21 июл вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як қатор қисмҳои ҳарбии ҳудуди вилояти Суғд боздид ба амал оварда, бо шароити хизмату фаъолияти афсарону сарбозон дар қисмҳои низомӣ аз наздик шинос гардид.

Нахуст, боздиди вазири мудофиаи кишвар генерал-полковник Эмомалӣ Собирзода аз қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа ва Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ҳудуди шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Шаҳристон оғоз гардид.

Дар ҷараёни боздид вазири мудофиа бо хобгоҳи сарбозон, ошхонаҳои қисмҳои ҳарбӣ, раванди таъминоти моддӣ — маишӣ, шароити хизмат ва ҳолати омодагии техникаву таҷҳиҳоти низомӣ шинос гардида, бо хизматчиёни ҳарбӣ сӯҳбату вохӯрии судманд доир намуд.

Зимни суҳбат масъалаҳои тарбияи ватандӯстии ҷавонон, хизмати содиқона ба Ватан ва баланд бардоштани рӯҳияи ҳайати шахсӣ мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифта, таъкид карда шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун пойдевори устувори амнияту субот таҳти таваҷҷӯҳи доимии Пешвои миллат, Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Бинобар ин, ҳар як афсару сарбозро зарур аст, ки бо рӯҳияи ватандӯстона ва бо садоқату матонат дар роҳи ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои замони истиқлолият ҳамеша омода бошанд.

Дар фарҷоми мулоқот вазири мудофиа ҳайати шахсии қисмҳои низомии болозикрро ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ табрик гуфта, барояшон саломативу тансиҳатӣ таманно намуд.






