Санаи 22 май вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал–полковник Эмомалӣ Собирзода дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз рафти корҳои сохтмонии беморхонаи ҳарбӣ шинос гардид.

Қобили қайд аст, ки корҳои сохтмонӣ дар беморхонаи мазкур соли равон оғоз гардида, он дар доираи ҷашни 35–солагии Истиқлолияти давлатӣ ба хотири фароҳам овардани шароити мусоиди ҳифзи солимии аҳолӣ ва хизматчиёни низомӣ бунёд карда мешавад.
Бо ин мақсад дар яке аз мавзеъҳои зебои шаҳри Хоруғ қитъаи муайяни замин ҷудо гардида, корҳои сохтмонӣ бомаром идома дорад.

Баъди пурра сохта ба истифода додани ин иншооти тиббии ҳарбӣ, барои ба табобат фаро гирифтани шаҳрвандони шаҳри Хоруғ ва хизматчиёни низомӣ беҳтарин шароит муҳайё мегардад.





