29-уми январи соли 2021, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” дар заминаи меъёрҳои қонуни амалкунанда дар тарҳи нав қабул карда шуд, ки он аз 10 боб ва 62 модда иборат мебошад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” дар асоси таҳлилу омӯзиши таҷрибаҳои пешқадами кишварҳои дуру наздики хориҷ таҳия гардида, он вобаста ба талабот ва шароити ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон, мутобиқ гардонида шудааст. Илова бар ин, қонуни мазкур як қатор навовариҳоро вобаста ба тартиби даъват ба хизмати ҳарбӣ, бақайдгирии шаҳрвандон, баланд бардоштани масъулиятнокии онҳо, тартиби адои хизмати ҳарбӣ, мушаххас намудани ваколатҳои мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ намуда, барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ равона шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ чун пештара тибқи талаботи қонуни нав, дар ду мавсим ҷараён мегирад. Яъне, даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз 1-уми апрел оғоз гардида, то охири моҳи май идома меёбад ва даъавти тирамоҳӣ бошад, аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, то охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад. Ҷавонписарони аз 18 то 27-сола, ки муассисаҳои миёнаи умумӣ ва миёнаи касбиро хатм намудаанд, хизмати ҳарбӣ барои онҳо 24 моҳ муқаррар карда шудааст. Тибқи талаботи қонуни мазкур, шаҳрвандоне, ки донишгоҳу донишкадаҳоро бо кафедраҳои ҳарбӣ хатм менамоянд, танҳо баъди 12 моҳи хизмати ҳарбӣ ба онҳо рутбаи аввалини афсарӣ дода мешавад. Зеро, онҳо дар кафедраҳои ҳарбӣ ихтисосҳои гуногунро ба таври назариявӣ аз бар карда, ҳамчун мутахассис ба сафи артиш шомил мешаванд ва дарсҳои назариявиро ба таври амалӣ тақвият бахшида, баъди як соли хизмат сазовори рутбаи аввалини афсарӣ, яъне лейтенанти хурд мегарданд. Ҳамзамон, тибқи талаботи ҳамин қонун, шаҳрвандоне, ки муассисаҳои олии касбиро бидуни омӯзиш дар кафедраҳои ҳарбӣ хатм кардаанд, онҳо низ ба муддати 12 моҳ ба хизмати ҳарбӣ ҷалб мегарданд, вале баъди анҷоми муҳлати хизмат ба онҳо рутбаи ҳарбии то сержант дода мешавад. Шаҳрвандоне, ки ҳангоми таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳо аз ин муассисаи олии таълимӣ хориҷ мешаванд, ҳуқуқи ба таъхир андохтани хизмати ҳарбиро аз даст медиҳанд.
Ҷовид Пирзода-афсари Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суҳбат ин масъаларо чунин шарҳ дод:
“Донишҷӯёне, ки бори аввал дар шуъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои олии кишвар ҳамчун бакалавр ва мутахассис таҳсил менамоянд, муҳлати хизмати ҳатмии ҳарбии онҳо дар ин давра ба таъхир гузошта мешавад. Ҳангоми хориҷ шудан аз донишкадаву донишгоҳҳо шаҳрвандон аллакай ин имтиёзи дар қонунбударо аз даст медиҳанд ва онҳо метавонанд, ки ба хизмати ҳарбӣ даъват шаванд. Он донишҷӯёне, ки дар муддати таҳсил ба рухсатии академӣ мебароянд, онҳо ба хизмати ҳарбӣ даъват карда намешаванд, чунки дар рӯйхати донишҷӯёни ин ё он муассиса қарор доранд ва хориҷ карда нашудаанд. Яъне, онҳо аз меъёри муқаррарнамудаи қонун истифода карда метавонанд”.
Ҳамзамон номбурда ба суоли оё онҳое, ки дар зинаи магистр ва ё докторантура таҳсил менамоянд, ба хизмат ҳарбӣ ҷалб мегарданд ё на? Чунин посух дод: “ Албатта, қонуни мазкур танҳо ду зинаи таҳсилро ба таъхир гузошта аст. Онҳое, ки дар зинаи таҳсили бакалавр ва мутахассис таҳсил мекунанд, муҳлати хизмати ҳарбии онҳо ба таъхир гузошта мешавад. Дигар шаҳрвандоне, ки дар зинаҳои таҳсил, аз ҷумла, магистр, докторантура ва ғайра таҳсил намуда истодаанд, тавассути комиссариатҳои ҳарбӣ ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд”.
Хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, ин як навоварӣ ва шакли нави хизмати ҳарбист. Яъне, шаҳрвандони аз 18 то 27-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи озод шудан ва ё ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, метавонанд ихтиёран ва бо пардохти маблағи муайян, ки андозаи он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июли соли 2021 муқаррар карда шудааст, бо роҳи гузаштани ҷамъомади ҳарбии якмоҳа уҳдадории ҳарбии худро адо намуда, бо гирифтани билети ҳарбӣ ва рутбаи сарбози қаторӣ ба ҳайати захираҳои сафарбарӣ ворид карда шаванд.
-Мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 30-юми июли соли 2021 ва дар асоси моддаи 37-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» андозаи маблағ барои адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар карда шудааст, ки ба ҳисоби имсола, 25200 сомониро ташкил медиҳад.
Шаҳрвандон бо супоридани ариза ба комиссариатҳои ҳарбии назди маҳалли зисташон муроҷиат менамоянд ва пас аз гузаштани комиссияи даъватӣ ва тиббӣ ва қобили хизмати ҳарбӣ дониста шуданашон маблағи пулиро ба суратҳисоби махсуси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода шудааст, пардохт менамоянд.
Шаҳрвандони синни даъватии Ҷумҳурии Тоҷикистон, (ҷинси мард), ки ҳуқуқи ба таъхир гузоштани муҳлати даъват, ё озод шудан аз даъватро надоранд, метавонанд хизмати ҳарбиро тариқи ихтиёрӣ, бо супоридани маблағи пулӣ ва иштирок дар ҷамъомади якмоҳаи ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо намоянд. Ва баъди анҷоми хизмати якмоҳба онҳо билети ҳарбӣ ва рутбаи ҳарбии қаторӣ дода мешавад”,-ин самти масъаларо чунин тавзеҳ дод, Ҷовид Пирзода-афсари Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои масъулини Вазорати мудофиа, маблағҳои пулӣ пеш аз ҳама, барои таъмини амволи шайъӣ, маводи хӯрокворӣ, сӯзишворӣ, лавозимоти ҷангӣ ва дигар намуди таъминоти шаҳрвандоне, ки ба хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ва ба ҷамъомади якмоҳаи саҳроӣ ҷалб мешаванд, истифода шуда, ҳамзамон сарфи маблағи мазкур барои бунёди қисмҳои ҳарбии алоҳида дар ҳудуди гарнизонҳои ҷумҳурӣ, ташкили пойгоҳҳои моддӣ-техникӣ, сохтмони бинову иншооти аҳамияти ҳарбидошта, таъмиру тармими онҳо, маоши афсарону кормандони таълимдиҳанда, хароҷоти маъмурӣ ва баҳри баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии дигар хизматчиёни ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст.
Ин нукта қобили таваҷҷуҳ аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор нафар ҷавонписарони синни даъватӣ, яъне аз 18 то 27-сола ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин теъдод, фоизи хеле кам ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват карда мешаванд. Боқимодаи онҳо тайёрии ҳарбиро намегузаранд. Аз ин хотир, зарурат пеш омад, ки барои ҷалби боқимондаи шаҳрвандони синну соли даъватӣ, ки ҳуқуқи озод шудан ва ё ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ва бо роҳи гузаштани ҷамъомади ҳарбии як моҳа, онҳо низ омодагии дифоиро гузаранд ва дар сурати таҳдиди хатар ба давлат, тайёрии ҷангӣ дошта бошанд.
Дар баробари тарҳи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, ҳамзамон ба қонунҳои соҳавии 5 мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.
Тибқи муқаррароти қонунҳои амалкунанда, барои фаъолият дар ҳайати сохторҳои зертобеи Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиикстон, Гвардияи миллӣ, Қӯшунҳои сарҳадӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти судӣ ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандон минбаъд танҳо баъд аз адо намудани муҳлати муайяни хизмати ҳатмии ҳарбӣ ба кор қабул карда мешаванд.
Қайд кардан зарур аст, ки шаҳрвандоне, ки то қабули қонуни мазкур рутбаҳои ҳарбиро гирифта, дар эҳтиёт қарор доранд, нисбати онҳо ин қонун татбиқ карда намешавад ва талаботи қонунҳои мазкур, танҳо аз санаи қабул, яъне аз 29-уми январи соли 2021 мавриди амал қарор дорад.
Вобаста ба супоридан ва қабули даъватномаҳо аз ҷониби комиссияҳои даъватӣ ва шаҳрвандони синни даъватиро Ҷовид Пирзода чунин баён намуд:“Супоридани даъватномаҳо аз ҷониби комиссариатҳои ҳарбӣ ва кормандони ҷамоатҳои шаҳру деҳот сурат мегирад. Яъне, агар дар қонуни қаблӣ даъватнома танҳо ҳангоми маросими даъват супорида мешуд, дар асоси қонуни нав, даъватномаҳо дар давоми сол супорида мешавад. Ба он хотир, ки комиссариатҳои ҳарбӣ уҳдадор шудаанд,то даъват шудани шаҳрвандони синну соли даъватӣ онҳоро мавриди омӯзиш қарор диҳанд, ба хизмати ҳарбӣ омода кунанд, онҳое, ки саломатиашон ғайри қобили хизмати ҳарбӣ шудааст, барои табобат намудан бозпас гардонанд”.
Ҳамзамон, ба суоли дар сурати ҳозир нашудани шаҳрванд ба комиссияи давлатӣ ва ё саркашӣ намудан аз хизмати ҳарбӣ нисбати ҳамин гуна шахс кадом чораҳо татбиқ карда мешавад? Ҷовид Пирзода чунин посух дод: “Дар қонуни қаблӣ даъватнома танҳо аз ҷониби шаҳрванди синну соли даъватӣ қабул карда мешуд, дар асоси қонуни нав, даъватномаи комиссариати ҳарбиро на танҳо худи даъватшаванда, падар, модар, бародар ва дигар узви оилаи ӯ уҳдадор аст, ки қабул намояд. Дар сурати қабул намудани даъватнома ва наомадан ба комиссияҳои даъватӣ, дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳолати набудани таркиби ҷиноят ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад. Агар, аз ҷониби даъватшаванда, пас аз қабул намудани даъватнома саркашии рӯйрост бошад, яъне рӯйрост аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ намояд, дар асоси Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чунин ашхос ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад”.
—Шаҳрвандони синну соли даъватие, ки уҳдадоранд хизмати ҳарбӣ намоянд, вале бо сабабҳои гуногун берун аз қаламрави кишвар қарор доранд дар ин маврид нисбати чунин ашхос чӣ чораҳо андешида мешавад?
-Дар ҳолате, ки шаҳрванди синну соли даъватӣ дар ҷойи истиқомати худ қарор надорад, дар муҳоҷирати меҳнатӣ ва ё берун аз кишвар қарор дорад, бояд дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз қайди ҳарбӣ худро барорад, дар ҳолати набаровардан аз қайди ҳарбӣ, ки муҳлати он 45 рӯз муқаррар шудааст, шаҳрванд аз қайди ҳарбӣ худро набароварда аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барояд ва ё ба давлатҳои хориҷа сафар намояд ва дар сурати аз ҷониби комиссариати ҳарбӣ пешниҳод намудани даъватнома оид ба ҳозир шудани ӯ ба комиссариати ҳарбӣ, нисбати чунин шаҳрвандон ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ гардидааст”,- иброз дошт номбурда.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” дар баробари мукаммал гардонидани муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта, инчунин як қатор асосҳои ҳуқуқиро барои озод шудан ва ё ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ низ нисбати шаҳрвандон пешбинӣ намудааст.
Моддаи 30. Асосҳои озод кардан аз даъват ба хизмати ҳарбӣ
- Аз даъват ба хизмати ҳарбӣ шаҳрвандони зерин озод карда мешаванд:
1) онҳое, ки бинобар вазъи саломатӣ ғайриқобили хизмати ҳарбӣ дониста шудаанд;
2) онҳое, ки хизмати ҳарбӣ ё хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо намуда истодаанд ё адо кардаанд;
3) онҳое, ки хизмати ҳарбӣ ё намуди дигари хизмати ба хизмати ҳарбӣ баробаркардашударо дар давлати дигар адо мекунанд ё адо кардаанд;
4) онҳое, ки барои содир кардани ҷиноят бо ҳукми суд ба ҷазои аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шудаанд.
- Барои озод шудан аз даъват ба хизмати ҳарбӣ шаҳрвандони зерин ҳуқуқ доранд:
1) онҳое, ки падар (модар) ё бародар (хоҳар)-ашон ҳангоми адои хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок ё бо тартиби ихтиёрӣ дар вазифаҳои сарбозон, сержантҳо, прапоршикҳо ва афсарон ва ё дар давраи гузаштани ҷамъомадҳои ҳарбӣ ҳалок шудаанд ё вафот кардаанд, ё ин ки маъюби гурӯҳи 1 гардидаанд;
2) онҳое, ки дар оила писар (писархонд)-и ягона мебошанд;
3) онҳое, ки унвони илмии номзади илм, доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯи ихтисос, доктори илм ё доктори ҳабилитат доранд.
Моддаи 31. Асосҳои ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ
- Даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ бо асосҳои зерин ба таъхир гузошта мешавад:
1) онҳое, ки бо вазъи саломатӣ муваққатан ғайриқобили хизмати ҳарбӣ дониста шудаанд — ба муҳлати то шаш моҳ;
2) онҳое, ки машғул ба нигоҳубини аъзои оилаи ба кумаки дигар кас эҳтиёҷдошта, ки таҳти таъминоти пурраи давлат қарор надоранд, машғул мебошанд, дар сурати набудани шахсони дигаре, ки дар асоси қонун уҳдадоранд ба аъзои зикргардидаи оила ғамхорӣ намуда, онҳоро таъмин кунанд (ба кумак ва нигоҳубини каси дигар эҳтиёҷдошта он аъзои оила ҳисобида мешаванд, ки ба синни нафақа расидаанд ё маъюби гурӯҳи якум ё дуюм мебошанд, инчунин он аъзои оила, ки ба синни 18-солагӣ нарасидаанд);
3) онҳое, ки хонандаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мебошанд — то гирифтани таҳсилоти пурра;
4) онҳое, ки кӯдаки аз модар маҳрум мондаашонро тарбия менамоянд;
5) онҳое, ки нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст — то қабули қарори қонунӣ.
- Ғайр аз шаҳрвандоне, ки дар қисми 1 ҳамин модда зикр гардидаанд, барои ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ шаҳрвандони зерин ҳуқуқ доранд:
1) даъватшаванда, ки модараш ғайр аз ӯ ду ва зиёда фарзанди ноболиғ дошта, онҳоро бе ҳамсар тарбия менамояд — то ба балоғат расидани фарзанди (писари) дигар;
2) онҳое, ки вакили Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ интихоб шудаанд – дар давраи ваколатҳои вакилӣ;
3) онҳое, ки дар шуъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ барои дарёфти тахассуси дараҷаи “бакалавр” бори аввал таҳсил менамоянд — дар давраи таҳсил;
4) омӯзгороне, ки таҳсилоти олии омӯзгорӣ доранд ва дар вазифаи омӯзгори муассисаҳои таълимоти умумии деҳот кор мекунанд – дар давраи иҷрои ин кор;
5) онҳое, ки таҳсилоти олии тиббӣ доранд ва дар муассисаҳои таълимӣ ё тиббии деҳот кор мекунанд — дар давраи иҷрои ин кор;
6) онҳое, ки ду ва зиёда фарзанд доранд.
Дар воқеъ, бояд тазаккур дод, ки дар шароити имрӯзаи пуртазод ва вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, ки ҳатто давлатҳои пурқудрат ба таҳдиду хатарҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ гашта, буҳрони иҷтимоиву иқтисодӣ, аксари кишварҳои сайёраро номуътадил ва дар як ҳолати ноустувор қарор додааст, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” дар тарҳи нав, ба хусус, дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, мувофиқи мақсад, бо маврид ва саривақтӣ мебошад. Илова бар ин, татбиқи амалӣ ва риояи ҳатмии бобҳо ва моддаҳои қонуни мазкур ба сифати даъвати шаҳрвандон таъсири мусбат расонида, имконият медиҳад, ки аз миёни ҳама табақаҳои аҳолии кишвар ҷавонписарони солиму бардам ва болаёқат интихоб ва ба сафи Артиши миллии мамлакат фиристода шаванд ва дар самти баланд бардоштани иқтидори мудофиавии Тоҷикистони азиз саҳми худро гузоранд.
Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,
сардори Маркази матбуот,
полковник