Имрӯзҳо дар тамоми қаламрави мамлакат чорабиниҳои даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Масаллаҳи мамлакат бомаром ҷараён дорад.
Маврид ба зикри хос аст, ки шаҳри Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба Артиши миллиро пеш аз муҳлат 100% иҷро намуд. Албатта, ин аз масъулиятшиносӣ ва ҳисси баланди ватандӯстии даъватшавандагон ва падару модарони онхо гувоҳӣ медихад.





