такмили асари асосиаш-«Тоҷикон» буд. Дар бадали 30 соли кори эҷодии худ дар сари таърихи халқи тоҷик, Б. Ғафуров ҳаҷми асарашро се марортиба зиёд намуда, онро аз як китоб ба ду китоб мерасонад. Ин асар, ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Маскав шаш маротиба ба табъ расидааст. «Тоҷикон» на танҳо аз ҷиҳати ҳаҷм ва гунҷоиш, балки бештар мазмунан низ ғанӣ ва пурра гардидааст. Академик Бобоҷон Ғафуров китоби худро пурра намуда, орзу дошт, ки «Тоҷикон» ҳарчӣ зудтар ба забони тоҷикӣ нашр шуда, дастраси доираи васеи хонандагон гардад, вале ин орзуи олим пас аз маргаш ҷомаи амал пӯшид. Ҳангоми ба чоп омода намудани «Тоҷикон» ба забони тоҷикӣ бо дарназардошти афзоиши ҳаҷми нашрия (75 ҷузъи чопӣ, бо сабабҳои техникӣ), муҳаррири масъули китоб-Аҳрор Мухторов мувофиқи ризоияти муаллиф асарро ба ду ҷилд тақсим намудааст. Воқеан, ҷилди аввал, чаҳор фасли нахустинро (то асри 16), ҷилди дуюм бошад, давраи аз асри 16 то ғалабаи Инқилоби Октябрро дар бар мегиранд. Дар соли 1983 нашриёти «Ирфон» китоби якум ва дар соли 1985 бошад, китоби дуввуми «Тоҷикон»-ро ба хонандагони деринтизор тақдим намудааст. Бобоҷон Ғафуров ҳангоми ба забони тоҷикӣ тайёр кардани асари худ, маълумотҳои манбаъҳо ва тадқиқотҳои гуногунро то аввали соли 1977 моҳирона истифода бурда, иловаҳои эҷодӣ ва тасҳеҳ ворид намудааст.
Муҳаққиқон таъкид месозанд, ки Бобоҷон Ғафуров дар шоҳасари «Тоҷикон» тарзу усули нигориши ҷаззоб ва дилфиребро куллан риоя намудааст ва асари мазкур ҷанбаи пурқуввати илмии академиро соҳиб шудааст, вале бо вуҷуди он, асар бевосита ба тариқи оммафаҳм нигошта шудааст ва шахси андак босавод, онро мутолиа намуда, аз он пурра баҳраманд шуда метавонад. Зимнан, тарҷумаи тоҷикии асар (нашри солҳои 1983, 1985) бори дигар равонии тарзу усули нигориши ин шоҳасарро собит менамояд. Бешаку шубҳа, хусусияти умда ва хоси олими мумтоз-Бобоҷон Ғафуров дар он таҷассум меёфт, ки ӯ аз сарчашмаҳои хаттӣ, манбаъҳои сершумори таърихӣ, санаду ҳуҷҷатҳои нодир, асноди бойгонӣ ва амсоли он васеъ ва ба мавқеъ истифода мебурд.
Масалан, муҳаққиқи заҳматкаш ва тозакор танҳо дар ҷараёни таълифи нашри тоҷикии «Тоҷикон» беш аз 2000 номгӯйи сарчашмаҳои ватаниву хориҷӣ, монографияҳо, брошюраҳо ва мақолаҳои илмиро самаранок истифода бурдааст, ки аз онҳо, 367 ададашон ба қалами олимони хориҷӣ мутааллиқ мебошанд, ҳатто барои дастрас намудани баъзе аз онҳо худаш махсус ба хориҷа сафар карда, онҳоро бо машаққатҳои зиёд мутолиаву коркард намудааст.
«Тоҷикон» аз ҷумлаи китобҳои муқаррарӣ нест, он таърихи сеҳазорсолаи халқест, ки роҳи дуру дарозеро тай намуда, қариб дар ҳар як марҳилаи таърихӣ барои ҷисман зинда мондан, барои осори маданиашро ҳифз намудан, барои ҳаққу ҳуқуқи маънавияшро барқрор намудан пайваста мубориза бурдааст. Ба қавли комили академик Акбар Турсон, он асарест, ки худи ҳозир ба китоби рӯйимизии ҳар як фарди тоҷик табдил ёфтааст, онро аллакай мардум дар мағозаҳо кофта мегарданд, якбора чанд нусха харида, ба фарзандон ва хешовандонашон тақдим менамуданд.
Воқеан, ин асари нодир ба аксарияти олимони шарқшиноси ватанӣ ва ховаршиносони хориҷӣ таассуроти оламшумул бахшида, Тоҷикистонро ба худаш ва берун аз он шинос намуд. Ин асар бо теъдоди 10 ҳазор нусха дар Маскав нашр шуда, мутаассифона, теъдоди ками он ба Тоҷикистон расид. Вале, дӯконҳои китобфурӯшӣ ин китобро «зери остин» фурӯхтанд.
Зикри он саривақтӣ аст, ки чӣ муҳаққиқону муаррихон, адабиётшиносону фарҳангшиносони дохилӣ ва чӣ коршиносону сиёсатмадорони хориҷӣ ба шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров тақризҳои илмию адабӣ иншо намуда, онро падидаи нави замон ва навгонии бемисли даврон арзёбӣ намудаанд. Боиси тазаккур аст, ки саргузашти рангин ва қадамҳои ҷасуронаи шоҳасари «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуровро ёдрас намудан боиси ифтихори тоҷикон аст. Бино бар нақли доктори илмҳои таърих-Гулрӯз Наврӯзов, мавсуф ба ватанаш Ишкошим меравад ва зимнан ба аёдати ҳамсояаш мӯйсафеди 82 сола рафта, дар тааҷҷуб мемонад. Ҳамсояи пираш гарчанде бемори бистарӣ бошад ҳам, вале дар даст «Тоҷикон»-и Б. Ғафуровро нигоҳ медошт.Сониян, Г. Наврӯзов сабаби китобдории беморро мепурсад. Мӯйсафед посух медиҳад, ки «Агар ҳамин китобро аз дасти худ дигар ҷо гузорам, дарди ман боло мегирад». Бале, маҳз «Тоҷикон» давои дарди бедармони чандинасраи тоҷикон гардида будааст.
Шоҳасари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар ҳаёти илмиву фарҳангии на танҳо кишварамон, балки Иттиҳоди Шӯравӣ ҳодисаи намоёне гардид ва дар саҳифаи рангини таърихшиносии Шӯравӣ бо хати заррин сабт ёфтааст. Аҳамияти илмию амалии асари ҷамъбастии академик Б. Ғафуров танҳо бо он, ки вай яке аз тадқиқотҳои бунёдӣ ва муҳташам доир ба таърихи халқҳои Осиёи Миёна мебошад, маҳдуд намегардад. Асари мазкур умуман дар таҳқиқу баррасии таърихи иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии тамоми Машриқзамин саҳми бориз ва арзанда мегардад. Далели аз тарафи аҳли илм эътироф шудани маҳсули меҳнатии олими тоҷик аз он иборат, ки ба «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров таърихшиносон, бостоншиносон, ховаршиносони номии Шӯравӣ, аз қабили, академикҳо Б. Б. Пиотровский, А. П. Окладников, М. П. Ким, Е. М. Жуков, И. И. Минс, М. А. Коростовсев, А. Л. Нарочнитский ва олимони шинохтаи тоҷик, академикҳо Б. Искандаров, С. А. Раҷабов, аъзо-корреспонденти АИ Тоҷикистон А. Мухторов, бостоншиноси номӣ, В.А. Ранов, адабиётшиноси маъруфи тоҷик, Х. Мирзозода, файласуфи кайҳоншиноси сатҳи ҷаҳонӣ, А. Турсон ва дигарон тақризҳои илмиву эҷодӣ иншо намуда, ба он баҳои баланд доданд. Чунончӣ, дар тақризи худ ба ин асар, академикҳо А. П. Окладников ва Б. Б.Пиотрвский чунин навиштаанд:«Мо дар даст тадқиқоти нави ҷамъбастии олимро дар ҳудуди 60 ҷузъи чопӣ дорем. Ин асари Бобоҷон Ғафуров натиҷаи заҳмат ва тадқиқотҳои бештар аз 30-солаи ӯ дар ин мавзӯъст, барҷастатарин қисми фаъолияти илмии вай аст…Бобоҷон Ғафуров дар асари худ соҳиби истеъдоди фавқулодаи ба роҳбарӣ гирифтани методологияи марксистӣ-лениниро собит менамояд». Яке аз бостоншиносони барҷасати Шӯравӣ, академики АИ ИҶШС, Қаҳрамони меҳнати мотсиалистӣ, лауреати мукофоти давлатии ИҶШС А. П. Окладников, ки дар таҳқиқи таърихи бостонии халқҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла, тоҷикон саҳмгузорӣ намудааст, дар рӯзномаи «Известия» доир ба «Тоҷикон» чунин навишта буд: «Рисолаи муҳташаму бунёдии Б. Ғафуров дониши моро доир ба таърих ва анъанаҳои яке аз халқҳои қадимтарини мамлакати мо-тоҷикон ғанӣ мегардонад ва ҳиссаи арзанда дар омӯзиши таърихи Ватан аст».
Бесабаб нест, ки зумраи зиёди олимони маъруф ва мутафаккирони барҷастаи ҷаҳон ба хидматҳои бузург ва кору пайкори беназири аллома Бобоҷон Ғафуров баҳои баланд додаанд. Пиромуни китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров ховаршиносони машҳури ҷаҳон, ба монанди Ричард Фрай, Иржи Бечка, Манфред Лоренс, Шоши Бушан, Нурул Ҳасан, Файз Аҳмади Файз, Ҳасани Дон, Сайид Муҳаммади Ҳаким ва чанде дигарон тақризҳои илмиву эҷодӣ ва ихтисосӣ таълиф намуда, арзиши баланд ва бебаҳои онро мавриди баҳс ва баҳогузорӣ қарор додаанд.
Китоби «Тоҷикон» дар хориҷи кишвар низ шуҳрат ёфта, дар байни шарқшиносони маъруфи хориҷӣ бо истиқболи гарм пазируфта шуд. Ба ин китоб, дар ИМА, Олмон, Чехословакиё, Ҳиндустон, Афғонистон, Покистон ва дигар кишварҳо тақризҳои мусбати илмиву эҷодӣ ба чоп расиданд. Яке аз донишмандони маъруфи таърих ва фарҳанги Шарқ, муаллифи асарҳои «Мероси Эрон», «Бухоро» профессори Донишгоҳи Гарвард Ричард Фрай (ИМА) дар маҷаллаи «Америка ҳисторик-эл ревю» («Ахбори муаррихони Амрико») мақолае таҳти унвони «Академик Бобоҷон Ғафуров ва «Тоҷикон»-ро навишта, ба китоб чунин баҳои баланд медиҳад:«Беназирии академик Б. Ғафуров дар таҳқиқи масъалаҳои марбут ба Осиё на танҳо аз он аст, ки ӯ фарзанди миллати тоҷик аст. Ӯ директории Институти шарқшиносии АИ ИҶШС-бузургтарин маркази ховаршиносие мебошад, ки таҳти раёсаташ дар кӯтоҳтарин муддат муваффақиятҳои гӯшношунидро ноил гаштааст. Агар зарурати тарҷумаи инглисии ягон асари русии оид ба мавзӯи Осиёи Марказӣ пеш ояд, бешак, он «Тоҷикон» аст». Инчунин, ховаршиноси маъруфи чех, доктор Иржӣ Бечка ба шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров баҳои баланд ва ҳаққонӣ додаст:«Тоҷикон» на танҳо ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон, балки таърихи тамоми тоҷикони Осиёи Миёна, ҳамчунин, қисмати бузурги Афғонистони имрӯзаро фаро гирифтааст. Аз ин лиҳоз, асар на танҳо барои халқи тоҷик, инчунин, барои донистани таърихи инкишофи тамоми халқҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти басанда дорад». Ба ғайр аз он, муаррих ва муҳаққиқи намоёни Афғонистон, профессори риштаи таърихи Донишгоҳи Кобул, доктор Ҷалолиддин Сиддиқӣ ба мазмун ва муҳтавои шоҳасари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров эътибори бевосита равона намуда, саҳми барҷастаи муаллифро нишон медиҳад, ки шоистаи гуфтор ва таҳсин буда метавонад:«Китоби «Тоҷикон» дар воқеъ асарест, ки дар он муборизаи халқи тоҷик бо халқҳои дигари бародари Хуросонзамин ва Мовароуннаҳр зидди ситам ва бедодгариҳои низомҳои гуногуни феодалӣ ба хубӣ акс ёфтааст. Ва фарозу дурудҳои ин халқро аз адвори хеле куҳан то асри ҳозир ба хубӣ ва диққати олимона баён доштааст». Президенти Анҷумани покистонии «Ҳамдард Нэшвил фаундейшен» Ҳалим Муҳаммад Саид нақши илмиву адабии академик Бобоҷон Ғафуровро дар фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳонӣ эътироф намуда, чунин иброз медорад:«Б. Ғафуров дар тадқиқоти тамаддуни Осиёи Марказӣ-Покистон, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Муғулистон ва қисме аз ҳудуди иттиҳоди Шӯравӣ, аз зумраи нахустин муҳаққиқон аст. Фаъолияти ӯ дар омӯзиши ин масъала сабаби дар ЮНЕСКО ташкил ёфтани бастҳои (сексияҳо) алоҳида гардид. Бесабаб нест, ки саҳми бузурги илмии Б. Ғафуровро бо олимони бомаҳорати ҷаҳонӣ дар як қатор мегузорад». Фарзанди фарзонаи қирғиз, мутафаккири сатҳи ҷаҳонӣ, Чингиз Айтматов дар бораи шуҳрату шаҳомати ҷаҳонии академик Бобоҷон Ғафуров чунин андешаронӣ намудааст, ки он самимонаву ҷасоратмандона аст:«Бобоҷон Ғафуров аз бузургтарин симоҳои илми ҷаҳонӣ буда, бо ҷустуҷӯҳои доманадор, бо ғурури баланди худшиносӣ ва талошу орзуҳо, тавонист миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни хеш-тоҷиконро дар сафҳаи таърихи ҷаҳониён муаррифӣ созад. Дар солҳои фаъолияти ӯ (дар давраи интернатсионализми байналхалқӣ) навиштани китоби «Тоҷикон», бешак қаҳрамонист. Ман гумон мекунам, ки на ба ҳама муҳаққиқ таълифи чунин шоҳасар насиб мегардад».
Академики Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон Муҳаммадҷон Осимӣ пиромуни хизматҳои арзандаи ин марди хирадманд ва мутафаккири барҷастаи Машриқзамин чунин ибрози ақида намудааст, ки ҳақ бар ҷониби ӯст: «Тақдири миллат ва ҳифзи шаъну шарафи он то нафаси вопасин Бобоҷон Ғафуровро ором намегузошт. Ҳар гоҳ, ки дар бораи хизматҳои шоистаи Бобоҷон Ғафуров дар назди миллати худ сухан меравад, пеш аз ҳама, шоҳасари ӯ «Тоҷикон» пеши чашмамон ҷилвагар мешавад. Як худи ҳамин асар кофист, ки номи Бобоҷон Ғафуров дар саҳифаҳои таърихи халқамон бо ҳарфҳои заррин сабт шавад. Ва ҳол он ки тамоми фаъолияти бошууронаи Бобоҷон Ғафуров дар роҳи ҳифзи шаъну шараф, баланд бардоштани обрӯю эътибори миллати тоҷик равон шуда буд».
Умуман, асари Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби аҳли илм як хел қабул нашуда буд. Якчанд нафари олимон, ки аққаллиятро ташкил мекарданд, доду фарёд бардоштанд. Ҳатто ба муаллиф туҳмат карда, дар саҳифаи матбуот баромад карданӣ шуданд. Яке аз ин навъ олимон бостоншиноси ленинградӣ, Вадим Массон буд. Б. Ғафуров ба ин қабил олимон ҷавоби сазовор дода, асарашонро муҳофизат карда тавонистанд. Аксарияти олимони нотавонбин ва худхоҳу ботаккабур аз устод ҳарос мекарданд. Устод ба Аҳрор Мухторов боре гӯшзад карда буданд, ки ман боре бо В. Массон дар роҳрави Институт рӯ ба рӯ омада будам. Ӯ аз наздикшавӣ бо ман ҷуръат накарда, ба кадом як утоқи корӣ сар халонида, даромада худро аз ғазаби ман халос намуд.
Ибрози он андеша низ мусаллам аст, ки доир ба шоҳасари Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» дар баробари бештар тақризҳои мусбат, инчунин баъзе фикру андешаҳои манфӣ низ нашр гардиданд. Масалан, доир ба асари Бобоҷон Ғафуров дар маҷаллаи «Гулистон» (орграни расмии Ҳизби коммунистии Ӯзбекистон) тақриз ба забони ӯзбекӣ таҳти унвони «Таърих ва замон» нашр мегардад. Муаллифи он, дар тақриз ақидаҳои таърихии Бобоҷон Ғафуровро ақидаи буржуазӣ ном бурда буд. Вале, Бобоҷон Ғафуров офаридаҳои худро ҳамавақт бо санаду далелҳои эътимоднок ҳимоя мекард. Чуноне муҳаққиқон таъкид месозанд, ки «ба миён омадани асари бебаҳои Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» дар илм такони наверо ба вуҷуд овардааст. Баъзе олимони таҳрифкор аз чунин асари пурарзиш доду валвалаҳои беасос бардошта, онро бепоя нишон доданӣ мешуданд. Маҳз тавоноии олими дақиқназар даъвои беасоси даъвогарони бефакту далелро дарун шинонида, ба оташи ғазабашон оби сард рехт…».
Агар «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров асари фундаменталӣ намебуд, ба чандин забонҳои олами мутамаддин тарҷума ва аншр намегардид. Шоҳасари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба забонҳои гуногуни дунё тарҷума ва нашр шуда, шуҳрати ҷаҳонии он боз ҳам афзун гардид. Чунончӣ, дар соли 1977 «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба забони ҷопонӣ ва дар соли 1978 бошад, дар Варшава ба забони полякӣ аз чоп баромад. Соли 1984 дар Кобул «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро муаррихи маъруфи Афғонистон-Ҷалолиддини Сиддиқӣ аз рӯйи китоби якуми чопи Душанбе ба нашр ҳозир намуд. Баъд, бо саъю кӯшиши ин олим, китоби дуюми «Тоҷикон» омодаи нашр шуда, ба хонандагон ва ҳаводорони арҷманди тоҷики Ҷумҳурии исломии Афғонистон дастрас мегардад. Мутафаккири машҳури афғон, собиқ раиси Китобхонаи Академияи илмҳои Афғонистон, Дӯстмуҳаммад Парвонӣ ба хидматҳои профессор Ҷалолиддин Сиддиқӣ, ки «Тоҷикон»-ро бо сифати баланд баргардон намудааст, баҳои ҳаққонӣ медиҳад:«Зимнан, «Тоҷикон», ки бо эҳтимоми олими шинохтаи мо, Ҷалолиддин Сиддиқӣ танзим ва ба ҳуруфоти арабӣ гардонида шуда, чоп гардид, воқеаи бузурге буд дар ҳаёти илмию фарҳангии Афғонистон. Асаре, ки ба забони хеле фаҳмо иншо гардидааст, ба хонандаи афғон перомуни таъриху фарҳанги муштараки мо сарчашмаи бебаҳои дониш аст».
Мувофиқи матлаб он аст, ки хушбахтона, пас аз чанд даҳсолаҳо аз намудҳои русиву тоҷикии шоҳасари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, ба қарибӣ бори нахуст аз ҷониби рӯзноманигори хушсалиқа ва тарҷумони варзидаи ӯзбек, Ҳасан Бердиқулов бо маҳорати баланд тарҷума ва нашр шуда, ба хонандагони ӯзбекзабон дастрас мегардад. Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар тарҷумаи Ҳасан Бердиқулов дар ду ҷилд, дар ҳаҷми 1523 саҳифа ва қариб 300 аксҳои гуногуни таърихӣ нашр шудааст. Бино бар таъкиди тарҷумони нашри ӯзбекии ин шоҳасар-Ҳасан Бердиқулов, «тарҷумаи асар ба забони ӯзбекӣ аслан дар такая ба нусхаи русии он сурат гирифтааст, он аз ҷониби аҳли зиёи кишвар, хусусан олимони маъруфи ҷумҳурӣ якдилона пазируфта шудааст. Алалхусус, даҳ нафар муҳаққиқони варзида ва намоёни ватанӣ ба ин шоҳасар тақриз навишта, нашри онро якдилона ҷонибдорӣ намуданд».
Маҳз дар даврони Шӯравӣ ба асарҳои худ гузоштани унвони «Тоҷикон» кори бениҳоят душвору мураккаб ва иҷронашаванда маҳсуб меёфт, вале фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, академик Бобоҷон Ғафуров ин кори душвору сангинро бо фахри баланди миллӣ анҷом дода, ба шоҳасари хеш номи «Тоҷикон»-ро гузошт, ки онро ҷасорати беҳамто ва қаҳрамонии нотакрор номидан мумкин аст. Бесбаб нест, ки Президенти муҳтарами ҷумҳуриамон, муҳатарм Эмомалӣ Раҳмон нашри «Тоҷикон»-ро дар он давра ҷасорату матонати бузург номида, ба он чунин баҳои ҳаққонӣ медиҳанд: «Тоҷикон» воқеан, шиносномаи миллат аст. Ин шоҳасари безавол, ки самараи меҳнати сӣ солаи олим аст, аз ҷумлаи тадқиқоти бунёдӣ ва фарогирандаи таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ин асар, бар ҳақ, китоби рӯйимизии ҳар як фарди соҳибмаърифати тоҷик мебошад ва барои худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст».
Бесабаб нест, ки ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бо номи ин абармарди миллат сидқан фахр мекунанд ва номи оламгири ӯ бо шоҳасараш «Тоҷикон» вирди забони на танҳо халқи тоҷик, балки тамоми мардуми олами мутамаддин гардидааст.
Юсуфи ШОДИПУР,
н.и.т., дотсенти кафедраи таърихи
халқи тоҷики ДМТ,
аълочии маорифи Тоҷикистон