Хизмати ҳарбӣ ва фаъолияти пурмасъули низомӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамеша дар партави таваҷҷӯҳи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бобати дастгирии ҳамаҷонибаи хизматчиёни ҳарбӣ ва таҳкими нерӯи мудофиавии кишвар пайваста тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ карда мешавад.

Дар робита ба ин, имрӯз вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолияти яке аз қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои хушкигард дар гарнизони Хатлон боздид ба амал оварда, шароити буду бош, имкониятҳои хизмат ва ҳолати омодагии ҳайати шахсӣ аз наздик дидан намуданд.
Зимни сӯҳбат бо афсарону сарбозон роҳбарияти Вазорати мудофиа аз зарурияти хизмати ҳар як ҷавонмард ба халқу ватан таъкид карда, бо ёдоварӣ аз таърихи гузаштаи халқамон иҷрои ин рисолати пуршарафро аз вазифаҳои муҳиму муқаддаси шаҳрвандӣ арзёбӣ карданд.

Ба афсарону сарбозони қисми ҳарбӣ таъкид карда шуд, ки сазовори бовариву эътимоди Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали арииш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошанд ва бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ вазифаву ӯҳдадориҳои хизматии хешро бо масъулияти баланд иҷро намоянд.







