Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ШОМИЛШАВИИ АФСАРОНИ ҶАВОН БА ҲАЙАТИ АРТИШИ ТОҶИКИСТОН

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
07.06.2024
in Хабар
0
ШОМИЛШАВИИ АФСАРОНИ ҶАВОН БА ҲАЙАТИ АРТИШИ ТОҶИКИСТОН
0
SHARES
158
VIEWS
Share on Facebook

Инак гурӯҳи курсантон, ки бомуваффақият дарсу таълимоти низомиро дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа аз худ намуда, омодаи хизмат дар сафи Артиши миллӣ мебошанд, ин боргоҳи илми ҳарбиро хатм намуданд. Дар чорабинии пуршукӯҳ ба муносибати хатми навбатии афсарони ҷавон дар ин муассисаи олии касбӣ ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиа, падару модарони курсантон ва афсарону устодон иштирок доштанд.

Чорабинӣ чун оини доимии низомиён бо даровардани Байрақи ҷангӣ ба майдон ва бо садо додани Суруди миллӣ аз ҷониби иштирокчиён оғоз гардид.

Сипас, ҳамаи хатмкунандагон ба сафи пеши майдони баргузории чорабинӣ даъват шуданд, ки дар фазои тантанавӣ ва таҳти навои Оркестри ҳарбӣ-нафасӣ аз ҷониби афсарони олирутбаи Вазорати мудоифаи мамлакат ба онҳо диплом, роҳхат барои кор дар сафи ҷузъу том ва ҳамчун рамзи эҳтирому қадрдонӣ ба хизматҳои падару модарон дар роҳи садоқату саммимияти ватандории фарзандон, ба волидони афсарони ҷавон мактубҳои миннатдорӣ тақдим карда шуд.

Дар ин қисмати чорабинӣ, ки лаҳзаи басо ҳам хотирмону таърихӣ дар ҳаёти онҳо ба ҳисоб меравад, аз ғуруру ифтихори ҳар як хатмкунанда ҳувайдо буд, ки онҳо иҷрои вазифаи афсариро на танҳо рисолати касбӣ, балки рисолати миллии худ дониста, бо садоқат ва ҷасорати ҷавонмардона омодаанд, вазифаҳои бар уҳдаашон вогузоршударо суботкорона амалӣ намоянд.

Хатмкунандагон омодагии ҳамаҷонибаи худро дар назди ҳозирин ва зери Байрақи ҷангии ин муассисаи олии низомӣ бо шарафхониву ибрози садоқат ба Пешвои миллат ва таҳти шиори маъмулу машҳури “Ба халқу Ватан содиқона хизмат мекунем”, баён доштанд.

Дар идомаи қисмати расмии чорабинӣ нахуст вобаста ба таваҷҷӯҳу дастгириҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзоёни оилаҳои онҳо муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, афсарони ҷавон ва дар симои онҳо волидону пайвандони эшонро ба муносибати хатми сарбаландонаи фарзандонашон ва сарфароз гардидан бо рутбаи аввалини афсарӣ табрику муборакбод намуд. Дар такя ба нерӯйи созандаву муҳофизатгаронаи ҷавонон қайд карда шуд, ки афсарони касбие, ки шурӯъ аз имрӯз масъулияти хизмат ба халқу Ватан ва муҳофизати сартосарии ин марзу бумро бар дӯш доранд, бояд сарбозони Ватанро низ дар чунин рӯҳия тарбия намуда, саф ба сафи ҳам бо ниҳоди пок ва дасту бозуи қавӣ дар пайи ҳифз ва андар дифои давлату миллат бошанд.

Тибқи маълумоти сохтори кадрии Вазорати мудофиа хатмкунандагони Донишкадаи ҳарбӣ вобаста ба қобилият ва маҳорати кордонии хеш баҳри иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба ҳайси афсар асосан ба қисму воҳидҳои низомии Вазорати мудоифа, навъҳои қӯшуни Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар ниҳодҳои ҳарбиву қудратии ҷумҳурӣ фиристонида мешаванд. Тавре иттилоъ дорем, Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа дар ибтидои фаъолият дар назди худ ҳадафи таъмини сафи Артиши миллии мамлакат бо кадрҳои баландпояи низомиро дорад, ки ҷиҳати рафъи эҳтиёҷот ба масоили кадрӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ мутахассис омода менамояд.

Маврид ба зикр аст, дар донишкадаи мазкур курсантон дар се факултет ва аз рӯйи 18 ихтиссос ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд, ки баъд аз чор соли таҳсил бо гирифтани рутбаи аввалини афсарӣ, яъне лейтенант дар сафи ҷузъу том ба иҷрои вазифаҳои масъулиятноки низомӣ оғоз менамоянд. Ҳамин тавр, баъд аз гузашти низомии хатмкуннандагон ва дигар ҳайати шахсӣ, дар майдони назди Донишкада чорабинии фарҳангӣ оғоз гардид, ки ҳунармандони ансамбли “Шараф”-и Вазорати мудофиа бо пешниҳоди барномаи васеи консертӣ ва суруду оҳангҳои ватандӯстона табъи ҳозиринро болида гардониданд.

Боқӣ ШАРИФОВ,

майор

Previous Post

КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ ТАЪМИНИ ҚОНУНИЯТ ВА ТАРТИБОТИ ҲУҚУҚӢ

Next Post

ДАРСИ ҶАВОНМАРДӢ ДАР СУҲБАТИ НИЗОМИЁНИ МУСТАЪФӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ДАРСИ ҶАВОНМАРДӢ ДАР СУҲБАТИ НИЗОМИЁНИ МУСТАЪФӢ

ДАРСИ ҶАВОНМАРДӢ ДАР СУҲБАТИ НИЗОМИЁНИ МУСТАЪФӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

23.06.2025
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

22.06.2025
НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2025
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

19.06.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook