23 июл дар доираи боздиди корӣ аз қисму воҳидҳои ҳарбии гарнизони Суғд вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Эмомалӣ Собирзода аз раванди оғози корҳои сохтмонӣ дар як қатор иншооти нави низомӣ дидан намуд.

Нахуст вазири мудофиа бо оғози корҳои сохтмонии бинои нави Муассисаи давлатии “Мададгори мудофиа”-и Вазорати мудофиа дар вилояти Суғд шинос шуд. Иншооти мазкур бо мақсади фароҳам овардани шароити зарурӣ барои фаъолияти самараноки сохтори дахлдор бунёд гардида, дар раванди корҳои сохтмонӣ ба сифати иҷрои корҳо ва риояи талаботҳои муосир таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Зимни боздид таъкид гардид, ки бунёди иншооти нави низомӣ ва фароҳам овардани заминаҳои зарурӣ барои баланд бардоштани сатҳи омодагии хизматчиёни ҳарбӣ аз самтҳои муҳими таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар ба ҳисоб меравад.

Дар идома вазири мудофиа ба яке аз қисмҳои ҳарбии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ташриф оварда, бо шароити хизмату фаъолияти ҳайати шахсӣ, вазъи омодагии низомӣ ва сатҳи таъминоти моддию техникӣ шинос гардид.

Зимни шиносоӣ ба масъалаҳои риояи интизоми ҳарбӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии касбӣ ва ҷангии хизматчиёни ҳарбӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва фароҳам овардани шароити мусоиди хизмат таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Дар идома, вазири мудофиа ба масъулини дахлдор ҷиҳати иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва таҳкими минбаъдаи омодагии ҳайати шахсӣ маслиҳатҳои муфид дод.






